СИТОРАЕ АЗ ОСМОНИ ҲУНАР КАНДА ШУД


Зулфикори Азиз

Зулфикори Азиз

Зулфиқори Азиз, овозхони саршиноси тоҷик ва яке аз таъсисдиҳандагони гурӯҳи мусиқии овозадори “Анис” дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. Ҳунаршиносон аз вай ба унвони овозхоне боистеъдод ва оҳангсозе мумтоз дар Тоҷикистон ном мебаранд. Зулфиқори Азиз ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар миёни ҷавонон шӯҳрати зиёде дошт.

Гур ӯҳ и «Анис» дар соли 1986 таъсис шуд ва пан ҷ бародар — Достони Азиз роҳбари гур ӯҳ ва Қайсиддини Азиз, Вайсиддини Азиз, Аб ӯ бакри Азиз ва Зулфиқори Азиз аъзои ин гур ӯҳ буданд.

Зулфиқори 19-сола дар он солҳо яке аз маҳбубтарин овозхонони ин гурӯҳ ба шумор мерафт. Дар он замон таронаҳои Зулфиқор аввалҳо дар коссетҳо дар истудиюҳои зерзаминӣ забт мешуд ва ҷавонон ин наворҳоро аз даст ба даст ба фурӯш мерасонданд.

Яке аз далелҳои маҳбубияти гурӯҳи «Анис» ва Зулфиқор дар он буд, ки онҳо барои офаридани таронаҳои худ бо шуъаро ва таронанависон ҳамкорӣ мекарданд. Аз ҷумла, аъзои ин гурӯҳ бархе аз ашъори Лоиқ Шералӣ, шоъири фақидро низ дар он замон сурудаанд. Шоъир Меҳринисо яке аз адибони тоҷик аст, ки аз солҳои аввали таъсиси гурӯҳи «Анис» бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва тавре ки худаш мегӯяд, даҳҳо шеъри вай аз тарафи овозхонҳои ин гурӯҳ иҷро шуда буд.

Дар соли 2009 шоъир Меҳринисо ва овозхонони гурӯҳи «Анис» барномаи вижаеро бо номи «Ширу шакар» иҷро карда буданд. Зимнан, маҳофили «Ширу шакар» дар авосити даҳаи 1980 низ бисёр маъмул буд ва дар ин маҳофил шоъире шеър мехонд ва овозхонҳо оҳангҳоеро бар ашъори ӯ иҷро мекарданд.

Гурӯҳи «Анис» дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тақрибан барномаҳои консертӣ иҷро накард ва баъд аз барқарории сулҳу субот дар ин кишвар ба ин гурӯҳи ҳунарии хонаводагӣ фарзандони ин овозхонон пайвастанд. Аммо Зулфиқор агарчӣ дар барномаҳои консертӣ камтар овозхонӣ мекард, бештар ба оҳангсозӣ пардохт, яъне барои овозхонони гурӯҳ оҳанг эҷод мекард.

Зулфиқори Азиз дар яке аз мусоҳибаҳои хеш ба Би-би-с ӣ гуфта буд: “Замоне гур ӯҳ и “Анис” хеле ш ӯҳ ратёр буд. Ин гурӯҳ миёни ҳаводоронаш дар саросари кишвар бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ мекард ва таронаҳои мо бавижа дар ҷ ашнҳои ар ӯ с ӣ ҳ аводорони зиёде доштанд. Аммо чанд соли ахир аъзои гур ӯҳ кам фаъолият мекарданд ва то андозае аз ёдҳо дур монданд.”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2252—qq.html

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s