ФАРЗОНА БОЯД ДАР ОЗОДӢ БОШАД!


ФАРЗОНАИ ХУРШЕД

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД

Саломи бепоён ба кормандони ҳафтанома ва хонандагони он! Ман дар ҳафтаномаи дӯстдоштаам «Зан ва мард» мақолаи «Бигзор Фарзона ҷазо гирад!»-ро, ки ба қалами Айём Достиев тааллуқ дорад, хонда хеле таассуф хӯрдам, ки чаро оллоҳи меҳрубон дар олам шахсони тангдил ва бахилро зиёд кардааст. Ин шахсон на ба қадри меҳнат мерасанду на ба қадри хизмат.

Санъате, ки Офаридгор ба Фарзона додааст, на ҳар санъаткор дорад ва мо бояд бо он фахр кунем. Дар олам касе бегуноҳ нест. Айём, як маротиба фикр намоед, магар Шумо гуноҳ надоред ё худро фаришта мешуморед?

Фарзона ҷинояте содир кардааст, ки дар асл ҳар як шахс метавонад барои шахси наздикаш ба чунин амал даст занад. Дар асл ин онқадар гуноҳи вазнине нест. Ба ҳар ҳол ин ҳолатро суд бояд ба инобат мегирифт, ӯро аз озодӣ маҳрум намекард ва дили ҳазорҳо мухлисонашро захмину рақибонро шод наменамуд. Дар даврае, ки барои давлат ва ободгардонии он маблағҳо заруранд, додгоҳ Фарзонаро бояд ҷарима мекард, то ин ки бо он маблағ маконе обод шавад. Ба фикрам як шаб дар маҳбасхона басанда буд, ки Фарзона гуноҳи худро дарк намояд. Аз тарафи дигар дар озодӣ мондани ӯ магар ягон хавф дошт?

Ҳаргиз не! Шояд кормандони Суди олӣ сари ин масъала фикре кунанд… Ба ҳар ҳол Фарзона санъаткори дӯстдоштаи ман асту мисли ман садҳо, ҳазорҳо нафаранд ва мо мехоҳем, ки Фарзонаро дар саҳна бинем, зеро таронаҳои ӯ таскиндиҳандаи дили ҳазорҳо беморон аст ва бояд ҷойи ӯ дар озодӣ бошад. Эй рақибони Фарзона! Дили худ аз кинаву адоват шӯед ва чашм кушода, аз нигоҳи инсондӯстӣ ва маърифатпарварӣ ба олам нигаред, зеро дар ин дунёи дурӯза лоиқ нест, ки инсоне барои чунин ҷиноят паси панҷара шинад. Ҳол он ки зиндагӣ бо Фарзона баринҳо гуворо аст. Ҷойи булбулон қафас нест!

Manu-tu.tj

http://manu-tu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212%3A2010-04-17-12-41-08&catid=5%3Astars-tj&Itemid=11&lang=ru

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s