ХОНАИ МАЛИКА ҚАЛАНДАРОВАРО ДУЗДОН ҒОРАТ КАРДАНД?


МАЛИКА ҚАЛАНДАРОВА

МАЛИКА ҚАЛАНДАРОВА

Малика Қаландарова ниёз ба муаррифӣ надорад. Касе нест, ки рақси Маликаро написандад. Дар ҳамон давра низ мисли имрӯза гирди номи сарояндаҳо овозаҳо паҳн мешуданд. Духтараки наврас будам, ки овозаи мудҳишеро шунида се рӯз гиристам. Малика Қаландарова рақсе дошт бо номи «рақси мор». Мардум овоза паҳн намуданд, ки ҳар ду дасти Малика ба мор табдил ёфтаву гирди гарданаш печидааст. Ҳангомасозон баъди баромадҳояш дар телевизион низ аз овозаву ҳангома даст накашида мегуфтанд, ки ин сабти кӯҳна асту худи Малика дар ҳолати беморӣ қарор дорад.

Ному насаби ӯ асосан Тамара Калонтарова буда, ба ин шоҳдухтари рақс номи Маликаро мухлисон гузоштаанд. Малика шогирде бо номи Эрзара Асанова дошт, ки баъди ба шавҳар баромадан ӯ низ аз рақсидан даст кашид ва дигар мухлисон ӯро рӯйи саҳна надиданд. Мухлисон бори аввал рақси зебои ҳиндиро низ дар иҷрои Малика тамошо кардаанд. Ѓайр аз ин рақси озарӣ, лезгӣ, испанӣ, русӣ ва ӯзбекӣ низ бо маҳорати баланд намоиш дода мешуд. Аввали соли 2009 Малика ба Душанбе омада, барномаи консертӣ ташкил намуд.

Маликаи рақс

Рақси «Шодиёна»-и шарқиро ҳанӯз ҳам тамошобинони телевизиони Тоҷикистон хуб дар хотир доранд. Ин рақс дар иҷрои духтари шарқ Малика Қаландарова намоиш дода мешуд. Маҳз Малика бо ҳунари волои хеш санъати тоҷикро дар ҷаҳон машҳур кард. Охир ӯ дар саҳна танҳо бо садои доира мерақсиду ба боло ҷаҳида, бо зону менишаст ва гирди саҳна бо зону чарх мезад. Дар бораи Малика зиёд гуфтаву навиштаанд, аммо саволе дар майнаи сари ман чарх мезад, ки «Чаро Малика аз худ шогирде боқӣ нагузошт?» Чанде пеш дар рӯйи саҳнаи тоҷик ҷавони наврасе бо номи Самариддин пайдо шуд, ки рақси дилкашу мафтункунандаи ӯ ба рақси Малика монандӣ дошт. Бо умеди он ки шояд Самариддин шогирди Малика бошад, бо ӯ дар тамос шудам. Мутаассифона, Самариддин азми сафари Дубай дошту сӯҳбатро мавқуф гузошт. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки дар бораи Малика Қаландарова маълумот пайдо намоям. Дӯстони Малика дар борааш ба ман чунин ҳикоя намуданд:

— У дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Ягон нафар аз наздикони Малика ба санъат наздикӣ надоштаанд. Падараш ороишгари мӯй буд. Аҳли оилаи онҳо он қадар одамони бою бадавлат набуданд, вале духтараке бо номи Париҷон, ки аз оилаи одамони доро маҳсуб меёфт, ҳангоми наврасӣ бо Малика дар Қасри пионерон мерақсид. Ин духтарак Маликаро бо пирожкиҳои бомаззаи даврони шӯравӣ зиёфат медод, ки ҳамагӣ 10 тин (шояд баробари як дирами замони мо бошад) нарх доштанд. Маззаи ин пирожкиҳоро Малика як умр дар ёд нигоҳ медорад ва ҳеҷ гоҳе фаромӯш намесозад, зеро аз навиштаҳои худи ӯ бармеояд, ки ҳангоми ба Душанбе омаданаш зане ӯро пешвоз гирифтаву гуфтааст:

— Ёд дорӣ Малика, ману ту якҷоя мерақсидем?

Малика ба рӯйи ин зан нигариста, кӣ буданашро ба ёд оварда наметавонад, аммо лаҳзае пас фикр мекунад, ки ин ҳамон духтараки ӯро бо пирожки зиёфат мекардагӣ аст. Ҳамин тавр дӯстии онҳо абадӣ монд ва бо воситаи телефону интернет бо ҳам сӯҳбат меороянд. Ман ҳам ин сӯҳбатро бо воситаи ҳамин зан пайдо намудам.

— Ҳангоми баромад намудан дар Душанбе поям бо сабабе лат хӯрд —  мегӯяд Малика дар сӯҳбат бо ин зан. Вақте Ҷӯрабек Муродов суруди «Зулайхо»-ро хонд, ман дар ҳавои мусиқӣ ва зери кафкӯбиҳои ҳамватанони худ чунон рақсидам, ки пойи иллатноку дарди онро фаромӯш кардам. Агар дилкашолии ман ба Америка барои мактаби таъсисдодаам, барои набера ва дӯстонам бошад, дар Душанбе ман худро на ҳамчун меҳмон, балки дар хонаи худ эҳсос мекунам. Ваъда медиҳам, ки соли 2010 боз ба Тоҷикситон меоям, аммо ин дафъа аз мактаби таъсисдодаи худ шогирдонамро ҳам ҳамроҳ мегирам. Шогирди аввалин ва беҳтарини ман писарам Артур аст, ки санъати рақси маро хеле хуб омӯхтааст. Агар давлати шӯравӣ барҳам намехӯрд, ман ҳеҷ гоҳ ба Америка намеомадам. Ҳоло ҳам бозори Шоҳмансури пойтахтро ёд мекунам. Ба ёди бӯйи нони тоҷикӣ дилам гум мезанад. Бӯйи нони тоҷикон бӯйи Ватани азизамро дорад. Кас чӣ гуна метавонад, ки аз модари худ ҷудо ва дур монад. Аз ватан ҷудоӣ сахт вазнин будааст.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ одамони гурӯҳи силоҳдорон ба хонаи ман зада даромаданд. Онҳо хонаро тагурӯ карда, дар девор суратҳои рақсии маро дида ҳайрон шудаанд, ки ё соҳиби хона бо Малика дӯстӣ доштааст? Чун ман дар хона образи рақсӣ надоштаму бо либоси оддию хоксорона мегаштам, онҳо маро нашинохтанд ва ба гуфтаҳоям низ бовар накарданд. Ниҳоят гуфтанд, ки гуфтаҳоятро исбот кун. Ман дар назди онҳо бе мусиқӣ рақсидам ва дуздон ҳунари маро дида, бовар намуданд. Аввалин мухлисони ман ҳамсояҳоямон буданд, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ ман наздашон мерақсидам. Аввалин муаллими рақсиам оина буд, ки назди он машқ мекардам ва пасон Қасри пионерону ансамбли «Лола».

Муваффақияти ҳар як санъаткор дар ҳунари худододии ӯст. Баъзан чунин ҳиссиёте маро фаро мегирад, ки гӯё ман бо рақс ҳамроҳ таваллуд шудаам. Гумон мекунам, ки ман бо рақс зиндаам ва ману рақс якҷоя ҳаёт ба сар мебарем. Дар ҷойи аввал касбам меистод ва ман худро ба пуррагӣ дар ихтиёри санъат супурдам. Волидону наздиконам маро дастгирӣ менамуданд, баъдтар бо ёриву дастгирии шавҳарам Илёс Гулкоров санъатамро равнақ додам. Агар ӯ дар барам намебуд, шояд то ба ин дараҷаи олии санъати рақс намерасидам. Ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд боре дар сарҳад қарор дошта бошанд, орзуи дидани Амрикоро мекунанд. Амрико ҷаҳони дигар аст, зиндагии сахту вазнин дорад. Дар ин ҷо зиндагӣ кардан осон нест. Ба ҳар ҳол бо душворӣ бошад ҳам, ман мактаби худро таъсис додам. Номи мактаби ман чунин аст «Malika Dance School» дар шаҳри Ню-Йорк, ки 12 сол боз амал мекунад.

Шарифамоҳ РОЗИҚОВА

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s