ВИКТОРИЯ РУФФО: КАДБОНУИ МОҲИР НЕСТАМ


ВИКТОРИЯ РУФФО

ВИКТОРИЯ РУФФО

Номи асосӣ: Виктория Эухения Гуадалупе Мартинес (Victoria Eugenia Guadalupe Martinez) Рӯзи таваллуд: 31-уми майи соли 1962 Ҷойи таваллуд: шаҳри Мехико Номи модараш Гуадалупе Морено Эррера (Guadalupe Moreno Herrera), номи падараш бошад, Рамон Мартинес дел Рио (Ramon Martinez del Rio) мебошад. Соҳиби ду апа – Марсела Руффо, ки худро ба соҳаи продюсерӣ бахшидааст ва Габриэла Руффо, ки мисли Виктория дар филмҳо нақш меофарад, аст.

Виктория Руффо карераашро аз соли 1980 аз филми бисёрсериягии «Мушкилоти як духтур» (Conflictos de un medico) оғоз кардааст. Баъд аз ин, фаъолияташро дар новеллаи дигар бо номи «Дар дунёи сурх зиндагӣ мекунам» бо ҳунармандони машҳур, аз қабили Алма Мюриэл (Alma Muriel), Силвия Паскел (Silvia Pasquel) давом додааст.

Соли 1983 продюсер Валентин Пимштейн ба ӯ имконияти дар филми «Дарранда» («La fiera») офаридани нақши асосиро дод. Баъдан Эрнесто Алонсо офаридани симои марказии филми бисёрсериягии «Просто Мария»-ро ба ӯҳдааш гузошт, ки ӯ ба хубӣ аз иҷрои ин нақш баромад. Бояд гуфт, ки филми мазкур зиндагӣ ва карераи Викторияро ба куллӣ тағйир дод.

Виктория бо Эухенио Дербес оиладор шуда, аз ӯ писарчае ба дунё овард, ки номашро Хосе Эдуардо гузоштанд. Баъд аз тавлиди дугоник ӯ боз ба саҳна баргашт ва дар филмҳои «Маро ба оғӯш бигир» ва «Моиндар» нақш офарид. «Ман бо Артуро Пениче муносибати хуб дорам. Аллакай солҳои дароз шинос ҳастем, вале имконияти ҳамроҳ нақш офаридан ба мо даст надодааст. Бо Марисио Очман шинос набудем, вале бо ӯ ҳамкорӣ кардан бароям сюрприз буд. ӯ ҳунарманди беҳтарин ва инсони хуб аст», — мегӯяд Виктория дар бораи шариконаш аз филмҳо.

— Чаро шумо ба таклифи ширкати «Telemundo» розӣ шудед?

— Диққати маро сюжа, ҳайати ҳунармандон ва нақш ҷалб кард. Бар замми ин, хислатҳои қаҳрамоне, ки бояд нақшашро меофаридам, ба ман мувофиқат мекарданд, яъне мо ҳар ду ошиқ, мубориз, модарони хуб ва дугонаҳои беҳтаринем. Вале синну соламон мувофиқат намекард. Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки қаҳрамонҳоям аз худам калон бошанд. Дар синни 20 солагӣ нақши модарро офарида будам ва дар синни 22 солагӣ соҳиби «писар» будам, ки дар асл аз ман ду сол хурд буд.

— Шумо низ мисли қаҳрамонатон дӯстони деринаатонро қадр мекунед?

— Бале. Ман аз Мексика, ки наворбардорӣ он ҷо мегузашт, ҳамроҳи дугонаи мактабиам ба Колумбия омадам, ки ӯ то охир ҳамроҳам буд. Аз ӯ хеле минатдорам, зеро дурӣ аз оила бароям душвор буд.

— Маънои номи шумо малика аст. Оё худро малика меҳисобед?

— Дар баъзе ҳолат ҳа, чунки ҳаёт бо ман созиш мекунад. Номе, ки падару модар ба инсон медиҳанд, таъсири хуб мерасонад. Дар хурдсолӣ гумон мекардам, ки номам зебо садо намедиҳад, вале бо мурури замон ба он одат кардам. Виктория муродифи муваффақият ва чизҳои хуб низ ҳаст.

— Мақсади Виктория хушбахт кардани оилааш аст. Шумо чӣ мақсад доред?

— Мақсади ман низ ҳамин аст. Оромӣ дар оила ва тарбияи хуби фарзандонро мақсади худ қарор додаам. Ҳамчун модар вазифадорам, ки онҳоро хуб тарбия кунам. Писари калониам Хосе Эдуардо аллакай ба балоғат расидааст. Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, ҷавонӣ давраи гузариш дорад ва маҳз дар ана ҳамин давра тарбия ва назорат кардани кӯдакон ниҳоят мушкил аст. Дар ин синну сол онҳо мехоҳанд мустақил бошанд ва фикр мекунанд, ки ҳар кори мекардаи онҳо дуруст аст, ҳатто ба насиҳати модар гӯш кардан намехоҳанд. Вале модар ба фарзанди худ танҳо хушбахтӣ мехоҳад. Вақте дар тарбияи фарзандонам бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавам, зуд падару модари худро ёд меорам ва фикр мекунам, ки дар тарбияи ман чӣ қадар мушкилӣ мекашиданд.

— Боре фарзандонатон шикоят кардаанд, ки шумо бо онҳо кам сӯҳбат мекунед?

— Не. Хосе Эдуардо ҳамеша маро ба ҳар ҷойе ки мерафтам, ҳамраҳӣ мекард. Бинобар ин, мушкилиҳои касби маро медонаду гумон мекунам, ки ифтихор низ мекунад. Илова бар ин, падараш ҳам ба шоу-бизнес сару кор дорад. Падари дугоникҳоям бошад, сиёсатмадор ва адвокат аст. Вале бо вуҷуди ин писаронам шикоят накардаанд.

— Оё фарзанди калониатон намехоҳад, ки дунболагири касби шумо бошад?

— Не, ӯ продюсер ва коргардон шудан мехоҳад. Вале ман мехоҳам, ки ӯ сароянда шавад. Зеро сарояндагӣ ба ӯ ҳам шӯҳрат ва ҳам маблағ меорад, вале продюсер бошад, баръакс маблағро доим сарф мекунад (механдад). Мисли дигар модарон танҳо хушбахтии онҳоро дидан мехоҳам, бинобар ин бигзор касбашонро худ интихоб намоянд. Зеро вақте ҳунарпеша шудан хостам, модарам маро дастгирӣ карда буд.

— Дар филмҳо шумо кадбонуи хубед, дар зиндагии реалӣ чӣ?

— Бовар кунед, кадбонуи хеле бад ҳастам, бештар дар берун буданро дӯст медорам. Шавҳарам аз чунин рафторам бисёр шикоят мекунад. Медонам, ки дар хона вазифаҳои муайян дорам, вале кадбонуи моҳир нестам.

— Шумо дар мард кадом хислатҳоро меписандед?

— Мехоҳам, ки мард доно ва диққатҷалбкунанда бошад. Шавҳарам, ба қавли мардум ҳаҷви сиёҳ дорад, ки ин маро ғамгин мекунад, вале ба ӯ одат кардам. Зан бояд аз марде, ки бо ӯ зиндагӣ мекунад, ифтихор кунад ва ман аз Омар ифтихор мекунам. Фаъолияти сиёсатмадориаш маро ба ҳайрат меорад ва нафароне, ки ӯро мешиносанд, бо ӯ ифтихор мекунанд. Ман бошам, аз ин меболам.

—  Ба фикри шумо ҳастанд мардоне, ки аз занҳои доно ҳарос доранд?

— Бале. Вале сабаб ба худ боварӣ надоштан аст. Бо мардони доно ин ҳолат рӯй намедиҳад. Ҳастанд мардоне, ки метарсанд, аз зан чизеро омӯзанд. Умед дорам, ки наслҳои оянда чунин тарсро дар дил ҷо нахоҳанд кард.

— Оё  мехостед, бо марди аз худ хурд муносибат дошта бошед?

— Не, зеро зарбулмасали «нафаре, ки бо кӯдак мехобад, тар аз бистар мехезад», комилан дуруст аст. Шавҳарам аз ман як сол хурд аст, вале мо ба якдигар дар ҳама масъала монандем.

— Шумо наметарсед, ки вақт гузашта истодааст?

— Ожангҳо маро наметарсонанд, вале масъалаи саломатӣ маро ором намегузорад. Ман зидди ҷарроҳии пластикӣ нестам, вале дардро дар худ бад қабул мекунам, бинобар ин барои зебоӣ худро қурбон намекунам.

— Дар кори шумо намуди зоҳирӣ хеле муҳим аст. Барои нигоҳ доштани ҳусни зоҳирии худ аз кадом воситаҳо истифода мебаред?

— Кӯшиш мекунам, ба маҳсулоти истеъмол мекардаам диққат диҳам ва бо макияж нахобам. Ба мӯйҳоям низ диққати хоса медиҳам. Вале барои обутоби бадан ба варзиш машғул намешавам, зеро он бароям дилгиркунанда аст.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s