ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО КЕЙТ УИНСЛЕТРО ХОНАВАЙРОН КАРД


ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА КЕЙТ УИНСЛЕТ

ЛЕОНАРДО ДИКАПРИО ВА КЕЙТ УИНСЛЕТ

Кейт Уинслет 13 сол боз ба шарикаш аз филми «Титаник» Леонардо ДиКаприо ошиқ буд. Ба наздикӣ Кейт эълон дошт, ки аз шавҳараш Сэм Мендес, ки ҳафт сол бо ҳам зиндагӣ карда буданд, ҷудо мешавад. Аввал одамон гумон мекарданд, ки сабаби ҷудо шудани Уинслет ва Сэм ин муносибати наздики Сэм бо ҳунарпеша Ребекка Холл мебошад. Вале ҳолдонҳо хабар медиҳанд, ки Кейт бинобар сабаби дӯст доштани Леонардо ДиКаприо ҷудо шудааст.

Уинслет аз шавҳараш аввали ҳамин сол ҷудо шуда буд, вале ду ҳафта пеш онҳо пурра бо қарори суд ба таври қонунӣ ҷудо шуданд. Адвокатҳои оилавӣ мегӯянд, ки ҳамсарон минбаъд ҳамчун дӯст муносибат хоҳанд кард, вале агар Сэм сабаби ҷудо шудани Кейтро фаҳмад, дар гумон аст, ки муносибатҳои онҳо дар оянда чунин боқӣ монанд. Пештар дӯстони Кейт мегуфтанд, ки ӯ нисбати муносибатҳои шавҳараш ва Ребекка Холл шубҳа мекард. Вале Мендес пас аз шунидани он ки ҳамсараш Леонардо ДиКаприоро аз ӯ бештар дӯст медорад, рӯҳафтода шуд.

-Кейт Леоро муддати дароз аст, ки дӯст медошт ва дар натиҷа муҳаббаташ оилаашро бо Сэм вайрон кард. Онҳо доим бо телефон ҳамсӯҳбат мешаванд ва Кейт тамоми дарди дилашро ба ӯ мегӯяд, — хабар медиҳад ҳафтаномаи National Enquirer.

Кейт бо ДиКаприо соли 1997 вақти банаворгирии филми «Титаник» шинос шуда буд ва то ҳол онҳо ба мисли хоҳару додар буданд.

-Ҳар вақте ки Лео ба маслиҳат ниёз дошта бошад, ба Кейт занг мезанад, — мегӯянд ҳолдонҳо, – шавҳараш аз муносибати Кейт ва Лео огоҳ шуд ва дар натиҷа дар байнашон ҷудоӣ афтид. Онҳо ҳар ду дарк карданд, ки барояшон нафарони дигар лозиманд. Баъд аз шунидани хабари ҷудошавии Кейт ва Сэм ДиКаприо низ бо дӯстдоштааш Бар Рафаэли ҷудо шуд. Бар мегӯяд, ки баъд аз муносибати чорсола маълум шуд, ки мо бо Лео тамоман одамони гуногун будаем.

— Мо бӯҳронро дар муносибатамон барвақт эҳсос карда будем, вале инро ба касе нишон намедодем. Муносибати моро на овозаҳо, балки худамон вайрон кардем. Ин бори аввал нест, ки мо аз ҳам ҷудо мешавем. Ин дафъа ман дигар наметарсам ва гиря низ намекунам. Ман мехоҳам, муддате бо худ бошам ва донам, ки дилам чӣ мехоҳад, — мегӯяд Бар Рафаэли.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s