ШОҲРУХХОН ШӮҲРАТРО ДӮСТ МЕДОРАД


Шоҳруххон, бешубҳа ситораи дурахшонтарин дар Осиё мебошад. Шӯҳрати ӯ аз Шарқи Наздик то Осии Ҷанубӣ Шарқӣ паҳн гардидааст. Одамон дар ҷойҳое, ки ӯ ҳангоми сафарҳои ҳунариаш таваққуф мекунад, ба хотири он ки як назар бубинанд, соатҳои зиёд баромадани ҳунарпешаро интизорӣ мекашанд. Шоҳрух ба ин зуҳуроти меҳру муҳаббати халқ чунон одат кардааст, ки ҳаёти худро ба тариқи дигар тасаввур намуда наметавонад.

«Ман машҳур будан мехоҳам… Ва аз ин хусус бо дили соф мегӯям. Ман шӯҳратманд буданро дӯст медорам, одамонро дӯст медорам ва дӯст медорам вақте ки онҳо барои ман доду фарёд мезананд. Ин ҳамеша ба ман камӣ мекунад ва дар бораи он ки ин як вақт ба охир мерасад, фикр кардан намехоҳам», — гуфт Шоҳрух дар мусоҳибаи телевизионие, ки ба қарибӣ сурат пазируфт.

Баъди муваффақияти филми охирини худ «My Nam Is Khan» ин ситораи тобон ҳоло дар авҷи шӯҳрат қарор дорад ва мегӯяд, ки муҳаббат ба мухлисонаш ӯро барои корҳои аз ин ҳам мураккабтар илҳом мебахшад. «Ба гумонам, маҳз ба ҳамин хотир ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар рӯз ва ҳар лаҳза зиёдтар кор мекунам. Ман миқдори одамони дар назди хонаам ҷамъ омадаро намешуморам, аммо намехоҳам, ки онҳо кам шаванд», — илова намуд ҳунарпеша.

«Муҳаббат»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s