ҶЕННИФЕР ЛОПЕЗ АДВОКАТ ШУДАНӢ БУД, ВАЛЕ…


ДЖЕННИФЕР ЛОПЕЗ

ДЖЕННИФЕР ЛОПЕЗ

Ҷеннифер Лопез 24-уми июли соли 1970 дар Бронкс, дар оилаи муҳоҷирони Пуэрто-Рико Гваделупа Родригес ва Давид Лопез чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. ӯ ду апа дошт- Линда ва Лесли. Оилаи онҳо камбизоат бошад ҳам, падару модар кӯшиш мекарданд, ки духтаронашон аз чизе танқисӣ накашанд. Онҳо як миқдор маблағ ҷамъ карда, Ҷенниферро ба мактаби католикӣ барои таҳсил фиристонданд.

Модари Ҷенни кӯшиш мекард, ки духтарашро аз муҳити кӯча дур кунад, бинобар ин дар синни панҷсолагӣ ӯро ба мактаби рақс медиҳад.Ҷенни худро хуб нишон дода, баъд аз ду сол дар барномаҳои консертии шаҳрӣ иштирок мекард. Сол ба сол меҳри рақс ва суруд дар дили Ҷеннифери наврас ҷо мешуд. Духтараки 14 сола дарси сурудро оғоз мекунад ва дар чорабиниҳои мактабӣ тарона мехонд. Модараш шуғли ӯро ҳамчун хобби медонист ва мехост, ки духтараш ба коллеҷ дохил шуда, ҳимоятгар шавад. Бинобар ин Ҷенни маҷбур мегардад, ки орзуи карераи сарояндагиро як сӯ гузошта, волидайнашро гӯш кунад. Бо исрори волидайн Ҷеннифери 17 сола барои кор ба идораи ҳуқуқӣ меравад.

Дар он ҷо чашмонаш ба эълоне, ки дар бораи қабули донишҷӯён ба мактаби рақсии Манхеттен буд, меафтанд, ки баъд Ҷенни низ ба он ҷо дохил мешавад. Акнун ӯ рӯзона кор мекард ва шабона ба рақс мерафт. Баъд Ҷеннифер ба коллеҷ дохил мешавад. Баъд аз як нимсола ӯ рақсро интихоб карда, коллеҷро як сӯ мегузорад. Ҳамин сабаб мешавад, ки падару модар Ҷенниферро намефаҳманд ва ӯ хонаро низ тарк мекунад. Аввалин мушкилоте, ки Ҷеннифер бо он рӯ ба рӯ шуд, надоштани сарпаноҳ буд. Вале студияи рақсӣ барои Ҷенни сарпаноҳ шуд. Он вақтҳо ӯ аз клипҳо 20 доллар мегирифт, ки ин маблағ ночиз буд.

Ҷенни ҳар рӯз ба ҷустуҷӯйи кор мебаромад, вале бинобар сабаби аз Пуэрто-Рико будани волидайнаш ӯро ба кор намегирифтанд. Ҳамин минвол ҳашт моҳ паси сар шуд ва аз наёфтани ҷойи кори мувофиқ ӯ ба депрессия гирифтор гардид. Тамоман умедашро аз ҳама чиз канда буд. Дар 19 солагиаш аввалин маротиба бахт ба рӯйи Ҷеннифер хандид. Ҷенифере, ки як умр орзуи ҳунарпеша шуданро дошту карераашро аз рақс оғоз кард, баъд аз нӯҳ моҳи фаъолият аллакай ба сафари ҳунарӣ ба Ҷопон рафт.

Баъд аз ду сол яке аз роҳбарони шоуи «Ранги зинда» ба Ҷеннифер Лопез занг зада ӯро барои иҷрои нақши раққоса даъват мекунад. Ҳунарпеша бо ду ҳазор довталаб қувваозмоӣ карда ғолиб баромад. Ҷенниферро як чиз ғамгин мекард: ӯ танҳо буд. ӯ на дӯст дошт ва на одами наздик. Рақс барои Ҷеннифер ҳама чиз буд. Карераи ӯ рӯз ба рӯз пеш  мерафт. Баъд аз шоуи «Ранги зинда» Ҷеннифер ба Голливуд роҳ меёбад. ӯро барои офаридани нақши раққоса дар филми мазҳакавии «Дар олами зинда» даъват мешавад.

Баъд аз мазҳака хоҳиши дар филмҳои ҷиддӣ нақш офаридан пайдо шуд. Аввалин маротиба Ҷеннифер ҳамчун ҳунарпеша дар силсилафилми «Южный Централ» нақш офарид, ки коргардон ва продюсери он шавҳари дугонааш буд. Филми мазкур ба ҳунарпеша барои иҷрои нақш дар ду филми дигар: «Вторые шансы» ва «Дорога Малибу» роҳ кушод. Ҷеннифер карераашро дар телевизион соли 1993 ба охир расонид. Аллакай баъд аз як сол ӯ дар филми бадеии «Оилаи ман» нақш офарид. Коргардони филми мазкур Грегори Нава буд. Акнун Ҷеннифер зуд-зуд барои иҷрои нақш дар филмҳо аз ҷониби коргардонҳо даъват мешуд. Имрӯз Ҷеннифер бо боварии комил гуфта метавонад, ки орзуҳояш ҷомаи амал пӯшиданд.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s