Нуруллои АБДУЛЛО: АГАР САРОЯНДА МЕШУДАМ…


Нуруллои Абдулло идеали кист?

Ў сароянда мешавад?

Ўзбекфилмҳо аз филмҳои тоҷикӣ «зӯр»аст?

Ба ҳоли телевизионҳои тоҷик раҳми инсон меояд?

— Устод, ҳафтаномаи моро мехонед?

— Бале, агар ба дастам расад, ҳатман мехонам. Мақолаҳои ҷолиб дар он чоп мешавад. Лекин на ҳама вақт «Ману Ту» дастрасам мегардад.

— Ҳафта гузашта мо дар ҳафтанома озмуни «Марди идеалӣ»-ро таъсис додем. Ба андеша шумо оё ҷомеаи имрӯз ба таъсиси чунин озмунҳо ниёз дорад?

— Албатта, ниёз дорад. Гузаронидани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани фарҳангу маданияти мардум ва ҷалби ҷавонон ба бунёдкориву созандагӣ мусоидат мекунад.

— Оё ба шумо касе изҳор дошта буд, ки барояш идеал ҳастед?

— Оре, бисёр шунида будам, ки ҷавонон маро идеали худ мешуморанд. Баъзеи онҳо одамони касбу кори гуногунанд. Як нафарашон Маҳмадалӣ ном дорад, агар хато накунам дар ноҳияи Фархор раиси кадом як хоҷагӣ аст. ӯ худ изҳор медорад, ки дар дафтари зиндагиаш шахсияти ман барояш ҳамчун идеал сабт шудааст. Аслан гирем, дар ҳаёт ман барои баъзеҳо ҳамчун нависанда идеалам, барои гурӯҳи дигаре ба сифати ҳунарманди театру кино, нафарони дигар маро чун барандаи барномаҳои телевизиону радио мешиносанд ва ихлос доранд. Шояд барои баъзеҳо ман ҳамчун инсоне, ки дар рӯйи замин зиндагӣ мекунад, идеал бошам.

— Хуб, дар фаъолияти худ чӣ навгониҳо доред?

— Ҳозир ҳам дар театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва радиову телевизион ба корҳои пештара машѓулам. Ҳамзамон ҳамчун драманавис барои навиштани филми бадеии «Кӯҳистонӣ» машѓул ҳастам.

— Ба наздикӣ филми бадеии «Қиёми рӯз» рӯйи навор омад, аллакай муаррифии он дар Кохи Ҷомӣ баргузор гардид. Филм ба шумо писанд омад?

— Аз тамошои филми «Қиёми рӯз» ман хеле хурсанд шудам. Аввалин нишонаи он аст, ки агар маблаѓ, мавзӯъ бошад, мо низ метавонем, ки филмҳои беҳтаринро рӯйи навор орем. Ҳама кор бо кӯшиш ва дастгирӣ ба амал меояд.

— Мегӯянд, ки коргардонҳои тоҷик ба монанди ӯзбекфилмҳо амсоли «Суперкелинчак», «Бойбача» ё «Фотима ва Зӯҳро» наметавонанд филмҳои ҷолиб ба навор гиранд. Шумо ба ин ақида розӣ мешавед?

— Ҳаргиз! Ман соли равон дар кинофестивале, ки дар Қазоқистон шуда гузашт, ширкат варзидам ва филмҳои мазкуре, ки дар боло номбар кардед, дар ҳамонҷо буданд. Ба ин ақидаҳо ҷавоб медиҳам, ки агар филм ба пода писанд ояд, маънои он надорад, ки ба ҳама маъқул шудааст. Боз мегӯям, ки мо мавзӯъю мундариҷа дошта бошем ҳам, барои наворгирии филмҳо аз ҷиҳати маблаѓ душворӣ мекашем, сарпараст нест, касе ду танга ёбад, ҳамонро сарфи филм месозад. Барои сабти ӯзбекфилмҳо маблаѓи муайян ва шаротҳои зарурӣ муҳаё шудаанд, ки барои дар сатҳи кофӣ рӯйи навор омадани филм мусоидат мекунанд.

— Нисбат ба барномаҳои телевизион чӣ андеша доред? Оё аз тамошои онҳо дар ҳақиқат ҳаловат мебаред?

— Намоиши сусту беранг дар ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои давлатҳо ҳаст ва телевизиони мо низ аз ин камбудӣ орӣ нест. Ҳатто шабакаҳое низ ба чашм мерасанд, ки одам аз тамошояш ба завқ намеояд, ки хоҳиши дубора ба он нигоҳ кардан пайдо шавад. Ман намедонам, шояд телевизионҳои мо аз сиёсат бехабаранд ё аз фарҳанг, ки барномаҳои такрор ба такрору сустро пахш месозанд. Ман телевизионҳои тоҷикро кам тамошо мекунам, зеро ба он ҳам раҳмам меояду ҳам аламам, табъам хира мешавад. Мавзӯъҳое, ки барномаҳо баррасӣ мекунанд, ба чизи зиёдтаре меарзад, аммо заҳмат металабанд.

— Оё ягон маротиба андеша рондаед, ки беҳуда ҳунарманд, умуман эҷодкор шудед?

— Не, ман ягон бор ба сарам чунин андешаро роҳ надодаам. Ҳунарманд шудан орзуи кӯдакии ман буд ва барои ба чунин мақом расидан ман харҷи зиёд додаам. Агар дубора таваллуд мешудам ҳам, боз ҳам ҳунарманд мешудам.

— Садои ҷаззобу диққатҷалбкунанда доред. Оё бо чунин истеъдод ягон маротиба фикр накардаед, ки сароянда шавед?

— Ташаккур барои илтифотатон! Ба сурудхонӣ низ майл дорам, хеле дӯст медорам. Дар давраҳои фаромӯшнашавандаи донишҷӯӣ ҳатто қобилиятамро санҷида будам. Агар сароянда нашуда бошам ҳам, дар филми ояндае, ки бояд моҳи октябри соли равон ба навор гирем, маҷбурам, ки ба ин амал даст занам. Филм аз ҷониби Русия ба навор гирифта мешавад ва ман дар он нақши калону ҷолиб, яъне нақши мӯйсафеди афѓонро мебозам. Лекин агар навозанда ё ҳамту сароянда мешудам, шояд зиндагиам беҳтар мегардид.

— Ба ҳунари кадом овозхонон эътиқод доред? Киро гӯш мекунед?

— Санъати Саидқул Билолов ва Ҷӯрабек Муродовро меписандам. Инҳо устодони асили ҳунаранд ва барои насли имрӯз дарси ибратанд. Аз жанри эстрада бошад, мухлиси Садриддини Наҷмиддин ва Баҳодури Ѓаффорзод ҳастам. Агар онҳо чун имрӯз дар санъат дуруст қадам зананд, ояндаи боз ҳам некӯтар интизорашон аст.

— Ба тӯйҳо ба ҳайси баранда меравед?

— Не, ҳаргиз нарафтаам.

— Саломат бошед, устод!

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s