БОЛЛИВУД ДАР БОРАИ МАЙКЛ ҶЕКСОН ЧӢ МЕГӮЯД?


Майкл Джексон

Майкл Джексон

Ситораи мусиқии поп Майкл Ҷексон ногаҳон ин дунёро падруд гуфт. ӯ барои дар Лондон барномаи консертӣ додан омодагӣ медид. Маҳз ҳамин барномаи консертӣ муайян мекард, ки оё ӯро то ҳол ҳамчун ситораи нотакрор меҳисобанд ё не. Дар шумораи навбатии ҳафтанома мо тасмим гирифтем, ки дар бораи он ки ҳунармандони Болливуд нисбат ба Майкл Ҷексон ва марги ӯ чӣ ақида доранд, маълумот диҳем.


ШОҲРУХ: Ӯ ҶАВОНИИ МАРО БО ХУД БУРД

Шахрукх Кхан

Шахрукх Кхан

— Ман дер боз ашк нарехта будам, вале дар марги Майкл Ҷексон гиристам. Ҳамсар ва фарзандонам низ ашк рехтанд, — мегӯяд Шоҳрух Хон ситораи машҳури Болливуд ва боз илова мекунад: — Ман аз марги ӯ хеле ғамгинам. Ман бо ӯ вохӯрда будам. Ӯ мӯъҷизае буд, ки Худо офарида. Тӯли се-чор соли охир ягона мусиқие ман гӯш мекардам, ин сурудҳои Майкл Ҷексон буд. Дигар мусиқиҳои ғарбро ман намефаҳмам. Вақте ки марги ӯро фаҳмидам, хаёл кардам, ки ӯ наврасии маро бо худ бурд.

АМИТАБХ БАЧЧАН ЁД МЕКУНАД…

Амитабх Баччан Майкл Ҷексонро ҳамчун ҳунарманди махсус ёд меорад. — ӯ ҳамон нафаре буд, ки гӯё ӯро Сайёраи дигар офарида ба мо ато карда бошад, -мегӯяд Амитабх.

Амитабх Баччан

Амитабх Баччан

Амитабх дар блоги худ чунин навиштааст: «Худованд Майкл Ҷексонро ба мо меҳрубонӣ карда буд. Ҷисми ӯ ба монанди мошинчаи сунъие буд, ки ба ҳар тараф агар идора кунӣ мерафт. ӯ чунон ғарқи рақс мешуд, ки гумон мекарди устухон надошта бошад. ӯ толорро ба по мехезонд, яъне ҳеҷ кас хоҳиши ором нишастанро намекард, ҳама мерақсиданду баробари Ҷексон месуруданд. Ӯ инсони ғайриоддӣ буд».

Соли 1990 вақти сафари ғайрирасмии Амитабх Баччан ба Ню-Йорк ӯ бо Майкл Ҷексон вомехӯрад ва аз шунидани садои маҳин, меҳрубонӣ ва одоби ӯ дар ҳайрат мемонад. Амитабх Баччан фиттае дорад, ки Абхишеки ҳафтсола дар рӯзи зодрӯзаш ба мисли Майкл Ҷексон либос пӯшида, дар зери навои «Триллер» мерақсад.

РАМ ГОПАЛ ВАРМА: МАН ҶЕКСОНРО ЧАШМИ ДИДАН НАДОРАМ

Продюсер ва коргардони ҳинд Рам Гопал Варма дар блоги худ чунин навиштааст: «Ман ӯро барои он чашми дидан надорам, ки ӯ низ аз ҳамон ҳавое, ки дигарон нафас мегирифтанд, нафас мекашид. Ман ӯро барои он чашми дидан надорам, ки ӯ диле дошт, ки ба мисли дили дигар нафарони оддӣ аз кор монд».

Рам Гопал Варма барои он чунин гуфт, ки шоҳи мусиқии поп барои ӯ ҳамчун фиристодаи Сайёраи дигар буд ва ӯ ҳеҷ гоҳ бовар намекард, ки Майкл Ҷексон ногаҳон вафот мекунад.

Ба Варма вақти дар коллеҷ таҳсил карданаш муяссар гардида буд, ки ҳунарнамоии Майкл Ҷексонро тамошо кунад. Ӯ он вақт суруди «Триллер»-ро тариқи видео тамошо карда буд.

ПРИЯНКА: МАЙКЛ САБАБ ГАРДИД, КИ МАН МУСИҚИРО ДӮСТ ДОРАМ

Ҳунарманди Болливуд Приянка Чопра мегӯяд, ки сурудҳои Майкл Ҷексон дар дили ӯ меҳру муҳаббатро нисбат ба мусиқӣ зиёд кардаанд. «Одам истеъдоди худро дарк карда наметавонад, то даме, ки он гум нашавад. Мусиқӣ бе Майк Ҷекасон мисли пештара садо намедиҳад. Маҳз ӯ сабабгори мусиқиро дӯст доштани ман гардид. Сурудҳои ҷовидонаи ӯ ба мисли «Beat it», «Bad», «Thriller», «Black or White», «Heal the world» ҳеҷ гоҳ аз хотири ман зудуда нахоҳанд шуд. Ҷаҳон ҳунарманди бузурги худро аз даст дод ва доим ғам хоҳад хӯрд» — мегӯяд Приянка.

ТАРУН МАНСУКХАНИ КОРГАРДОНИ «DOSTANA»

— Ӯ ҳаёти ғамгинонаро аз сар гузаронидааст. ӯ аз синни панҷ солагӣ ба сурудан оғоз карда, на тифлӣ ва на наврасиро дида буд. Мо доим ӯро пайгирӣ мекардем, дар бораи ӯ овозаҳоро ҷамъ меовардем. Мо ӯро азоб медодем, мо ӯро инсони ғайриоддӣ меномидем ва дар ҷавоб ӯ ба мо суруде мехонд, ки хотираҳои маро варақгардон мекард. Вақте ки мо ишқи аввал, рақси аввал ё маъшуқаи аввалини худро пайдо кунем ӯ ҳатман бо мо буду мемонад. ӯ акнун барои худ ҷойи ором ёфт.

ҶЕКСОН ФИКРИ БО РАҲМОН КОР КАРДАНРО ДОШТ

Рӯзҳои охири ҳаёташ Майкл Ҷексон шеърҳои Рабиндранат Тагорро мехонд.  Ҳамчунин ӯ хоҳиши бо ҷоизадори Оскар компазитори ҳиндӣ А. Раҳмон вохӯрда, барои албоми нави худ «Гимни ягона»-ро омода кардан мехост. Албоми ба нақшагирифтаи Майкл Ҷексон фарҳанги ҳиндро тараннум мекард. Ҳамсари бародари Майкл, Ҷереми як муддат дар Ҳиндустон, дар Чандигарх зиндагӣ мекард, бинобар ин ӯ Майклро ба фарҳанги ҳинд ҷалб мекард. Ҳамкории Майкл ва Раҳмон бори аввал набуд. Солҳои 90-уми асри гузашта онҳо якҷоя суруди «Ekam satyam»-ро сабт карданд, ки бори аввал соли 1999 дар Мюнхен дар консерти хайриявии Салиби Сурх муаррифӣ шуда буд. Дар ин барномаи консертӣ Майкл Ҷексон бо либоси миллии Ҳиндустон ҳунарнамоӣ карда буд. Ҳамчунин ӯ ҳамеша хӯроки ҳиндиро тановул мекард ва ошпази ҳиндуе дошт, ки ӯро доим ҳамроҳи худ мегардонд.

ИМРАН ҶЕКСОН-2?

Тибқи хабарҳои охирини Болливуд Имран Хон дар Болливуд на танҳо яке аз пайравони рақсҳои Майкл Ҷексон мебошад, балки ӯ дар филми «LUCK» зери навои суруди Майкл Ҷексон мерақсад.

Бо шими ҷинси сиёҳ ва куртаи сурх ӯ дар қиёфаи Майкл Ҷексон намудор мегардад. Баъд аз марги ӯ намоиш додани филм бо қиёфаи Майкл мухлисонашро ба ваҷд меорад.

«Вақти ба нақша гирифтани филми мазкур фикр намекардем, ки Ҷексон аз дунё мегузарад» — мегӯянд аъзои гурӯҳи банаворгирандаҳо. Акнун тавассути ин филм коргардон ва дигар аъзоёни филм рӯҳи Майкл Ҷексонро шод мекунанд.

Майкл Ҷексон вафот кард, вале ӯ дар дили мухлисонаш доим зинда хоҳад монд. Мусиқии ӯро садсолаҳои дигар гӯш хоҳанд кард. Сурудҳои ӯ боз рӯҳи ҳазорҳо нафарро болида хоҳад кард.

Марги ӯ ҳамаи ҷаҳонро ғамгин кард. Ҳамаи шахсони машҳур ва оддиро андӯҳгин намуд.

ШАМШОДА

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s