МУҚИМҶОН АБДУФАТТОЕВ: «ОБРӮ ПУЛ МЕХОҲАД, БРАТАН!»

Мукимчон Абдуфаттоев

Мукимчон Абдуфаттоев

Театр-студияи «Хандинкамон» на танҳо дар ҷумҳуриамон, балки берун аз кишвар низ маъмулу машҳур асту мухлисони худро дорад. Аз ин лиҳоз атрофи бурду бохти «Хандинкамон» бо роҳбари театр-студияи мазкур Муқимҷон Абдуфаттоев сӯҳбатеро омода карда, фишурдаи онро ба мухлисони ҳаҷву ханда пешкаш менамоем. Читать далее

Реклама

СУБҲОН ҶАЛИЛ «АСРОРИ ЗАНҲО»-РО ФОШ МЕКУНАД

Субхон Чалил

Субхон Чалил

8 роҳи пинҳон кардани хиёнат

1. Ҳеҷ гоҳ дар ҷои кор ба ишқварзӣ машғул нашавед. «Барои шикор бояд ба ҷангалҳои бегона ва дур рафт». Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки асрори ишқварзии ҳамкорон ҳатман рӯзе дар ҷои кор ошкор мешавад.

2. Худро гум накунед. Шумо ҳама чиз доред-хона, зан, кӯдак…фақат рангорангӣ мехоҳед. Ба шумо муҳаббат, зани дигар ва боз чанд тифли дигар лозим нест, чунки ҳамаи инро доред. Фақат 1 хоҳиш шуморо ба самти «чап» мебарад. Читать далее

ШОУ БИЗНЕС ДАР РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН

Киркоров - Басков

Киркоров - Басков

Дар Тоҷикистон, ки шоу бизнес шакл нагирифтааст ва сарояндаҳо онро ба маънии туйгардак мефаҳманд, гаронарзиштарин сарояндаро мутобиқи ҳамин меъёр ё ба истилоҳ «критерия»  мешавад муайян кард. Филипп Киркоров ва Николай Басков дигарбора дар садри ҷадвали гаронбаҳотарин ситораҳои шоу бизнеси Русия қарор гирифтанд. Ба иттилои argumenti.ru барномаҳои консертии онҳо аз 100 то 120 ҳазор евро нарх доранд. Соли 2010 низ Киркоров ва Басков мақоми якум ва дуюми рейтингро ба худ ихтисос дода буданд. Читать далее

ШАБНАМУ ФАРЗОНА ЧӢ ГУНОҲ ДОРАНД?

Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

Ростӣ, ошиқи садо ва таронаҳои Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Сурайё Қосимова мебошам. Шояд боварам накунед, аммо бе садои ширину гӯшнавози ин ситораҳои санъати тоҷик зиндагиамро тасаввур карда наметавонам. Охир, воқеан ҳам, суруду мусиқӣ ба кас илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад ва ман бошам, тамоми дарду доғамро бо гӯш кардани сурудҳои Сурайё Қосимова, Шабнам ва Фарзона фаромӯш месозам. Онҳо ҳунари хубу садои марғуладор доранд, ки ин ба ҳама маълум аст. Гарчанде дигарон, яъне санъаткорони навкор ба тарзи сурудхонӣ, ҳаракат ва тарзи либоспӯшии онҳо тақлид мекунанд, аммо боварӣ дорам, ки ҳеҷ кас наметавонад ҷойи ин ҳунармандонро гирад. Читать далее

СИРРИ ЗОДРӮЗИ СОХТАИ НУҚРА РАҲМАТОВА ДАР ЧИСТ?

Нукра Рахматова

Нукра Рахматова

Аз рӯи маълумоти расмӣ дар ҳафтаи аввали моҳи январ ду нафар ҳунарманди шинохтаю дӯстдоштаи мо — Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Оят Сабзалиева зодрӯз доранд. Ба ин муносибат мо бо яке аз соҳибҷашнҳо тамос гирифтем. Фишурдаи сӯҳбат бо бону Нуқраро ин ҷо меорем. Читать далее

СОЛИ 2011: БУРДУ БОХТИ СИТОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Парвин Юсуфи

Парвин Юсуфи

Парвин Юсуфӣ: “Соле бобарор буд барои ман, зеро тавонистам дар шаҳри Бухоро барои алоқамандонам як барномаи кунсертӣ иҷро кунам. Ҳамчунин, сафарҳои зиёде доштам, аз ҷумла сафари хеле хубу хотирмон ба шаҳри Патая-и Тойланд доштам. Дар маҷмӯъ, ман аз натоиҷи соли 2011 розӣ ҳастам.” Читать далее

ШАҲРОМ: «НАМЕХОҲАМ ВАҚТИ ҚИММАТАМ БЕ ФОИДА ГУЗАРАД»

Шахроми Абубакр

Шахроми Абубакр

Таронаи «Лайлӣ», ки бо садои ширину форам ва гӯшнавози сарояндаи ҷавон Шаҳроми Абӯбакр танинандоз аст. Воқеан ҳам Шаҳром ҳунари хуби овозхонӣ дорад, таронаҳояш дилчаспанд. Аммо саволе ба миён меояд, ки ба лаб ҳарфу ба дил кадом Лайлиро фарёд дорад? Умуман ин таронаро, ки имрӯз миёни мардум хеле машҳур аст, ба кӣ бахшидааст? Барои ҷавоб гирифтан ба ин ва дигар саволҳоямон сӯҳбате доштем бо Шаҳроми Абӯбакр, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем. Читать далее

ФИРУЗА: «БА ҲАДАФИ ХЕШ НОИЛ ГАРДИДАН БАРОЯМ МУҲИМ АСТ»

Фируза Хафизова

Фируза Хафизова

Фирӯза Ҳафизова. Ин ном аллакай дар сартосари ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳуру маҳбуб гардидаастусадои форами ӯро дар дохилу берун аз марзи кишвар пазируфтаанду қадр мекунанд. Дунёи Фирӯза ҷолиб аст ва меарзад, ки ба он рӯй биоварем ва онро пешкаши хонандаи азизи худ гардонем. Чеҳраи ӯро табассуми  фарохи қаноатмандӣ навозиш мекунад. Зеро ӯ қаноатманд аз доди Худовандӣ, аз ҳунари худ  аст. Форсизабонони давлатҳои дигар низ аз садои фораму ҳунари волои ӯ мафтун гардида, барои бо Фирӯза рӯбарӯ шудан талош мекунанд. Читать далее

СУКУТИ ФАРЗОНАРО СОЛИ НАВ МЕШИКАНАД?

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Номи Фарзонаи Хуршед чун 22 моҳи қабл боз ба сархати хабарҳои Тоҷикистон баромад. Агар дар 23 феврали соли гузашта вақте додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро барои ду сол равонаи зиндон кард, расонаӣ шуд, пас ҳоло аз он хотир, ки дар ҷашнвораи мусиқии мавсум ба «Big Apple Awards» тарона иҷро кард. «Big Apple Awards» 3 декабри соли 2011 баргузор шуд ва Фарзонаи Хуршед ба ҳайси меҳмон дар он ширкат намуд. Читать далее

ОЁ МАНИЖА ДАВЛАТОВА ТАВАЛЛУД КАРД?

Манижа Давлатова

Манижа Давлатова

Шунидам ва ҳатто расмеро дидам, ки ҳофизи шинохтаамон Манижа Давлатова тифлеро ба даст гирифтаву онро мебӯсад. Мегӯянд, ки ӯ як сол пеш аз ин хонадор шуда будааст. Акнун маълум шуд, ки сабаби дар майдони ҳунар набуданаш чӣ будааст. Ба дугонаам – Маҳтоббӣ ин суханро гуфтам, аммо вай бовар накард. Он аксро нусхабардорӣ намудам ва ба шумо фиристода, хоҳиш мекунам, ки онро чоп намоед. Читать далее

ДИЛНОЗА КАРИМОВА: «ИМСОЛ БАРОЯМ БЕҲТАРИН СОЛ БУД»

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова

Дилноза Каримова — фикр мекунам, ки ин ном ба шумо, хонандагони азиз шинос аст ва ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, ҳамин тавр не? Оре, зеро ӯ кайҳо боз бо таронаҳои дилангезаш дар дили ҳамагон ҷо шуда, мухлисони бешуморро соҳиб гаштааст. Бо дархости зиёди хонандагонамон дар арафаи Соли нав сӯҳбате доштем бо Дилноза Каримова, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, азизон мегардонем. Читать далее

ДУЭТ ВА Ё «ИШҚИ ТАБУ» ДАР ЭСТРАДАИ ТОҶИК

Суруш ва Нигора

Суруш ва Нигора

Санъати эстрадаи Тоҷикистон, ки гардонандагони он шоу бизнесро ба маънии тӯйгардак мефаҳманд, шаҳри бедарвозаро мемонад. Расму оинҳоро танзим карданд, ришу мӯйлаби муаллимонро танзим карданд, масҷидравии наврасонро танзим он тараф истад, тамоман табу эълон доштанд… Ва танҳо санъати мусиқиро касе натавонист танзим намояд. Ҳатто кӯшиш ҳам накард. Дар ин майдони бесару нӯг, ки «ҳар кас медонаду дави аспаш», чӣ корҳое, ки намешавад. Читать далее

ЗАЙНУРА ПУЛОДОВА: «ГЛАВНОЕ, ЧТО РЯДОМ СО МНОЙ ЛЮБИМЫЙ МУЖЧИНА»

Зайнура Пулодова

Зайнура Пулодова

«Бин гули лола, булбул ба нола, борону жола, омадаст бахор, Ру-руи сабза, бо нозу гамза, равон фируза, омадаст бахор» — именно эта песня сделала ее популярно, среди ценителей современной эстрады. Зайнура Пулодова является членом известного ансамбля «Сипар» при МВД РТ. Она родилась 30 августа 1982 года в городе Душанбе. Училась сначала в средней школе № 52, а последние два года завершила в 60-ой школе. У нее две прекрасные дочки Сония и Сомия, которых она воспитывает с любовью. Читать далее

СУБҲОН САИД: «ҶОЙНАМОЗИ МАН САҲНА АСТ»

Субхони Саид

Субхони Саид

Субҳон Саид муддатест, ки дур аз саҳнаву мухлисон бемор аст. Мегӯянд, ки Худованд бандаи дӯстдорашро дард медиҳад ва ҳар соати дард соати гуноҳро кам мекунад. Агар ин хел, пас муддати зиёде, ки овозхони дӯстдор гирифтори дарду ранҷи зиёде буд, гуноҳҳои зиёди худро шустааст. Вақте огохӣ ёфтем, ки Субҳони Саид дар манзили худ, дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аҳволаш аз пешина хубтар аст, ба дидорбиниаш шитофтем, чунки аз мухлисонаш муддати зиёдест, ки дархости навиштани чизе перомуни зиндагӣ ва гӯшанишинии овозхони дӯстдоштаашонро гирифта будем. Читать далее

ФИЛИПП КИРКОРОВ ВПЕРВЫЕ СТАЛ ОТЦОМ

Филипп Киркиров

Филипп Киркиров

Известный певец Филипп Киркоров впервые стал отцом — 26 ноября у него родилась дочь. Малышку назвали Викторией, в честь мамы певца. На церемонии вручения премии «Золотой Граммофон» Киркоров рассказал всем о счастливом событии. «Она — моя копия!» — заявил Филипп. Артист опроверг слухи о том, что ребенка ему родила суррогатная мать. «Я в состоянии завести ребенка обычным человеческим способом», — сообщил певец. Матерью маленькой Вики оказалась давняя подруга Филиппа, которая несколько лет назад переехала жить в Америку. Читать далее