ФИЛМҲОИ ҶАДИД ДАР ДУШАНБЕ


ШРЕК - 4

ШРЕК - 4

Аз 20-уми май дар синемохонаи “Ҷомӣ” дар шаҳри Душанбе, намоиши филмҳои ҷадиди хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза дар ин синемохона филмҳое намоиш дода мешаванд, ки ҳанӯз ба дасти қочоқчиёни Ди-ви-дӣ нарасидаанд. Азим Додобоев, раиси ширкати “Тантана”, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки як ҳадафи намоиши ин филмҳо ҷалби дубораи тамошочиён ба синемост.


Ба эътиқоди вай, дар гузашта бо он таҷҳизоти фанние, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос монда, фарсудаву корношоям гардидаанд, ҷалби тамошочиёни филмҳо, ки ҳамакнун бо истондордҳои ҷадид наворбардорӣ мешаванд, ғайримумкин буд.

Вай гуфт: “Ягона синемохона дар Тоҷикистон, ки аз имкони намоиши филмҳо аз рӯи навор бархурдор аст, ин кохи “Ҷомӣ” мебошад. Мақсади аслии мо ин аст, ки дӯстдорони синемо дар Душанбе тавонанд дар баробари сокинони кишварҳои дигари ҷаҳон имкони тамошои филмҳоро бо кайфияти хуб дошта бошанд. Зеро, то ҳол дар Тоҷикистон филмҳои ҷадид дастикам баъд аз шаш моҳи нахустнамоиши он бо кайфияти паст ва умдатан аз роҳи қочоқ ба алоқамандон пешниҳод мешуданд.”

Дар идомаи сӯҳбат оқои Додобоев афзуд: “Албатта, танҳо бо намоиши филмҳои ҷадид дар як синемохонаи “Ҷомӣ” мо наметавонем куллияи махориҷи худро ҷуброн кунем. Аммо мутмаин ҳастем, ки дар сурати роҳандозии намоиши ин филмҳо дар синемохонаҳои дигари кишвар вазъияти молии мо беҳтар хоҳад шуд. Дар ин сурат, мо имкон хоҳем дошт, ки бо бузургтарин тавлидкунандагони филмҳо дар ҷаҳон қарордодҳо баста, ҳуқуқи намоиши филмҳояшонро ба даст биёрем.” Ҳоло ширкати “Тантана” таҷҳизоти муъосири пахши филмҳои 3-D-ро дар толори синемои “Вефа-сентр” насб карда ва дар зудтарин фурсат намоиши филмҳо дар он ҷо низ шурӯъ хоҳад шуд.

Ҳамсӯҳбати ман мегӯяд қимати билет барои тамошои филмҳои 3-D дар муқоиса бо тамошои филми маъмулӣ дар “Ҷомӣ” аз 5 то 10 сомонӣ бештар хоҳад буд. Зеро, дар синемохонаи 3-D ҳар як тамошобин филмро бо айнаки махсус тамошо мекунад, ки эҳсоси ҳузур дар ҷараёни филмро фароҳам месозад.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s