МАРДЕ БА ИРИНА ЧИРО ПЕШГӮӢ КАРДА БУД?


Ирина Дубцова

Ирина Дубцова

Аз рӯзе, ки Ирина сухан гуфтанро омӯхт, ба падару модараш гуфт, «Ман дар Москва зиндагӣ мекунам!» Ба саволи «Барои чӣ?» онҳо чунин ҷавоб шуниданд: «Барои он ки ҳамаи сарояндаҳо дар Москав зиндагӣ мекунанд!» Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар синни 17 солагӣ ӯ тани танҳо ба шаҳри барояш бегона омад, то ки орзуяшро амалӣ гардонад.

Духтараке, ки дар оилаи оддӣ тарбия ёфта буд, тавонист муддати кӯтоҳ худро миёни мардум муаррифӣ намояд. Сурудҳояш дар як фосилаи начандон тӯлонӣ ба рӯйхати сурудҳои беҳтарин ворид гардиданд. ӯ боистеъдод, соҳибэҳтиром ва дӯстдор аст. Миллионҳо мухлисонаш орзуи бо ӯ вохӯрдан доранд. Ирина Дубсова 14-уми феврали соли 1982 дар шаҳри Волгоград ба дунё омадааст. Падараш Виктор Викторович яке аз навозандагони мусиқии ҷаз мебошад, ки дар Волгоград шӯҳрати зиёд дорад. Бинобар ин, Ира аз хурдӣ дар фазои мусиқӣ ба воя расидааст. Тамоми диққати волидон ба тарбияи фарзандашон банд буд. На танҳо ба тарбияи рӯҳӣ, балки аз худкунии мусиқии ӯ низ диққат медоданд. Ирина аллакай дар синни ду солагӣ падару модарашро бо сурудани шеъри эҷодкардааш ба ҳайрат оварда буд:

Бабочка летела,

На цветочек села

И захлопнулась.

Ирина қадамҳои аввалини худро дар синни шашсолагӣ ба мактаби мусиқии №3 гузошт. Баъд аз се соли таҳсил маълум гардид, ки Ирина на танҳо зебо месарояд, балки рассоми хуб низ ҳаст. Истеъдодашро ба назар гирифта, ӯро ба гурӯҳи рассомӣ гузарониданд. Дар синфи ҳафтум ӯ ба хулосае омад, ки аз рассомӣ дида, ӯ ба сурудхонӣ шавқи бештар дорад. Хулосаашро ба волидонаш гуфту илова намуд, ки хоҳиши дар Донишкадаи фарҳанг таҳсил кардан дорад. Дар баробари сурудхонӣ рассомиро низ давом медод.

Ирина бо суруди «Hijo De La Luna» машҳур гашт. Баъд аз шунидани суруди мазкур Игор Матвиенко хоҳиши бо Ира шинос шуданро кард. Иринаро котиби Игор ба Москва даъват намуд. Игор Матвиенко Ираро сари пианино шинонда, сурудхониашро гӯш кард, пасон ӯро ба Волгоград фиристод. Баъд аз ду ҳафта дубора ба назди худ хонд. Падару модари Ира аз тақдири духтарашон дар хавотир буданд. Падараш барои муайян кардани кӣ будани Игор Матвиенко ба тамоми рафиқонаш занг зада, маълум кард, ки ӯ инсони хуб аст. Рӯзҳои аввал барои Ира ҷудоӣ аз пайвандон душвор буд, вале ӯ оҳиста-оҳиста дӯстони зиёд пайдо карда, бо онҳо унс гирифт.

ӯ Бо духтарон Липа, Таня ва Валя шинос шуда, якҷоя гурӯҳи «Девчата»-ро таъсис доданд. Аввалин суруди ин гурӯҳ «Я хочу быть птичкой» буд. Гурӯҳи мазкур оҳиста-оҳиста машҳур шуда, ба сафарҳои ҳунарӣ рафтанд. Боре дар Киев марде ба назди духтарон омада, ояндаи ҳар яки онҳоро пешгӯйӣ кард, вале он вақт духтарон ба гуфтаҳои ӯ хандиданд… Бо гузашти вақт ҳамаи он гуфтаҳо амалӣ гардиданд. Баъд аз ду сол гурӯҳ пароканда шуд. Аввалин шуда, Ира аз гурӯҳ рафт, шавҳар кард, вале карераашро давом дод. Липаву Таня айни ҳол дар телевизион кор мекунанд, Валя бошад, дар филм нақш меофарад.

Сабаби аз гурӯҳ рафтани Ирина дар он буд, ки Игор Матвиенко бо гурӯҳ кор намекард. Ира аз гурӯҳ рафта бошад ҳам, сабаби машҳур шуданашро ба ин гурӯҳ вобаста медонад. Корҳои Ирина акнун ба низом даромада истода буданд, ки ӯ хоҳиши дар лоиҳаи  «Фабрика Звезд» иштирок кардан намуд. Бисёриҳо ҳайрон шуданд, ки иштирок дар «Фабрика Звезд» ба ӯ чӣ лозим бошад. Барои падару модараш ҳам хулосаи духтарашон ҳайратовар буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, онҳо ӯро дастгирӣ мекарданд.

Дар даври аввал ва дуюм Ирина хуб баромад кард, вале дар даври сеюм аъзои ҳакамон ба ӯ гуфтанд, ки бояд каме хароб шавад. Ирина аз ин хеле рӯҳафтода шуда, ду рӯз ба ғайр аз чой дигар чизе нахӯрд. Пас аз ин суханҳо кӯшиш намуд, худро хароб кунад ва оқибат ба мақсад расид. Дар консерти аввалини «Фабрика» Ирина иштирокчие буд, ки аввалин шуда бе макияж ва ороиши мӯй баромад кард. Сабаб дар он буд, ки ӯ аз хона аз роҳи дур бармегашт ва вақти орову торо додани худро надошт. Ба продюсерон маҳз ана ҳамин намуди зоҳирии Ира хеле писанд омад.

Игор Крутой иқрор шуд, ки аввал намехост Иринаро ба «Фабрика Звёзд» қабул кунад, вале акнун пушаймон нест. Чунки сари вақт аз фикраш гашт. «Барои фаҳмидани шахсияти Ира ҳатман бояд бо ӯ ҳамсӯҳбат шуд», — иброз дошта буд Игор. Ирина акнун дар барномаҳои консертие, ки «Фабрика Звёзд» мегузаронд, бо Игор Николаев, БИ-2, Александр Иванов, гурӯҳи «Иванушки International», Александр Розенбаум ва дигарон дуэт месароид. Аз ҳама баромади ҳаяҷоновар барои Ирина бо Володя Пресняков мебошад, зеро ӯ на танҳо ҳамкор, балки дӯсти беҳтарини Ира буд. Маҳз Володя ӯро барои иштирок дар лоиҳаи «Фабрика звезд» ҳидоят кард.

Дар ҷамъбасти озмун ба Ирина Дубсова, ки ғолиб дониста шуд, мошини кабриолет «Пежо» тӯҳфа карданд. Суруде, ки Иринаро шӯҳратёр кард «О нем» мебошад. Баъд аз ду ҳафтаи ба итмом расидани озмуни «Фабрика» Ирина клипи «О нем»-ро ба навор гирифт. Баъд аз озмун Ирина ҳамроҳи дигар иштирокчиён дар тамоми шаҳрҳои Русия ва Шарқи Наздик сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод.

Соли 2005 нахусталбоми Ирина Дубсова бо номи «О нем» дастраси мухлисон гардид, ки он аз 19 суруд иборат буд. Ирина худ муаллифи сурудҳояш аст. ӯ ба ҳама маълум кард, ки на танҳо истеъдоди сарояндагӣ дорад, инчунин муаллифи хуб низ аст.  Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд бештари сурудҳои Ирина ба албоми аввалинаш ворид нашуданд.

Баъд аз «Фабрика Звёзд» Ирина дар озмуне, ки дар Юрмала баргузор гашт, иштирок намуд. Барои дастгирии Ира тамоми иштирокчиёни озмуни «Фабрика Звёзд-4» ба Юрмала рафтанд. Шавҳараш Роман Чернитсин низ ҳамсараш Иринаро ҳамроҳӣ кард. Шавҳари Ира дар ҳамин лаҳзаи барои ӯ муҳим дар назди ҳамсараш набуда наметавонист. Ирина нисбат ба дигар иштирокчиён ду рӯз пештар ба Юрмала омад. Рӯзи аввали озмун иштирокчиён бояд сурудеро бо забони миллии худ месароиданд. Ирина дар назди оммаи мардум бо суруди «Безответная любовь» баромад кард. «Безответная любовь» суруди Ирина Аллегрова мебошад, вале Ирина Дубсова онро тамоман ба таври дигар суруд.

Дар рӯзи дуюм иштирокчиён бояд сурудҳои хориҷӣ месароиданд. Ирина суруди «Shape of My Heart»-ро интихоб кард. Рӯзи сеюми озмун иштирокчиён бояд сурудҳои эҷоднамудаи худро месароиданд. Ирина бо куртаи сафеди арӯсӣ ба саҳна баромада, суруди «О нем»-ро, ки соли 2004-ум беҳтарин суруди оишиқӣ дониста шуд, сароид. Ҳакамон ба Ирина баҳои баландтаринро насиб донист. Рӯзи чорум озмун ҷамъбаст гардид ва Ирина Дубсова ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ба Ирина ҷоизаи «Новая Волна» ва мукофоти пулӣ супурданд. ӯ ба ин маблағ ба падараш мошин харид. Ба ақидаи Ирина он чизе, ки дар ҷодаи сарояндагӣ насибаш гаштааст, маҳз бо кӯмаку дастгирии падар гирифтааст. Ирина Дубсова роҳи дурударози санъатро паси сар карда, оқибат ба мақсади ниҳоии худ расид. Ирина бо ҳамин ба карерааш нуқта гузоштан намехоҳад, ӯ ба қуллаҳои баландтар баромаданро орзу дорад.

Масъули саҳифа: ШАМШОДА

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s