РИШИ КАПУР АЗ ИШҚВАРЗӢ ДАСТ КАШИД


РИШИ КАПУР

РИШИ КАПУР

Яке аз шохаҳои машҳур дар ҷодаи кино ин оилаи Капурҳо мебошад. Асосгузори ин авлод, ки аз ҳунарпеша, коргардон, продюсерҳо иборат аст, ҳунарпешаи театр ва коргардони филмҳо Притхвираҷ Капур (1906–1972) буд. Ӯ баъди нақши Искандари Мақдунӣ дар филми «Искандар» шӯҳратёр гардид. Писаронаш Шаши, Шамми ва Раҷ аз паси падар қадам монданд. Ҳар яке аз онҳо дар кинои ҳиндӣ саҳми арзанда гузоштаанд, вале аз ҳама бештар Раҷ Капур дар ин ҷода меҳнат кардааст. Филмҳои ӯ «Оворагард», «Ҷаноби 420», «Сангам», «Номи ман масхарабоз» ва «Бобби» на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ муваффақиятҳои зиёдро соҳиб гардидааст.

Фаъолияти Раҷ Капурро писаронаш Рандхир, Раҷив ва Риши идома доданд. Риши Капур 4-уми сентябри соли 1952 дар Бомбей ба дунё омадааст. ӯ аввалин маротиба соли 1970 ба экрани телевизион баромада буд. Тахаллуси Риши Чинту аст. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, Чинту дар филми аввалинаш ҳамчун мутахасиси соҳаи кино нақш офаридааст. Барои ҳунарманде, ки карераашро нав оғоз мекунад, гирифтани ҷоизаи миллӣ мукофоти беҳтарин буд. Раҷ Капур ҳамон вақт бо ифтихор гуфта буд: «Имрӯз писари ман Риши ҷоизаи ҳунарманди беҳтаринро соҳиб шуд. Барои падар вақте мебинад, ки писараш дар ҷодаи интихобкардааш сабзида истодааст, магар аз ин ҳам хушбахтии зиёд вуҷуд дорад? Ҳама ӯро дӯст медоранд ва ҳунарашро қадр мекунанд, вале ман мегӯям, ки Риши метавонист боз ҳам беҳтар ҳунарнамоӣ намояд».

РИШИ КАПУР

РИШИ КАПУР

Баъд аз се сол Риши Капур боз дар филми дигари падараш «Бобби» нақш офарид. Филм маблағи калон ба бор овард ва Риши бо Димпл Кападия ҳунармандони беҳтарини сол дониста шуданд. Филм дар хориҷа низ шӯҳратёр гардид. Иҷрои нақши ҷавони ошиқ ба карераи ояндаи Риши роҳ кушод. Акнун ҳамаи коргардонҳо мехостанд, ки бо ӯ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Дар охири солҳои 80-ум Риши дар ду филми муштараки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳиндустон, ки коргардонҳо Шаши Капур ва Геннадий Василев ба саҳна гузошта буданд, нақш офарид: «Возвращение багдадского вора» и «Черный принц Аджуба».

Дар филмҳои мазкур Риши бо амакаш Шамми Капур, Димпл Кападия ҳамчунин бо ҳунармандони шӯравӣ Ариадна Шенгелая, Вячеслав Богачев, Тамара Яндиева нақш офаридааст. Дар охири солҳои 90-ум Риши ба продюсерӣ ва коргардонӣ машғул шуд.

Филмҳои офаридааш инҳоянд: «Бозгашт ба хона» ва «Китоби муҳаббат» Баъд аз ин филмҳо ӯ дигар фаъолияташро дар ин ҷода давом надод. Дар яке аз мусоҳибаҳо чунин гуфта буд: «Ман сенарияҳое надоштам, ки тамошобинро ба ваҷд орад. Айни ҳол танҳо истеъдоди актёрӣ дорам. Агар сенарияи диққатҷалбкунанда пайдо шавад, ҳатман боз онро продюсерӣ ва коргардонӣ хоҳам кард».

Соли 2006-ум Риши Капур дар маросими Zee Cine Awards, ки дар Маврикӣ баргузор гардид, барои дар синамо собиқаи корӣ доштанаш соҳиби ҷойиза гардид. ӯ дар мусоҳибае чунин иброз намуд: «Ман дарро ба рӯйи сурудхонӣ ва ишқварзӣ бо духтарон бастам. Акнун Риши Капури ҳақиқӣ пайдо шуд». Вале ин кор то кадом андоза ба ӯ даст медиҳад, вақт нишон хоҳад дод. Ҳамсари Риши Капур ҳунарпешаи машҳури Болливуд Ниту Сингх, ки бо филмҳои «Муҳаббат имрӯз ва фардо», «Қасам ва ваъда» ва ғайраҳо машҳур аст, мебошад. Тӯйи онҳо 22-юми январи соли 1980 баргузор гардида буд. Аҷоибаш дар он ки онҳо то имрӯз зиндагии осуда доранд. Аслан ҳунармандон тез оилавайрон мешаванд, вале ин ҷуфт чароғи муҳаббати худро то имрӯз нигоҳ дошта тавонистаанд. Онҳо соҳиби ду фарзанд – писарашон Ранбир ва духтарашон Ридхима мебошанд. Ранбир низ касби падарро интихоб кардааст.

Manu-tu.tj


Реклама

One comment on “РИШИ КАПУР АЗ ИШҚВАРЗӢ ДАСТ КАШИД

  1. Как хорошо было Адаму: когда он произносил что-нибудь умное, он был уверен, что до него никто этого не говорил.
    What a good thing Adam had. When he said a good thing, he knew nobody had said it before. (С) Twain
    Думаю, Вы уловили к чему я привёл эту цитату…..

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s