Микеле Плачидо: ВИТТОРИО БА МОДАРАМ НИЗ ПИСАНД БУД


Микеле ПлачидоКомиссар Коррадо Каттании машҳур дар ҳаёт Микеле Плачидо мебошад, ки дар фестивали Венетсия хеле хушҳол менамуд. ӯ ба кормандони ВАО дар бораи филми «Орзуи бузург» ва нақшаҳои худ ҳарф зад. Филми «Орзуи бузург» ба воқеаҳои солҳои 1968 бахшида шудааст. Ҳамон сол ман акнун ба Рум рафта будам, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятамро оғоз бахшам.

Комиссар Коррадо Каттании машҳур дар ҳаёт Микеле Плачидо мебошад, ки дар фестивали Венетсия хеле хушҳол менамуд. ӯ ба кормандони ВАО дар бораи филми «Орзуи бузург» ва нақшаҳои худ ҳарф зад. Филми «Орзуи бузург» ба воқеаҳои солҳои 1968 бахшида шудааст. Ҳамон сол ман акнун ба Рум рафта будам, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятамро оғоз бахшам. Хислати пулиси ҷавон пурра образи ман мебошад, зеро дар ин соҳа таҷриба доштам. Дар образи қаҳрамони асосӣ ман романтикаи зиёдро ҷой додаам. Комиссар Коррадо Каттании машҳур дар ҳаёт Микеле Плачидо мебошад, ки дар фестивали Венетсия хеле хушҳол менамуд. ӯ ба кормандони ВАО дар бораи филми «Орзуи бузург» ва нақшаҳои худ ҳарф зад. Филми «Орзуи бузург» ба воқеаҳои солҳои 1968 бахшида шудааст. Ҳамон сол ман акнун ба Рум рафта будам, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолиятамро оғоз бахшам. Хислати пулиси ҷавон пурра образи ман мебошад, зеро дар ин соҳа таҷриба доштам. Дар образи қаҳрамони асосӣ ман романтикаи зиёдро ҷой додаам.

Шояд бисёр нафарон зид бароянд ва гӯянд, ки ин ба ҳақиқат рост намеояд, вале ман ҳамин эҳсосотро вақти кор карданам аз сар гузаронидам. Ҳеҷ гоҳ дар бораи сиёсат гап задан намехостам! Танҳо хоҳиши ба тамошобин расонидани аҳволи худро доштам. Гумон мекунам, ки ин барои гузаштаро қисса кардан ва фикри ҷавононро ба хотироти нек равона сохтан воситаи беҳтарин аст. Комиссар Каттаниро тамоми аврупоиён дӯст медоштанд. Воқеаҳои «Спрут» баъд аз солҳои 1968-ро дар бар мегирад. Гуфтан мумкин аст, ки Коррадо қаҳрамони ба камол расидаи «Орзуи бузург» мебошад.

Ман доим кӯшиш мекунам, ки филми худро на ҳамчун офаранда, балки ҳамчун тамошобин тамошо кунам. Дар оилаи оддии серфарзанд ба дунё омадаам. Бинобар ин ман бояд ба соҳаи киноофарӣ мерафтам, то маблағи зиёд кор карда ба падару модарам кӯмак кунам. Имрӯз ман ҳамчун коргардон фаъолият мекунам ва кӯшиши филмҳоямро аз нигоҳи одамон баҳо доданро месозам.

Филми таърихиро ба навор гирифтан хеле душвор аст. Мисоли онро дар филми Бернардо Бертолуччи «Орзупарвар» дидан мумкин аст. Филм аз нуқтаи назари эстетикӣ олиҷаноб аст. Филм ҳеҷ гоҳ ба ман ҳамчун пулиси оддӣ эҳсосоти манфӣ надод. Хоҳарам, ки муаллима аст, ба филм баҳои хуб дод. Барои мо филми мазкурро таҳлил кардан хеле душвор аст. Филм бештар на ба таърих, балки ба муносибати байни ҷавонон тааллуқ дорад. Пеш аз наворгирии филми таърихӣ коргардон ва гурӯҳи ӯ бояд ҳамон воқеаи гузаштаро бодиққат омӯзанд. Мо маҳз ҳамин тавр кор кардем: филмҳои зиёдро тамошо кардем, махсусан филмҳои фаронсавиро, ки ба бозиҳои олимпии Мексика тааллуқ дорад, бештар аз мадди назар гузаронидем.

Бисёр мехостам, ки бо коргардонҳои рус ҳамкорӣ кунам, зеро соҳаи филмофарии Русия имрӯз инқилобро аз сар гузаронида истодааст. Орзуи ҳамчун коргардон дар филми русӣ, ки дар бораи пайдоиши камонварони итолиёвӣ дар Русия хоҳад буд, кор карданро дорам. Филм дар бораи азобу машаққатҳои ҷавонон ва кӯмаки деҳқонони рус, ки онҳоро бо ҷойи гарм, хӯрок ва либос таъмин кардаанд, хоҳад буд. Дар филми дигар, ки дар нақша аст, мехоҳам, масъалаи дӯстии байни Русия ва Италияро дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ намоям.

Аз байни тамоми устодонам ва шахсони эҷодӣ нафаре, ки ман ба ӯ бодиққат назорат мекардам, Витторио де Сику мебошад. ӯ натанҳо ба ман, балки ба падару модарам низ писанд буд. Боре Витторио де Сике ба ман пешниҳод кард, ки дар филми ӯ «Il giardino dei Finzi Contini» худро санҷам. Дар охири кастинг маро барои нақш офаридан нагирифтанд, вале ман аз Сике барои он миннатдорам, ки ӯ даъват кард. Ба наздикӣ ман ба Абруссо меравам, то ки бо донишҷӯён саҳначаеро омода созем. Соли гузашта дар Колабрия низ саҳнача тайёр карда будем. Ман як умр корманди пулис мемонам: аввал дар зиндагӣ, пасон дар кино.

manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s