ШИЛПА БА ШАВҲАР МЕБАРОЯД?


Тӯйи Шилпа Шетти ва дӯстдоштааш, тоҷир Раҷ Кундра мумкин аст, ки моҳи октябри ҳамин сол барпо гардад. Санаи аниқи тӯй алҳол маълум нест. Ин ҷуфт мехоҳанд, ки тӯйи худро ба таври ҳиндӣ гузаронанд, яъне урфу одат ва анъанаҳои ҳиндиро риоя намоянд. «Ман нигоҳи кӯҳнапарастиро дар никоҳ дастгирӣ менамоям. Волидайни ман 35-сол аст, ки оиладоранд ва ман мебинам, ки онҳо аз ҳоли ҳамдигар доим пурсон мешаванд ва ба якдигар ғамхорӣ менамоянд.

Ба он ки никоҳҳои асосӣ дар осмон ба анҷом мерасанд, бисёр бовар дорам. Ман медонистам, ки агар оиладор шудан хоҳам ин як бор ва як умр хоҳад буд. Аввал барои ман донистани ҳамсари ояндаам аҷоиб буд, имрӯз ман аллакай медонам, ки ӯ Раҷ аст. Ман бовар дорам, ки ӯ ними ман аст», -мегӯяд Шилпа.

Раҷ Кундра, миллионери 34-сола буда, бо хариду фурӯши санг ва металҳои қимматбаҳо машғул аст. Ӯ аз арӯсшавандааш дида дар бораи тӯй зиёдтар фикр мекунад ва дар сӯҳбат чунин иброз кардааст: «Ман бо падару модари Шилпа сӯҳбат кардам ва мо ба хулосае омадем, ки тӯйро ба таври ҳиндуёна гузаронем. Бинобар ин ҳоло бо як по рост истода, чизеро анҷом надодаам. Вале бо боварии комил гуфта метавонам, ки тӯй ҳамин сол барпо хоҳад шуд».

manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s