ЛАРИСА ДОЛИНА АЗ ШАВҲАРИ СЕЮМАШ ҶУДО ГАРДИД?


ЛАРИСА ДОЛИНА

ЛАРИСА ДОЛИНА

Сарояндаи маҳбуб ва шинохта Лариса Долина 10-уми сенябри соли 1955 дар шаҳри Бокуи ҷумҳурии Озарбойҷон таваллуд шудааст. Падараш Александр Маркович сохтмончӣ ва модараш бошад  Галина Израилевна ҳуруфчин будааст. Соли 1958 оилаи онҳо ба шаҳри Одесса мекӯчанд ва ӯ аз синни 6-солагӣ ба мактаби мусиқӣ меравад. Аз соли 1969 Лариса дар тарабхонаҳо суруд мехонд ва барои хизматаш панҷ сӯм, ки он вақт пули нағз ҳисоб мешуд, медоданд.

Барои дар тарабхонаҳо суруд хондани Лариса волидонаш ҳамеша муқобилият нишон медоданд ва аз ин амали ӯ чандон розӣ набуданд,аммо Лариса ба волидонаш ваъда медод, ки боодобона рафтор мекунад. Фаъолияти ҳунарии Лариса Долина аз соли 1971 оғоз гардидааст. Ҳанӯз мактабро хатм накарда буд, ки дар гурӯҳи эстрадии «Мы одесситы» ҳунарнамоӣ мекард. Соли 1971 бо гурӯҳҳои гуногуни ҳунарӣ ҳамроҳ шуда, дар  шаҳрҳои гуногун баромад мекард ва инчунин дар филмҳо нақш меофарид. Соли 1979 ба Коллеҷи мусиқии шаҳри Маскав дохил шуда, баъди хатми коллеҷ бо мусиқинавоз Анатолия Миончинского оила бунёд мекунад ва онҳо соҳиби духтарча бо номи Ангелина мешаванд. Аз соли 1985 Долина мустақилона фаъолият намуда, бо чандин барномаҳои консертии худ дар тамоми шаҳрҳои Русия ҳунарнамоӣ мекунад.

ЛАРИСА ДОЛИНА

ЛАРИСА ДОЛИНА

Аввалин  маротиба  соли 1985 дар барномаи консертии худ «Затяжной прыжок» ҳамчун режиссёр баромад намуда, баъди ду сол бо барномаи нави бо номи «Контрасты» ҳунарнамоӣ мекунад. Соли 1990 бошад намоиши рок-опера «Джордано» (мусиқии Лоры Квинт) таъсис дода шуд ва нақши асосии мардро Валерий Леонтьев ва нақши асосии занро Лариса Долина иҷро намуданд. Сароянда барандаи чандин ҷоизаҳо ва конкурсҳои миллию байналхалқӣ гардида, соли 1991 дар конкурси «Профи» унвони сарояндаи беҳтарини Русияро касб мекунад.  Худи ҳамон сол  мувофиқи  шартномаи русӣ-фаронсавӣ Лариса Долина дар назди аудитояи бистҳазорнафара дар шаҳри Ла-Ршель дар фестивали «Радио- Престиж» баромад мекунад. Ҷашнвораи эҷодии Лариса Долина соли 1992 дар театри Эстрада  қайд карда шуд ва худи ҳамон сол барномаи «Что хочу, то и пою» дар Кохи консертии «Русия» ба намоиш гузошта шуд.

Соли 1993 Лариса Долина унвони ҳунарманди хизматнишондодаи Русияро гирифт. Соли 1995 ӯ имиҷашро тағйир дода, минбаъд дар сабки «ҷаз» намехонд ва танҳо ба мусиқиҳои машҳур такя мекард. Баъди ин маҳбубияти зиёд пайдо намуд ва дар ҳамин давра бо барномаи «Я не нравлюсь себе», ки натиҷаи бисёр хуб дод, дар тамоми мамлакатҳои собиқ Шӯравӣ ва ҳатто шаҳрҳои бузурги Аврупою Амрико ҳунарнамоӣ кард. Соли 1996 боз албоми нави худро бо номи «Погода в доме» пешкаши ҳаводоронаш намуд ва ин ҳам маҳбубияти ӯро дучанд зиёд сохт ва заҳматҳои ҳамешагии Лариса Долина буд, ки соли 1998 сазовори унвони Ҳунарманди халқии Федератсияи Русия гардида, аз ҷониби президенти Русия Борис Николаевич Ельцин мукофотонида мешавад ва инчунин худи ҳамон сол «Бонуи сол» эълон мегардад. Хотиррасон кард, ки Лариса Долина аввали солҳои 1980-ум бо ҳамкасби худ мусиқинавоз Анатолия Миончинский хонадор мешавад. Аз Анатолия ӯ духтаре дорад бо номи Ангелина. Дар охири солҳои 80-ум Лариса бо бас-гитариста Виктор Митязов издивоҷ мекунад. 9-уми марти соли 1998 сароянда аз шавҳараши дуюмаш Виктор Митязов ҷудо шуда, бо басисти гурӯҳ (ҳофизи овозаш ғафс) Илье Спицыну хонадор мешавад.

ЛАРИСА ДОЛИНА

ЛАРИСА ДОЛИНА

Сарояндаи машҳури Русия Лариса Долина бо шавҳараш ва продюсери худ Иля Спицын, ки қариб 11-сол зиндагӣ мекард, дар арафаи ҷудошавӣ қарор дорад. Иля Спицын аз Лариса Долина 20 сол ҷавонтар аст ва ин сарояндаро маҷбур мекунад, ки ӯ худро ҳамеша дар як шакли муайян нигоҳ дошта,  қомати мавзунашро тағйир надиҳад. Аммо вақтҳои охир сароянда дар чорабиниҳои расмию баландмақом аксаран берангу бор  ва танҳо ҳозир мешавад. Ба наздикӣ яке аз адвокатҳои Лариса Долина хабар дод, ки ӯ расман шартномаи ширкати машҳури адвокатҳои Маскав, ки ҳуқуқҳои ӯро ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳимоя мекунанд, қабул кард.  Инчунин ширкати мазкур  ҷараёни  тақсимоти дороиашро низ зери назорат гирифтааст.

Аммо сабаби ҷудошавии Лариса Долина бо Иля Спицын  ба ҳеҷ кас маълум нест ва дӯстони сароянда барои хушбахтии ӯ ҳамеша дар хавотир ҳастанд. Вақте ки ба Лариса Долина савол медиҳанд, ки Шумо ибораи «хушбахтии зан»-ро чӣ гуна дарк мекунед? ӯ чунин посух мегардонад: — Ин бисёр фаҳмиши баланд дорад. Хушбахтии зан ин пеш аз ҳама хушбахтии шахсии худи ӯст. Ҳастанд заноне, ки дар нақши модар худро хушбахт ҳис мекунанд ё танҳо кадбону ва модар будан мехоҳанд ва ин гурӯҳ занҳо аз зиндагӣ чизи дигареро талаб намекунанд.

Аммо боз ҳастанд қисми дигари занон, мехоҳанд сазовори муваффақиятҳои баланди касбӣ бошанд ва дар карераи баланд хушбахтиро мебинанд. Барои ин қабил занҳо дар зиндагӣ ҷинси муносиби худро пайдо кардан душвортар аст. Мардҳое, ки мақсади чунин занҳоро дарк намекунанд, ҳамеша онҳоро гунаҳкор месозанд, ҳатман ҷанҷол мебардоранд ва оқибат ин гуна оилаҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Барои ҳамин бояд ҳар як зан донад, ки ба кадом табақа дохил мешавад ва дар интихоби ҳамсари ояндаи худ ба хатогӣ роҳ надиҳад.

http://www.manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s