ЮРИЙ НИКУЛИН: НА ТАНҲО МАСХАРАБОЗ


ЮРИЙ НИКУЛИН

ЮРИЙ НИКУЛИН

Юрий Никулин 18 декабри соли 1921 дар шаҳри Демидови вилояти Смоленск дар оилаи Владимир Никулин, корманди Театри драмавии шаҳр ба дунё омад. Чор сол баъд онҳо ба Маскав кўчиданд. Падару модари Юра ўро дар рўҳияи санъатдўстӣ ба воя расонданд. Соли 1939 Юрий ба аскарӣ даъват шуд. Дар ҳайати батареяи зенитӣ ва як сол дар госпитал хизмат адо карда, соли 1941 вай барои бозгашт ба хона омодагӣ медид.

Аммо ин вақт ба СССР Германияи фашистӣ ҳамла овард. Юрий аз рўзҳои аввал дар ҳайати батареяи зенитӣ бар зидди авиатсияи немисӣ ба ҷанг ворид шуд. Ў боз ду бор ба госпитал афтида бошад ҳам, хушбахтона, ягон бор ярадор нашудааст: як бор ўро барои контузия ва маротибаи дуюм ба сабаби хунук кашидани шуш бистарӣ кардаанд. Ю.Никулин дар ҷанг то охир иштирок намуда, танҳо 18 майи соли 1946, баъди ҳафт соли оғози хизмат бо рутбаи сержанти калон ба хона баргашт. Вай ба хотир меовард: «Ҳамхизмати нахустинамро, ки дар пеши чашмам ҳалок шуд, фаромўш карда наметавонам. Мо якҷоя шишта, хўрок мехўрдем. Ногаҳон дар наздикиамон бомба таркид. Ба рафиқам нигоҳ кардам: ў қошуқ дар даст менишаст, аммо ними болои сараш набуд, гўё онро бо табар зада бурида буданд…»

ЮРИЙ НИКУЛИН

ЮРИЙ НИКУЛИН

Юрий Никулин баъди адои хизмат ба ВГИК омад, аммо ба ў гуфтанд, ки «ба артисти кино шудан умед набандед, мувофиқ нестед, ба омўзишгоҳи театрӣ равед». Лекин ўро ягон мактаби театрӣ ҳам қабул накард. Баъди ин ў ба омўзишгоҳи артистони сирк рафт ва қабул шуд. 25 октябри соли 1948 нахустбаромади масхарабоз Никулин дар саҳнаи сирк ба вуқўъ пайваст. Дере нагузашта, вай барои худ шарики доимии саҳнавӣ — Михаил Шуйдинро пайдо кард.

Соли 1949 барои ширкат дар як саҳнаи ширинкорон ба сирк аспчаи хандаовареро аз академияи варзишӣ оварданд. Ҳамроҳи ин асп варзишгардухтаре ҳам омада буд, ки ўро машқ медод. Ногаҳон ҳангоми баромад ин аспак Никулинро поймол кард ва ширинкор ба беморхона афтид. Духтарак худро гунаҳкор ҳис карда, то аз беморхона баромадани артист ба хабаргириаш меомад. Дере нагузашта ҳамин духтарро Юрий ба занӣ гирифт. 14 ноябри соли 1956 дар оилаи онҳо писарашон Максим ба дунё омад, ки имрўзҳо директори сирки падараш мебошад.

ЮРИЙ НИКУЛИН

ЮРИЙ НИКУЛИН

Соли 1958 Ю.Никулин бори нахустин дар кино нақш офарид. Ин филми «Девушка с гитарой» буд. Дар оғози солҳои 1960-ум Ю. Никулин дар филми кўтоҳметражи коргардон Леонид Гайдай бо номи «Пес Барбос и необычный кросс» ҳамроҳи Е. Моргунов ва Г.Витсин нақш офарид ва аз ин лаҳза ба шўҳрати ҳақиқӣ, меҳри фарогири мардум сазовор гашт. Бо Моргунов вай аз ин пеш шиносоӣ надошт, ҳарчанд дўсташ шоир Леонид Куксо мегуфт: «Ту ҳатман бо вай бояд шинос шавӣ. Моргунов одами ҳайратангезу ҷолиб аст, ҳазлу шўхиро ниҳоят дўст медорад». Г. Витсин бошад, аз рўи нақшҳои офаридааш дар театр аллакай он вақт машҳур буд. Рўи Никулинро барои ин филм грим намекарданд, танҳо ба вай мижгонҳои дароз мечаспонданд, то мижазаниаш таъсирноктар шавад.

Ҳамагӣ якчанд моҳ пас аз ин филми дуюм бо иштироки сегонаи шўҳратёр — «Самогонщики» рўи навор омад. Дар ҳамон соли 1961 Лев Кулиҷанов Никулинро барои иҷрои сарнақш дар филми «Когда деревья были большими» ҷалб кард. Ин нахустин нақши драматикии офаридаи артист буд ва ў аз ўҳдаи он хеле хуб баромад. Филми мазкур худ дар ҳаёти Никулин нақши муҳим бозид — коргардонҳо диданд, ки лаёқати нақшофарии ў гуногунпаҳлў аст ва ў нақшҳои ҷиддиро низ қодир аст иҷро кунад.  Шўҳрати синамогии ў ба сирк барои аз наздик дидани артист миқдори зиёди тамошобинонро ҷалб мекард. Филмҳо бо ширкати ў низ пайиҳам ба экранҳо мебаромаданд. Баъди якчанд нақши мазҳакавӣ соли 1964 Ю. Никулин дар филми «Ко мне, Мухтар» боз як роли ҷиддиро бомуваффақият иҷро кард. Баъди ин режиссёри бузург А. Тарковский соли 1966 дар филми «Андрей Рублёв» ба ў нақши роҳиб Патрикейро бовар кард.

ЮРИЙ НИКУЛИН

ЮРИЙ НИКУЛИН дар филми "Кавказская пленница"

Нақшҳои дар нимаи дуюми солҳои 60-ум офаридаи ў Ю.Никулинро ба қуллаҳои нави шўҳрат бардоштанд: «Операция «Ы» и другие приключения Шурика», «Кавказская пленница» ва ниҳоят «Бриллиантовая рука», ки онро беҳтарин мазҳакаи режиссёр Гайдай меноманд. Муқовимати роҳбарияти сирк ба Ю.Никулин халал расондааст, ки дар бисёр нақшҳои дигари синамо сабт шавад: нақшҳои асосии филмҳои «Человек ниоткуда», «Берегись автомобиля», «Иван Васильевич меняет профессию», нақшҳои муҳим дар «Война и мир» ва «Ватерлоо» насиби дигарон шуданд.

Солҳои 1970-ум ҳунарпеша дар мазҳакаи «Старики-разбойники»-и Э.Рязанов ва филми ҷангии «Они сражались за Родину»-и С.Бондарчук нақш офаридааст. Солҳои 80-ум актёр дар филми «Чучело» нақши бобои қаҳрамони асосиро, ки онро духтари навраси Алла Пугачёва — Кристина Орбакайте мебозид, хеле таъсирбахш иҷро кардааст.  Соли 1984 вай директори сирки воқеъ дар кўчабоғи Светнойи шаҳри Москва таъин шуд. Дар бораи ҳунари ширинкориаш худи Никулин мегуфт: «Ман масхарабози хуб, босифат будам, лекин бузург не. Маро кино машҳур кард».

Дар охири июни с.1997 аҳволи Ю.Никулин бад шуд — иллати дилаш авҷ гирифт. Ўро 5 августи соли 1997 ҷарроҳӣ карданд. 16 рўзи минбаъда ҳар пагоҳӣ табибон дар бораи ҳолати саломатии ў аз тариқи матбуот ҳисобот паҳн мекарданд. Аз замони марги И. Сталин сиҳатии касе таваҷҷўҳи мардумро ин гуна ба худ ҷалб накарда буд… Вале мўҷизае, ки ба он умед мебастанд, рух надод — пагоҳии 21 август дили ў аз тапидан бозмонд…

«Муҳаббат ва оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s