ҶОНИБЕК: ДИЛАМ АЗ ОЗМУНҲОИ ТОҶИКИСТОН МОНД


ҶОНИБЕК МУРОД

ҶОНИБЕК МУРОД

Санамо, меоӣ гулат ба дастӣ,

Чашмонат зи хаёл хумору мастӣ,

Чаро хаёли ман ба худ бастӣ

Зи ҳолам бехабар бепарво ҳастӣ

Ҷонибек, оё бо ҳамдастии Малика Қаландарова ва писараш Артур Гулкоров дар хориҷа ягон барнома омода кардаед?

— Бо Малика ва писарашон вохӯрӣ доштем, албатта, мехоҳем, ки якҷоя ягон барнома ташкил намоем. Вале аз сабаби норасоии вақт имкони гузоштани чунин масъала нашудааст.


Ҳамаи консерту вохӯриҳои мо аз рӯйи низоми муайян тарҳрезӣ шудааст, аз ин рӯ, вақт намешавад, ки нақшаҳои берун аз барномаро тарҳрезӣ кунем.

— Лоиҳаи «JM-Мадина» дар кадом самтҳо кор мекунад ва таъсисдиҳандаи он кист?

— Лоиҳаи «JM-Мадина» ба монанди ширкати «JM-Парвизбек» дар самти баргузор намудани консертҳо дар давлатҳои хориҷа фаъолият мекунад ва айни замон ман бо онҳо шартнома бастаам. Айни ҳол чунин лоиҳаҳо хеле зиёданд ва ман мекӯшам, ки бо ҳамаи онҳо робитаи ҳамкорӣ пайдо намуда, доираи фаъолиятамро васеътар созам.

— Оё Ҷонибек он шӯҳрате, ки дар Тоҷикистон ва хориҷа пайдо кардааст, дар байни мардуми русзабон ёфтааст?

— То имрӯз мо дар Русия набудем. Тобистон дар шаҳри Маскав нияти барпо намудани консертро дорем. Аз 21-уми майи соли ҷорӣ силсиласафарҳои мо аз Амрикову Аврупо оғоз гардида, дар Дубаю Маскав ба охир мерасад. Нахустбарномаи мо санаи 21-ум дар иёлоти Вирҷинияи Амрико барпо мегардад. Аллакай рекламаи консертҳо пахш шуда истодаанд. Пас аз ду ҳафтаи анҷоми сафар дар Амрико мо сӯйи давлатҳои Аврупо парвоз мекунем. Соли равон даҳ таронаи нав сабт намудем, ки аллакай дар фурӯш қарор доранд.

— Нархи чиптаҳои барномаҳои консертӣ дар хориҷа чанд сӯм аст?

— Чиптаҳо он қадар нархи гарон надоранд. Чӣ хеле ки дар Тоҷикистон 50-100 доллар арзиш доранд, чиптаҳои консерти мо дар ҳама давлатҳо бо чунин арзиш ба фурӯш мераванд.

— Дар хориҷа бо сарояндаҳои машҳур Ораш, Анди ва дигарон вохӯрдед. Оё бо онҳо гуфтугузори ҳамкорӣ доштед?

— Бале, тавассути сафарҳои дарозмуддат бо бисёр ҳунармандони машҳури эронӣ вохӯрдам. Шиносоӣ бо ҳамкасбони ҳамзабон бароям хеле хуш буд. Ҳамкории дуҷонибаро ба нақша гирифтаем, вале боз мегӯям, ки бо сабаби норасоии вақт хоҳишамонро амалӣ карда наметавонем. Зеро вақте ба Амрико меравем, онҳо дар сафару банди корҳои хешанд, чун онҳо аз нақшаҳои хеш фориғ мешаванд, мо банд мешавем.

— Дар озмуни «Панҷ ситора. Интервидение» бисёриҳо аз нуқтаи назари профессионалӣ баҳо медиҳанд. Яъне дар ин озмун сарояндаҳо аз ҷиҳати касбият мақоми мустаҳкам доранд. Соли гузашта ҳангоми консерт ҳама интизор буданд, ки Ҷонибек ҷойи аввалро мегирад, вале ин тавр нашуд. Худатон чӣ гуна натиҷаро интизор будед?

— Медонед, ман гумон кардам, ки интихоби ғолибони давраи ниҳоӣ тавассути смс сурат мегирад, вале чун рӯзи баромад фаро расид, шунидам, ки ғолибияти иштирокчиёнро на халқ тавассути смс, балки ҳайати ҳакамон муайян менамудаанд. Худам низ бо боварии он ки ҷойи аввалро мегирам, ба саҳна баромадам ва бисёриҳо умед доштанд, ки ғолибият насиби ман мешавад. Пас аз иштирок дар «Панҷ ситора. Интервидение» бори дигар дилам аз озмунҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, монд.

— Дар бисёр чорабиниҳои байналхалқӣ баҳодиҳӣ тариқи смс сурат мегирад. Ба фикри шумо ин гуна баҳодиҳӣ то кадом андоза воқеъбинона сурат мегирад? Оё ба ҳақиқат будани он бовар доред?

— Дар дигар давлатҳо чунин баҳодиҳӣ софу шаффоф мегузарад, вале дар Тоҷикистон на, шояд ин аз кам истифода бурдани чунин усули интихоб бошад…

— Аз байни таронаҳои падаратон суруди «Зулайхо» шӯҳрати бештар дорад. Аз маҷмӯаи шумо кадомаш маъруфияти зиёдро касб кардааст?

— Аз шунавандагон пурсед, ки кадом таронаи маро такрор ба такрор мешунаванд…

— Ба фикри шумо шӯҳрати зиёд инсонро хаста мекунад ё баръакс ифтихор мебахшад?

— Ба ман шӯҳрат рӯҳбаландиву ифтихор мебахшад, чунки худам онро мехостам.

— Тақлидро чӣ гуна қабул доред?

— Шакара камаш хуб мегӯянд. Вобаста ба ин гуфтаниам, бо вуҷуди тақлид ҳунарманд бояд соҳиби сабки худ бошад. Бо тақлид кардан ба Майкл Ҷексон ё Андӣ шӯҳрати онҳоро ба даст оварда намешавад. Аз тақлид барои худ танҳо чизи навро кашф кардан мумкин асту халос, вале агар касе ба пуррагӣ санъати каси дигарро таҷассум намудан хоҳад, ҳунараш боиси хандахариш шуданаш мумкин аст.

— Боз кадом ниятҳоро соли равон амалӣ кардан мехоҳед?

— Соли равон ба Донишкадаи санъати шаҳри Маскав, шояд ба факултаи коргардонӣ ё вокалист дохил шудан мехоҳам. Бахши хуҷандии Донишгоҳи гуманитарии муосири Русияву Тоҷикистонро ба итмом расонидаам, лекин мехоҳам, аз донишҳои замон бохабар бошам.

— Забони англисиатон дар кадом сатҳ аст?

— Ба ҳар ҳол фикрамро фаҳмонда метавонам.

— Мошини дӯстдоштаатон кадом аст?

— Тамғаи «Ферари».

— Филми писандидаатон…

— «Ҳазрати Юсуф».

САЙҲУНА  » manu-tu.tj «



Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s