ОКСАНА ФЁДОРОВА АЗ ҲАМСАРАШ ҶУДО ШУД


Оксана Федорова

Оксана Федорова

Раванди ҷудошавии Оксана Фёдорова як сол пеш оғоз шуда буд, вале шавҳари собиқи ў – тоҷири  олмонӣ Филипп, Тофт бо ҳар роҳ онро мавқуф мегузошт. Дар бораи пурра ҷудо шудани барандаи телевизион бо ҳамсараш Николай Басков дар яке аз мусоҳибаҳояш, ки дар рўзномаи «Комсомолская правда» чоп шуда буд, хабар дод:«Оксана бо ҳамсараш ҷудо шуд. Айни ҳол ў духтари озод аст. Акнун мо метавонем ним сол боз дар никоҳи шаҳрвандӣ буданамонро озод эълон кунем».

Чӣ тавре ки сароянда хабар дод, Оксана як сол пеш ба суд муроҷиат кардааст. Вале аз рўйи қонунҳои Олмон, агар яке аз ҳамсарон шаҳрванди он ҷо бошад, судя ба онҳо расо як сол вақт медиҳад, то ки фикр карда, ба хулосаи асосӣ оянд. Бинобар ин, кор кашол  ёфт.

Дигар будани забонашон боис шуд, ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Сабаби дигари ҷудошавии ин ду ҷуфт ҷойи истиқомат низ буд. Филипп дар Олмон тоҷирӣ мекунад, Оксана бошад, дар Москва истиқомат мекунад. Ин ҷуфт фарзанд ва моле, ки бояд байни худ тақсим мекарданд, надоштанд, бинобар ин ҷараёни судӣ хуб анҷом ёфт.

Бояд қайд намуд, ки моҳи декабри соли гузашта Николай Басков ба Оксана Фёдорова ангуштарӣ тўҳфа кард, вале Оксана  пешниҳоди оиладоршавии сарояндаро қабул карда натавонист, зеро бо Филипп Тофт никоҳ дошт.

manu-tu.tj


Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s