ВАНДАМ НАШЪАМАНД АСТ?


ЖАН-КЛОД ВАНДАМ

ЖАН-КЛОД ВАНДАМ

Агар ба сари ин ҳунарманди маъруф фикри навиштани тарҷумаи ҳолаш ояд, сархати онро бо номи филми аввалинаш оғоз хоҳад кард, ки чунин хоҳад буд: «Тан надодан, мағлуб нашудан».  Номи асосии ситораи машҳури ҷаҳон — Жан-Клод Ван Варенберг мебошад. ӯ 18-уми октябри 1960 дар Брюссел таваллуд шудааст. Модараш зодаи шаҳри Фламинго буда дар ҷойе кор намекард. Падараш зодаи Белгия, роҳбари мағозаи гулфурӯшӣ буд.

Яъне на ба кино ва на ба варзиш ягон нафар аз оилаи онҳо муносибат надоштанд. Бовар кардан душвор аст, вале Ван Дамм дар хурдсолӣ доим бо чашму рӯйи аз зарби мушту лагад сиёҳгардида мегашт. Ҳамсолонаш бошанд, аз он ки қувваи худро дар ӯ месанҷанд, бо сари баланд мегаштанд. Бо вуҷуди ин вақте ки Ван Дамм 11 сола шуд, падараш ӯро ба варзиши каратэ монд.

Падар ҳатто гумон надошт, ки бо ин кораш ояндаи фарзандашро ҳал мекунад. Волидайн танҳо мехостанд, ки фарзандашон солим ва бақувват ба воя расад. Ван Дамм аз рӯзи аввал ба каратэ сахт дода шуд. Вақте ки одамон ҳама аз толори машқ мерафтанд, ӯ то дергоҳ истода машқ мекард. Дар ҳама ҷо бо либоси машқӣ гаштан ба ӯ ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона шӯҳрат дод. Дар синни 16 солагӣ ӯ дар яке аз мусобиқаҳои бонуфуз ғолиб омад ва дар финал бо марде, ки аз худаш ду маротиба калон ва фарбеҳ буд, ҷангид. Устоди Ван Дамм – Клод Гетц дарҳол истеъдоди шогирдашроро дарк кард ва доим талқин ба он мекард, ки чемпион шавад. Гетц вақти зиёдашро ба Ван Дамм сарф менамуд. ӯ ба сари Ван Дамм кӯлоҳи махсус пӯшонида ба тарафаш сагашро сар медод.

— Устодам саги хуб дошт. Саг ҳеҷ гоҳ аз рӯй намегазид, танҳо ба даст ва пой кор дошт, — ба хотир меорад Ван Дамм.

Соли 1978 Гетц ба шогирдаш миёнбанди сиёҳ тӯҳфа намуд ва 8-уми марти соли 1980 Ван Дамм дар як майдони мубориза бо як зарба Дитрих Таргиллзро аз пой афтонд, ки баъд аз ҳамин мусобиқа ӯ чемпиони Аврупо муаррифӣ гардид. Соли 1979 Жан-Клод Ван Дамм дар Брюссел бо номи «Калифорния» клубе кушод, ки дар шаҳр маъруфият ба даст овард. Дар он ҷо ба ғайр аз каратэ боз аэробика, рақс ва бодибилдингро меомӯзониданд. Баробари соҳиби клуби шахсӣ шудан Ван Дамм соҳиби мошини тамғаи охирин, хонаи барҳаво ва суратҳисоб дар бонк гардид.

Вале барои ӯ ҳамаи ин кам буд, зеро орзуи беҳтаринаш нақшофарӣ дар синамо буд. ӯ ба хулосаи амиқ омад, ки ситораи кино мешавад. Соли 1980 ӯ ба Милан рафт, ки дар он ҷо конгресси тоҷирони кино баргузор мегашт. Ван Дамм ба толор бо шаҳодатномаи шахси дигар ворид шуд ва нотарсона бо якчанд нафар робитаи шиносоӣ барқарор кард. Баъди ин дӯстии тақдирсоз ӯ хона баргашта клубашро фурӯхт. Падару модар ва рафиқонаш рафторашро аблаҳӣ пиндоштанд. Фаъолияти худро Жан Клод аз касби модел оғоз бахшид.

Ҳамчунин ӯ ба роҳбари ширкати «Голден Харвест» Раймонд Чоу пешниҳоди ҳамкорӣ намуд, вале Чоу хоҳиши бо ӯ ҳамсӯҳбат шуданро накард. Баъд аз ҳашт сол худи Чоу барои бастани риштаи ҳамкорӣ назди Ван Дамм мервад, вале аллакай дер шуда буд. Соли 1981 Жан-Клод Ван Дамм дар Париж бо ситораи Голливуд Жаклин Биссет шинос мешавад, ки ин вохӯрӣ тақдири ӯро тамоман тағйир медиҳад. Жаклин ба Ван Дамм пешниҳод мекунад, ки ба Голливуд равад ва ваъда медиҳад, ки барои ба мақсад расидан кӯмак мекунад. Ван Дамм баъд аз ин пешниҳод барои ба Амрико сафар кардан тайёрӣ дид. ӯ толори варзишиашро фурӯхта, бо ҳамсараш ҷудо мешавад ва ба Лос-Анҷелес меравад.

Аз тайёра фуруд омада дар таҷҷуб мемонад, зеро дар он ҷо ҳеҷ кас бо забони фаронсавӣ гап намезад ва ӯ танҳо якчанд калимаи англисиро медонисту халос. Дигар он ки маълум шуд, ки Жаклин аллакай дӯсти дигар ёфтаасту бо Александор Гадунови раққос дар Гавая истироҳат карда истодааст. Пас аз якчанд моҳ ӯ нияти бозгашт ба хонаро мекунад, зеро 8 000 доллари доштааш оҳиста-оҳиста тамом шуда буд. ӯ боз аз раъяш гашт ва дар наздикии Голливуд хонаеро ба иҷора гирифт ва ҳамчун ронанда корро оғоз кард.  Боре ситораи машҳур Чак Норрис Ван Даммро ба клуби худ ба кор даъват кард. Клуби Чак барои Ван Дамм хонаи ягона шуд. ӯ дар он ҷо бо Гледис Португез оиладор шуд.

Чор сол Ван Дамм ба тамоми идораҳои Голливуд занг зада тавассути маҷаллаҳои фаронсавӣ худро таблиғ мекард. Махсусан ба роҳбари ширкати «Кэннон Пикчерз» Менахем Голан бештар мактуб менавишт. Голан розӣ мешавад, ки бо Ван Дамм барои се филм шартнома бандад. Баъд аз филми «Тан надодан, мағлуб нашудан» коргардонҳо аз паси Ван Дамм мегаштанд, то ки бо ӯ шартнома банданд. Дар муддати кӯтоҳ Ван Дамм дар якчанд филм нақш офарид. Соли 1989 филми «Киборг» ба навор гирифта шуд, ки 9,5 миллион фоида овард. Филмҳояш пайи ҳам рӯйи экрани телевизор намудор мегаштанд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ тамоми телевизионро пахш кард ва ситораи дурахшони синамо гардид. Бояд қайд кард, ки ба серкорӣ нигоҳ накарда, Ван Дамм ҳатто вақти банаворгирӣ бо варзиш ҷиддан машғул мешавад.

— Рӯзи кориам аз соати 5-и субҳ оғоз мегардад. Баъд ман 45 дақиқаамро дар хонаи машқ мегузаронам, пасон нишаста наҳорӣ мекунам ва боз ба кор машғул мешавам. Шабона ду соат ба бодибилдинг ва спарринг банд мешавам. Қадам 178 м ва вазнам 82 км мебошад, ки агар ҳамин тавр истам, боз 10 соли дигар дар соҳаи кино нақш хоҳам офарид. Ман ба воситаи каратэ шӯҳратёр гардидам ва инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард, — мегӯяд Ван Дамм.

Мунаққидон доим филмҳои Жан-Клод Ван Даммро танқид мекунанд, ки ӯ дар филмҳояш дар даҳ дақиқаи аввали ҷанг якеро сар мебурад, дигареро беҳуш мекунад ва саввумиро гардан мебурад ва дар вақти боқимонда бо ҳазорон нафар одамони дигар муносибат мекунад. Ин филмҳо филмҳои фаҳшро ба хотир меоранд, танҳо фарқ дар он аст, ки дар он на ҷойхоб, балки ҷанг ҳукмфармо аст…

Ростӣ, Ван Дамм низ худ филмҳояшро доим танқид мекунад ва мунаққидонро бовар мекунонад, ки ягон вақт дар филме нақш меофарад, ки дар фестивали Канна сазовори ҷойи аввал мегардад. Солҳои охир Жан-Клод Ван Дамм дар филмҳои зиёде нақш офаридааст, ки ба ӯ на танҳо миллион доллар овард, балки шӯҳрати ҷаҳонӣ низ дод. Акнун ӯ бо чор забон гап мезанад ва ҳамзамон ба ҳайси ҳунарманд, сенариянавис, наворбардор ва коргардон фаъолият мекунад. Ниҳоят Ван Дамм соҳиби хонаи баҳашамат шуд.

Гледис ба ӯ писар ва духтар таваллуд кард. Оилаи Ван Дамм ба хотири монекеншитса Дарси Лапер вайрон мешавад. ӯ ҳамсари чоруми ҳунарманд мегардад, вале ба муддати хеле кӯтоҳ. Баъд аз ҷудоӣ бо Дарси Ван Дамм ба истеъмоли маводи мухаддир даст зад, вале қувваи зиёде ҷамъ карда, худро дар яке аз клиникаҳо табобат намуд. Ба ҳамаи нобаробариҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ҳунарманд тавассути ВАО мегӯяд, ки ӯ ҳоло қувваи зиёд, нақшаҳои эҷодӣ ва умеди дар оянда бо Голливуд ҳамкорӣ карданро дорад.

Тахияи ШАМШОДА

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s