УДАЙ ЧОПРА БАРОИ ФИЛМИ ХУД САХТ АНДӮҲГИН АСТ


УДАЙ ЧОПРА

УДАЙ ЧОПРА

Уда Чопра писари Яша Чопра режиссёр ва асосгузори киностудияи «Яш Радж Филмс» дорои нерӯи азими эҷодӣ ва зеҳнӣ мебошад. Пас аз нақшҳои гуногуни мазҳакавӣ дар филмҳои «Бакеры 1-2», Удай ба офаридани карйераи қаҳрамон-дилбохта пардохт. Ӯ худ ба навиштани сенария пардохта, мелодрамаи «Любовь невозможна»-ро маблағгузорӣ карда.

Продюссерӣ намуда, барои офариндани нақши асосӣ Приянка Чопраро даъват сохт. Филм 8 январи соли 2010 аз ҷониби мунаққидон хеле сард қабул шуда, аз тарафи тамошобин ҳам гарм истиқбол нагашт. Маблағи ҷамъшудаи ин филм 1.200.000 долларроташкил дод, ки он буҷаи истеҳсолии филмро базӯр рӯйпӯш сохт.

Табиӣ аст, ки Удай Чопра ноомадии филмро ба қалбаш бениҳоят наздик қабул сохт. Ҳамин тариқ ӯ ба ИМА ба муддати як моҳ сафар кард, то ҷароҳатҳои продюсерии худро табобат бинамояд. У як ҳафта қабл аз Ҳиндустон баргашт. Вале то ҳанӯз хеле ношоду бадбахт ба назар мерасад. Ноомадии кор, ба шикасту нобарорӣ мубтало гардидани ӯ аз чеҳрааш баръало намудор аст.

Одамони оқил хеле хуб медонанд, ки шикасту ноомадии корҳояшонро чӣ сон истиқбол сохта, чӣ тавр таҳаммул карда, паси сар бинамоянд. Мехоҳем ба он боварию эътимод бисозем, ки Удай Чопра вориси бузургтарин истеҳсолчии Болливуд буда, то он андозае нерӯманд аст, ки дар оянда он лоиҳаҳоеро пиёда месозад, ки то ҷиҳатҳои мусбии истеъдодашро, бахусус ҷиҳатҳои мазҳакавии ҳунару кордониашро битавонад комилан таҷассум бинмояд.

«Муҳаббат»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s