«МАНУ САҲНА»


Китоби «МАНУ САҲНА»

Китоби «МАНУ САҲНА»

Ба қарибӣ нашриёти «Ирфон» китоби Ҳунарманди мардумӣ, арбоби шинохтаи театр ва мусиқии имрӯзаи тоҷик Мирзоватан Мировро бо номи «Ману саҳна» аз чоп баровард. Дар он мақолаву мусоҳибаҳои Мирзоватан Миров ва таронаҳои ӯ, ки ба риштаи адвор кашида шудаанд,  ҷамъоварӣ шудаанд. Шумо хонандагони гиромӣ дар китоб «сухани бепоя ва ноҷоро нахоҳед ёфт,


балки ҳар яке аз ин мавод ҳарорати баланди набзи шахсияти масъулро дорад, тапиши дили одамеро аён месозад, ки дар ғами пешрафти театри тоҷик аст ва дар ин ҷода на танҳо навоқис меҷӯяд, балки барои рафъи он саҳм мегузорад». Китоби мазкурро аз мағозаҳои китобфурӯши шаҳр дастрас карда метавонед.

Шарҳи ҳоли мухтасари муаллифи китоб

Мирзоватан Миров

Мирзоватан Миров

Мирзоватан Миров коргардон, оҳангсоз ва овозхон -8-уми декабри соли 1949 дар деҳаи Кунгараи ноҳияи Даштиҷум, ҳоло ноҳияи Шӯробод, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст, соли 1967 мактаби миёнаи ба номи Абдулқосим Фирдавсиро дар ноҳияи Москва хатм намудааст. Аз соли 1967 то соли 1972 донишҷӯйи шӯъбаи актёрии театрҳои мусиқии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло бо номи устод Садриддин Айнӣ), аз соли 1972 аввал ба ҳайси актёр, овозхон, баъд ҳамчун саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст.

Аз соли 1979 то соли 1981 донишҷӯйи курси олии режиссёрӣ дар Театри академии ҳаҷву танзи шаҳри Москва, аз соли 1981 то соли 1992 роҳбари бадеии Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи ш. Кӯлоб, аз соли 1992 то соли 1995 режиссёри Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва муаллими калони Донишкадаи санъати бо номи М. Турсунзода, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари бадеии ҳамин театр, аз соли 1997 то соли 1999 дотсенти Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 1999 то 2001 сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2002 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон, инчунин аз соли 2003 саррежиссёри Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов буд.

Соли 1988 ба унвони фахрии Арбоби шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1988 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Мирзоватан Миров коргардони намоишномаҳои «Шамшер ва рангинкамон»-и А. Баҳорӣ, «Карим-Девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Фишор» ва «Заволи Чамбули Мастон»-и С.Аюбӣ, «Ромео ва Ҷулетта»-и Шекспир, «Говгум»-и А. Дударев, «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Н. Табаров ва ғайра мебошад. Мусанниф ва таҳиягари бисёр барномаҳои консертии ҳукуматӣ, муаллифи зиёда аз 90 оҳангҳои гуногун аст.

«СИТОРАХО ДАР ЗАМИН»

Оставьте комментарий