НАХУСТИН МАЛИКАИ ЗЕБОИИ МУСУЛМОНИ ОМРИКО


Римо Фақеҳ

Римо Фақеҳ

Барои нахустин бор як духтари мусулмон барандаи унвони «Маликаи зебоии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико» шуд. Дар маросиме, ки дишаб (17 май) дар шаҳри Лос-Вегос дар Омрико баргузор шуд, Римо Фақеҳ, духтари 24-солаи лубнонӣ ва маликаи зебоии иёлати Мишигон маликаи зебоии Омрико эълом шуд. Римо аз хонаводае шиъамазҳаб ва мутаваллиди шаҳри кучаки Сарифо дар ҷануби Лубнон аст. Вақте ки вай ҳафтсола, ки буд, ҳамроҳи хонаводааш ба Ҷомойко ва сипас Омрико кӯчид.


Падараш Ҳасан Фақеҳ дар Ню-Йурк рестурони лубнонӣ роҳ андохт, ҳафт сол пеш рестуронро фурӯхт ва ба шаҳри Дирбурн дар иёлати Мишигон нақли макон кард, то ба тиҷорат бипардозад. Шаҳри Дирбурн бузургтарин ҷомеъаи араби Омрикоро дар худ ҷой дода ва бахши бузурге аз арабҳои сокини ин шаҳр аз шиъиёни ҷануби Лубнонанд. Рибо Фақеҳ донишомӯхтаи мудирияти бозаргонӣ дар донишгоҳи Мишигон аст ва мегӯяд қасд дорад дар риштаи ҳуқуқ идомаи таҳсил диҳад.

Дар солҳои ахир шумори духтарони муҳоҷире, ки дар кишварҳои ғарбӣ ба унвони маликаи зебоӣ даст пайдо мекунанд, афзоише ногаҳонӣ ёфтааст. Яке аз далоили муҳимми ин гуна муваффақиятҳо ин аст, ки муҳоҷир будан дар мизони имтиёзе, ки ширкаткунандагони ин рақобатҳо дарёфт мекунанд, меафзояд ва боъиси пеш афтодани онҳо аз рақибони бумиашон мешавад ва бархурдоришон аз навъе «табъизи мусбат» мешавад.

Дар айни ҳол, чоназаниҳои пушти парда ва эъмоли нуфузҳо ҳам дар таъйини назари ҳайъати доварони чунин рақобатҳое муассиранд, бавижа он ки табори нажодӣ ва мазҳабии духтароне ки ба чунин унвонҳо даст пайдо мекунанд, аз кишварҳоеанд, ки аз лиҳози сиёсӣ мавриди таваҷҷуҳ ва тамаркузи хоссе қарор гирифтаанд. Интихоби як духтари шиъаи лубнонӣ ба унвони маликаи зебоии Омрико дар шароите сурат мегирад, ки Лубнон дар пайи қудрат гирифтани гурӯҳҳои сиёсии мавриди ҳимояти Омрико ба суботе нисбӣ даст ёфтааст. Пештар духтароне аз Эрон ва Афғонистон ҳам ба унвони маликаи зебоии Конодо ва Бритониё интихоб шуда буданд.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s