ШАХИД КАПУР: АЗ ТАНҲОӢ ЛАЗЗАТ МЕБАРАМ


Шахид Капур дар филми наваш, ки то ҳол ном надорад, бо Аннушка Шарма нақш офарид ва Аннушка ба ӯ сахт маъқул шуд. Ҳарчанд Шахид дар бораи ҳаёти шахсӣ ва овозаҳо дар атрофи номаш сухан гуфтан намехоҳад, вале худи ӯ мегӯяд, ки «ман акнун қабул кардани ҳамаи овозаҳоро омӯхтам» ва эълон медорад, ки ӯ танҳо як «ҷавони оддӣ, вале бакамолрасида мебошад».

— «Kaminey» ва «Dil Bole Hadippa» омодаанд, ки ба экран бароянд?

-Нахустнамоиши ин филмҳо паси ҳам баргузор мешавад. «Kaminey» ҳамин моҳ ба дасти тамошобинон мерасад. Нахустнамоиши «Dil Bole Hadippa» бошад, моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст. Ин филмҳо куллан гуногунанд ва ман сахт дар ҳарос афтодаам. Вақте ки филмҳои пешинаи ту маблағи зиёд ҷамъ мекунанд, барои фаҳмидани он ки филмҳои минбаъда чӣ гуна маблағ ҷамъ меоварда бошанд интизориҳо зиёд мешаванд.

Баъд аз филми «Никоҳ» ман қариб шаш моҳ дар хона бекор нишастам, зеро ягон сенарияи пешниҳодгардида ба ман писанд наомад. Баъд вақти наворгирии филми «Вақте ки мо вохӯрдем» фаро расид. Баъд аз ин филм ҳама чиз тағйир ёфт. Бинобар ин тамошобинон аз ман баъди ҳар як филм чизи наверо интизор мешаванд.

— «Kaminey» аз тамоми филмҳои дигари шумо фарқ мекунад

-Дуруст қайд кардед. Вақте ки Вишал ба ман иҷрои нақшро дар филми мазкур пешниҳод кард, ӯ гуфт: «Шахид ин ҳамон филми тиҷоратие хоҳад шуд, ки сарҳадҳоро убур мекунад». Вишал коргардони бузург аст ва барои ман хушбахтӣ буд, ки дар лоиҳаи ӯ иштирок менамоям. Ҳамчунин бори аввал буд, ки ман дар ду нақши гуногун ва муқобил бозӣ кардам.

-Атрофи он ки ту намехоҳӣ дар лоиҳаи модарат иштирк кунӣ, овозаҳо зиёданд…

-Дар бораи ин мақолаҳои хеле зиёд низ ба чоп расида буданд. Вале ман намефаҳмам, ки чаро бояд ба идораи ягон ҳафтанома рафта дар бораи ин сухан оғоз намоям. Ин масъалаи шахсӣ аст ва ман мехостам, ки он чӣ гунае, ки ҳаст ҳамон хел истад, касе ба он кордор нашавад. Ин овозаҳо байни ману модарам чизеро тағйир надод ва дода наметавонад, зеро ман бо ӯ муносибати хуби модарию фарзандӣ дорем. Ин муносибатҳо мустаҳкам ва доимӣ мебошанд.

— Ту ҳунарманди ягонае ҳастӣ, ки матбуот дар бораи ту ва ҳунармандони ҷинси муқобил зиёд менависанд…

— Ҳар субҳ хеста аввал ҳафтаномаҳоро мекушоям ва мебинам, ки матбуот маро гоҳе бо ин ва гоҳе бо дигаре ошиқу маъшуқ мебароранд. Ин маро хашмгин мекунад, вале чунин кор як қисми тиҷорати онҳо мебошад. Шояд сабаби ба ман зиёд эътиқод доштани рӯзноманигорон дар он бошад, ки ман оиладор нестам. Бинобар ин одамон мехоҳанд, ки маро бо нафаре бинанд. Медонам, ки рӯзе нафаре ба ҳаёти ман қадам мегузорад ва он рӯз ман худро хушбахт меҳисобам. Ҳоло чунин ҳодиса рӯй надодааст, бинобар ин ман аз касе хафа нестам ва аз танҳоии худ лаззат мебарам.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s