НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ ҶАДИД БО НОМИ “ЧАРХ”


Алла, иҷрокунандаи нақши аслӣ

Алла, иҷрокунандаи нақши аслӣ

Муҳаммадрабӣ Исмоилов, коргардони ҷавон, ба наворгирии филми ҷадидаш бо номи “Тақдир” шурӯъ кардааст. Ин филм бо кумаки фаннӣ ва молии шабакаи «Симои Мустақилли Тоҷикистон» таҳия мешавад. Коргардон мегӯяд барои пайдо кардани қаҳрамони аслии ин филмнома чанд моҳ ба интихоби ҷавонон барои иҷрои нақшҳо дар ин филм машғул будааст.

Мӯҳтавои филми ҷадиди Муҳаммадрабӣ аз ин қарор аст: Қаҳрамонони аслии ин филм, ки Гулбаҳор ва Баҳром ном доранд, тасодуфан дар хиёбон бо ҳам вомехӯранд. Баҳром, ки дар ин филм нақши аккосро иҷро мекунад, акси духтареро мегирад ва дар рафти филм ба ин духтар ошиқ мешавад. Дар идомаи филм Алла, ки дар филм нақши Гулбаҳорро иҷро мекунад, дучори сонеҳа мешавад ва маҳлули шимиёӣ ба сураташ мерезад ва чашмонаш нобино мешаванд. Барои барқарор кардани биноии чашмонаш Неъматулло, ки дар нақши Баҳром аст, тамоми дороиаш ва хонаашро мефурӯшад ва маблағро барои табобати дӯстдоштааш масраф мекунад.

Лаҳзае аз саҳнаи наворбардори

Лаҳзае аз саҳнаи наворбардори

Муҳаммадрабӣ мегӯяд: «Бинандаҳоро қиссаи ғамангези ишқи ду ҷавон ва муҳаббати самимии онҳо мунтазир аст, ки фикр мекунам аз дидани ин филм пушаймон нахоҳанд шуд. Аммо то он замон мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем, ки ин филм пешниҳоди тамошобинон гардад.» Ҳамчунин Муҳаммадрабӣ афзуд, ки дар баробари ҷавонон ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ, мисли Раҷаб Ҳусейн, Лутфулло Давлатов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Ғолиб Исломов, Ширинмо Ниҳолова ва чанде дигар дар ин филм нақш меофаранд.

Би-Би-Си

Реклама

2 comments on “НАВОРБАРДОРИИ ФИЛМИ ҶАДИД БО НОМИ “ЧАРХ”

  1. kele shodam ki 4unin blog ruz az ruz ziyod shudestan. va kabarho sari vakt ba mo merasand, bovari doram ki in ba mo khonandaho khele fahmishi ziyod ba dast khohem yoft. tashakur baroi chunin 1 blogi jadid….

  2. Номи филм на «Чарх» асту на «Такдир». То охири филм Мухаммадраби номи онро мушаххас накарда буд. «Чарх», ба гумонам, як филми тозаэчоди дигар аст, ки хамин сол аз чониби сохибзавкони точик руи навор омад….
    А, вокеан, «Такдир» хамчун як гузинаи (варианти)эхтимолии номи филм дар назар дошта шуда буд. Аммо гурухи эчоди бино ба иллати серистеъмолу забонзада будани ин ном онро кабул накард…
    Ба хар сурат, дар миёнахои мохи октябр ин филм бояд намоиш дода шавад.
    Муаллифи ин сатрхо, ки кахрамони марказии филм хам хаст, шуморо ба тамошои филм даъват мекунад. Дастгирии маънавии шумо кори моро равнак мебахшад, азизони дил!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s