ФИЛМИ НАВИ РИТИК РОШАН


РИТИК РОШАН

РИТИК РОШАН

Санаи 16-уми май дар Ню-Йорк намоиши филми коргардон Анураг Басу «Бодбаракҳо/Бумажные змеи/Kites» баргузор мегардад. Дар нақшҳои асосӣ Ритик Рошан, Барбара Мори ваКангана Ранаут нақш офаридаанд. Бояд гуфт, ки варианти кўтоҳкардашудаи филм бо забони англисӣ  бо номи «Kites: The Remix»  омода шудааст. Барои бори дигар монтаж кардани филм коргардон Брет Ратнер кўмак кард.

Филмимазкур дар 2000 кинотеатрҳои ҷаҳон ва 200 кинотеатрҳои Амрико намоиш дода мешавад. Продюсер Ҷайтимал Гада хост, ки дар Ҳиндустон филми мексикоии«Ҳамсари бародари ман»-ро то баромадани филми «Kites: The Remix» ба таври ҳиндӣ бо иштироки Барбара Мори пешниҳод кунад, вале вақт даст надод. Ў ба хулосае омад, ки дертар нияташро ҷомаи амал мепўшонад.

Продюсер фикр мекунад, ки иштироки ҳунарпешаи мексикоӣ Барбара Мори дар филми  «Kites: The Remix» диққатҷалбкунанда хоҳад буд. Барбара Мори 2-юми феврали соли 1978 дар Уругвай ба дунё омадааст. Падараш низ зодаи ҳамин минтақа буда, модарашмексикоӣ аст. Дар синни сесолагӣ, баъд аз ҷудо шудани падару модар Мори ба Мексика мекўчад.

Ў аз синни 14 солагӣ ҳамчун пешхизмат кор мекард. Маркос Толедоўро ба ҳайси модел ба кор даъват мекунад. Аввалин филмаш соли 1997 бо номи  «Нигоҳи зан» (Mirade de Mujer) ба намоиш гузошта шуд. Худи ҳамон сол ў бо ҳунарманд Серхио Майера оиладор шуда,писарча таваллуд мекунад. Вале баъд аз се сол аз ҳамсараш ҷудо мешавад.

manu-tu.tj



Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s