Ҳабиба ДАВЛАТОВА: АЗ МАНИЖА ОҲАНГ МЕГИРАМ…


Ҳабиба ДАВЛАТОВА

Ҳабиба ДАВЛАТОВА

— Ҳабиба, оё ягон  маротиба эҳсос кардаед, ки аз муҳити санъат дилгир шудаед?

— Оҳангу тарона дунёи ман аст ва мушкилиҳои олами санъатро дидаву дониста ба ин пайраҳа қадам гузоштам. Оғози ҳама гуна фаъолият мушкиливу камбудиҳо дорад, лекин инсон на тасодуфан, балки агар бо иродаи мустаҳкам ба фаъолият қадам гузорад, муваффақ мегардад. Шахсан ман аввалҳо барои ба саҳна баромадан маблағи калон масраф мекардам, ҳоло бошад, барои баромад дар консертҳо ҳаққи хизмат мегирам.

Агар инсон ҳаққонӣ заҳмат кашад, меҳнаташ ҳатман қадр карда мешавад.

— Аз хизмати продюсер ё тарроҳи сарулибос истифода мебаред?

— Бо сарояндагони маъруф ва оҳангсозону шоирон ҳамкорӣ дорам, лекин интихоби сарулибоси саҳнавӣ дар ихтиёри худам аст.

— Ба фикри шумо ба саҳна бо сатр баромадан ҷоиз аст?

— Агар таронаи динӣ бошад, чаро на? Аслан сурудҳое, ки фарогири дину мазҳаб ва паёмбарамон аст, тақозо мекунанд, ки ҳунарманд бо пироҳани пӯшидаи мусалмонӣ ба саҳна барояд.

— Агар дар кӯча қадам занед, муносибати одамон бо шумо чӣ гуна ҷараён мегирад?

— Хеле хуб, ман муҳаббати бародаронаву хоҳаронаи мухлисонамро беҷавоб намегузорам. Бо ҳамаи онҳо муносибати хоксорона дорам. Сароянда тавассути мухлисонаш обрӯю нуфуз меёбад. Худ тасаввур кунед, ки агар мухлисон набошанд, ҳунарманд дар байни кӣ таронаҳояшро тарғиб мекунад. Эҳтироми ихлоси одамон бароям дар мадди аввал меистад.

— Шумо доираи фаъолияти худро васеъ карданӣ нестед?

— Ҳамаи санъаткорон мехоҳанд, ки дар саҳнаҳои баланд ҳунарнамоӣ кунанд. Орзую нақшаҳоям дар ин самтҳо зиёданд, вале баъзан бо сабаби набудани имконияти мусоид ҳунарманд хомӯш мемонад. Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав бо пешниҳоди дӯстонам консерт барпо намудам. Умед дорам, ки бо тоҷикони хориҷа низ вомехӯрам.

— Мегӯянд, ки ҳамкории ду санъаткор сабабгори шӯҳрати зиёд мегардад. Ба ин гуфтаҳо Шабнаму Ҷонибекро мисол меоранд. Ба ин ақида розӣ ҳастед?

— Чунин гумон намекунам, шӯҳрати ҳар кас аз мустақилияти худаш вобаста аст. Ин хел намешавад, ки дар натиҷаи дуэтсароӣ ҳунарманд ба шарики худаш шӯҳрат меоварад, яъне ҳар кас барои худ кор мекунад. Ман замоне бо Сӯҳроби Сафарзод ҳамкорӣ доштам, якҷоя бо як таронаи ошиқона рӯйи саҳна баромадем. Аз ин ҳамкорӣ таъриф шунидем, вале фаъолияти инфиродӣ аз мустақилияти овозхон дарак медиҳад.

— Ҳоло Манижа низ ба оҳангнависӣ машғул аст. Мабодо бо ӯ ҳамкорӣ надоред?

— Не, то ҳол аз ӯ ягон оҳанг нагирифтам, шояд дар оянда аз Манижа оҳанг мегирам…

— Қаблан барои чунин савол узр мепурсам, боре шунидам, ки шуморо бо Меҳрубони Равшан зану шавҳар эълон карданд. Ин ҳангома ба гӯши шумо низ расид?

— Бале, овозаҳо ба гӯши ман низ расиданд, лекин на маро, балки як  бонуи дигарро ҳамсари дуввуми Меҳрубон эълон карданд. Чун шахсиятҳои маъруф мавриди таваҷҷӯҳи одамон ҳастанд, дар атрофашон шӯру ғавғо зиёд аст.

— Кадом рафтори мардон шуморо рӯҳафтода месозад?

— Намедонам, то ҳол ягон марде дар зиндагӣ маро рӯҳафтода накардааст, вале дар мардон хислати ростқавлиро меписандам. Мехоҳам, мардон ба қадри бонувон расанд ва сазовори эҳтироми ҳамсарони хеш бошанд.

— Оё шудааст, ки мухлисе ошиқатон шуда, қотеъона талаб карда бошад, ки бо ӯ оиладор шавед?

— Чунин воқеаҳо зиёд буданд, ман барои аз чунин мухлиси хира дурӣ ҷустан ба зангҳои телефониаш ҷавоб намедиҳам ё рақамҳоямро иваз мекунам. ӯ ошиқ шудааст ва шояд барои хирагӣ ҳуқуқ дошта бошад, лекин ман нисбати мухлисонам танҳо меҳри бародаронаву хоҳарона дорам. Намехоҳам, ки доираи муносибати моро ғайри санъат чизи дигаре фаро гирад.

— Тӯҳфае, ки шуморо дар зодрӯзу идҳо хурсанд мекунад, кадом аст?

— Ҷашни зодрӯзу дигар идҳо хоҳу нохоҳ барои хушҳолии инсон мусоидат мекунанд, касе туро бетӯҳфа табрик кунад ҳам, хушу гуворо аст. Ман байни тӯҳфаҳо фарқ намегузорам, муҳим он аст, ки тӯҳфа аз сидқи дил тақдим карда шавад. Аз ин рӯ, ҳар он чизе ки муносибам медонед, дар зодрӯзам гирифта, ба хонаам шитобед. (механдад)

— Ба ишқ аз нигоҳ аввал бовар доред?

— Бале, бовар дорам, ишқи ҳақиқӣ бо як дидан дар дил оташ меафрӯзад. Баъзеҳо мегӯянд, ки муҳаббат дар раванди зиндагӣ таваллуд мешавад, ба фикри ман шояд дар ҷараёни ҳаёти хонадорӣ муҳаббат ба одат табдил ёбад.

— Шиори шумо дар зиндагӣ

Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,

Ба ҷуз ғами ӯ пеша ба гуфтор надорем.

Manu-tu.tj

Реклама

One comment on “Ҳабиба ДАВЛАТОВА: АЗ МАНИЖА ОҲАНГ МЕГИРАМ…

  1. Бисер мехохам бо хамин Бону аз наздик ошно бошам.Илтимос кумак намоед Хабибабону сурога ва раками телефонатонро мепурсам.Касоне ки метавонанд илтимос кумак намоянд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s