АҲМАД ЗОҲИР ЧӢ ГУНА СУРУДИ РУСӢ ХОНДААСТ?


Ahmad Zahir

Ahmad Zahir

Ба ғайр аз ба забони дарӣ -форсӣ бо забонҳои пашту, ҳиндӣ ва англисӣ суруд хондани  хунёгари нотакрор Аҳмад Зоҳирро қариб ҳама алоқамандони созу садояш медонанд ва ин таронаҳои нобро шунидаанд. Вале  ҳатто миёни мухлисони ашаддиаш шояд кам касоне ёфт шаванд, ки  ба забони русӣ  тарона сурудани ӯро шунида бошанд. Бале, Аҳмад Зоҳири беназир ба забони русӣ, забоне, ки дар тафовут аз забонҳои зикргардида амалан онро  намедонистааст, вале барои он низ  эҳиром қоил буд, дар маҳфиле кӯшидааст ва тавонистааст дар ҳамроҳӣ бо …


ҳамнишинонаш чанд мисраеро аз як суруди машҳури русӣ бисарояд. Ин иттифоқ кай рух додаст, он маҳфил кай ва дар куҷо ба вуқӯъ пайвастааст, ҳамнишинонаш киҳо будаанд? Ин кадом суруд аст? Инҳо саволҳоеанд, ки шунавандаи ин хабарро агар ӯ, дар ҳақиқат, шефтаи садои Аҳмад Зоҳир бошад, то дарёфти посухи саҳеҳ ором намегузоранд…


Чурабек Назриев

Чурабек Назриев

Ҷӯрабек Назриев- доктори илми филология, узви вобастаи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон расо 35 сол муқаддам дар давлати ҳамсояи Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудааст. Ин солҳое буданд, ки Аҳмад Зоҳир- ин овозхони нотакрори Машриқзамин дар авҷи шӯҳрат буд. Ҷӯрабек Назриев, ки худ низ овозхон буду дар Тоҷикистон миёни мухлисони шеъру суруд маъруфият ва маҳбубият дошт, бисёр мехост, ки бо ин хунёгари беназир робитаҳои дӯстӣ барқарор намояд. Оё ин муносибатҳо барқарор шуданд?


Ба ин савол ва саволҳои дигаре, ки дар боло матраҳ шуданд, шумо хонандаи гиромӣ аз ин мусоҳибае, ки хабарнигорамон бо устод Ҷӯрабек Назриев  дар арафаи 64-умин солрӯзи мавлуди ин овозхони нотакрор  доир кардааст, посухи пурра хоҳед гирифт.

—  Мӯҳтарам Ҷӯрабек Назриев, мақому мартабаи Аҳмад Зоҳирро дар ҳунари мусиқии тоҷик чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Мақому мартабаи Аҳмад Зоҳир дар дунёи ҳунар маълум аст. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон Аҳмад Зоҳирро чун ҳунарманди тоҷик пазируфтаанду қабул кардаанд.  ӯ дар қатори ҳунармандони бузурги Тоҷикистон ба монанди Ака Шариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев,  Боймуҳаммад Ниёзов, баъдтар Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов ва амсоли инҳо ворид гардидааст. Бешак  даҳсолаҳост, ки дар ҳар хонадони мардуми тоҷик садои Аҳмади Зоҳир ба гӯш мерасад. Маҳбубият дорад, чунки дарди дили мардумро мегӯяд ва бешак таблиғгари ҳунари асили тоҷикӣ ҳаст. ӯро тоҷикӣ мегӯем, афғонӣ мегӯем, эронӣ мегӯем, ҳарчи ки мегӯем, ӯ таблиғгари ҳунари зебои шеъри форсӣ ҳаст.

-Шумо ба фикрам бо Аҳмад Зоҳир ҳамсол ҳастед?

-Рӯзи 14-июн рӯзи мавлуди ин ҳунарманди бузургу барҷастааст. Ёдам ҳаст вақте бори аввал аз ман пурсида буд, ки чанд сол дорӣ, гуфтам  мавлудам соли 1946 мелодӣ ҳаст. Пурсид, ки кадом моҳ? Гуфтам, ки июн. Гуфт, ки ман ҳам  дар ҳамин сол, дар моҳи июн таваллуд шудаам. Боз  аз ман пурсид, ки чандуми июн таваллуд шудаам. Гуфтам, ки 23-июн. Гуфт, ки ман аз ту чанд рӯз бузургтар будаам. Ман рӯзи 14-июн таваллуд шудаам.

Ӯ аз ман 9 рӯз бузургтар буд. Ва одати мардуми эрониасл ин аст, ки агар як инсон аз дигаре 1 рӯз ҳам бузургтар бошад, бояд эҳтиромашро ба ҷо биёрад. Имрӯз Аҳмад Зоҳир маҳбубият дорад. Ҳама ӯро дӯст медоранд. Дигар ҷойи таърифу тавсифи ҳунари ӯ нест. Худи шумо дар таблиғи Аҳмад Зоҳир хидмати бисёр кардед. Коре, ки шумо кардед, ҳар кас накард. Ҳар кас албатта ҳар чиз мекунад. Лекин мегӯянд, ки «На ҳар ки чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад, На ҳар ки оина созад, Сикандарӣ донад». Шумо бо тамоми ҳастӣ ҳунари Аҳмад Зоҳирро ба мардум хубтар муаррифӣ кардед. Шумо ба мардум муаррифӣ кардед, ки Аҳмад Зоҳир чӣ мехонад.

Шумо ба мардум фаҳмондед, ки Аҳмад Зоҳир ба мардум сухани хубро мегуфт. Ҳунари хубро таблиғ мекард. Боз дар китобҳоятон навишта будед, ки ӯ чӣ гуна мехонд . Шумо маншаи пайдоиши сурудҳои Аҳмад Зоҳирро низ муаррифӣ кардед. Ин корро ҳар кас карда наметавонад Ман навиштаҳои шуморо ҳамаашро хондам. Хушбахтона, дар ҳар мавзӯе, ки шумо даст мезанед, муваффақ мешавед. Худо тавфиқ рафиқатон бошаду доим муваффақ бошед. Ва ин кори хайрро мекунед, ки аз ҳунармандони бузургу барҷастаи мо ёд мекунед. Шумо, ки бисёр ба сатҳи боло рафтед, бисёр хоҳиш доштам, ки аз ҳунари устод Ака Шариф Ҷӯраев, аз тарзи хондани роки водии Дарвози мо низ андешаҳои худро  рӯйи коғаз биёваред.

— Устод, лутф мекунед. Ин вазифаи мо журналистон аст. Мехостам дар бораи он ки шиносоии Шумо бо Аҳмад Зоҳир чӣ вақт ва чӣ гуна рух дод, чанд сухан мегуфтед?

-Шиносоии ман бо Аҳмад Зоҳир, агар иштибоҳ накунам, 11 феврали соли 1976 дар Кобул рух дод. Мо дар як маҳфил нишаста будем. Аҳли назар  он ҷо буд. Намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Маҳфили шеъру мусиқӣ буд. Аҳмад Зоҳир навакак аз маҳбас баромада буд. Дар атрофи Аҳмад Зоҳир баҳси зиёде буд. Аҳмад Зоҳир дар маҳбас асту Аҳмад Зоҳир ин асту фалонаст ва ғайраву ҳоказо. Ба ҳар ҳол бо як тӯҳмат,  бо як баҳона ин марди ҳунарро хеле озор доданд. Ва ӯ дар он  маҳфил ширкат дошт ва чанд суруд хонд.

Дар он маҳфил нафарҳое буданд, ки аз овозхонии ман огаҳӣ доштанд. Ва онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки барои ҳуззори маҳфил суруд хонам. Ягона асбоби мусиқӣ  дар он маҳфил рубоби бадахшонӣ буд. Аҳмад Зоҳир онро бо дасти чап менавохт. Дар навохтан мушкилӣ мекашид. Барои ман осонтар буд, зеро симҳои рубоб дар тарафи рост буданд. Ман ҳам се чор суруди ҷолиб хондам, ки боиси истиқболи гарми ҳозирин  шуданд. Азҷумла  худи Аҳмад Зоҳир маро ба оғӯш кашида табрик гуфт. Дар ҳамин маҳфил инчунин сӯҳбат сари шеъри «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме»-и устод Рӯдакӣ сурат гирифт. Чанд нафар гуфтанд, ки ин шеър дар Балх навишта шудааст.

Насри 2 бинни Аҳмади Сомонӣ бо Рӯдакиву атрофиён омада буданд барои фароғат ба ин ҷо. Ман онҳоро ислоҳ карда гуфта будам, ки шоҳи Сомонӣ ба Балх не, балки ба Ҳирот, ба Бодғис  омада буд. Ман, мутаассифона, дар Ҳирот набудам, вале аз рӯйи шунидам он ҷо биёр мавзеи хушобу ҳаво аст. Яъне чунон ҷое будааст, ки Насри 2 нахостааст ба Бухоро баргардад. Вале аҳли рикоб, ки ёди диёру фарзандон карда буданд, аз устод Рӯдакӣ хоҳиш намуданд, ки шеъре нависаду шоҳро даъват кунад, ки ба Бухоро баргардад. Рӯдакӣ ин шеърро менависад ва онро бо мусиқӣ дар назди шоҳ мехонад.

Мо, одатан Рӯдакиро ҳамчун шоир мешиносем ва ба эҷодиёташ ҳамеша  аз ин лиҳоз баҳо медиҳем. Дар бораи он ки ӯ овозхони бузург буд,  камтар мегӯем. Вале Давлатшоҳи Самарқандӣ маҳз ҳамин ҷиҳати устод Рӯдакиро таъкид кардааст ва гуфтааст, ки овози Рудакӣ хеле ширин ва сурудҳояш, ки матну оҳангҳояашонро маъмулан  худи ӯ эҷод кардааст, хеле дилнишин будаанд.

— Аҳмад Зоҳир дар ин мавзӯъ чӣ нуқтаи назар дошт?

-Аҳмад Зоҳир ба ин баҳс ворид нашуд. Баъди анҷоми маҳфил ман ба хона омадам.  Мо дар маҳаллаи Микрорайони Кобул зиндагӣ мекардем. Дар хона будам, ки чанд лаҳза пас ба ман хабар доданд, ки Аҳмад Зоҳир дар берун маро интизор аст. Ба берун баромада дидам, ки дар ҳақиқат Аҳмад Зоҳир аст. Боз бағал кушода якдигарро ба оғӯш гирифтем. Ӯ бо ҳамроҳии Довуд ном дӯсташ омада буд. Ман онҳоро ба хона даъват кардам.

Ман ҳанӯз хонумамро ба Кобул набурда будам. Рости гап,  хӯрокро якҷоя пухтем. Ҳарчи рост омад ба дег андохтем. Ва як хӯроке шуд, ки шояд агар дар тарабхонаҳо онро бароям пешкаш мекарданд, аз хӯрданаш ибо мекардем. Вале азбаски дастпухти худи мо буд, бароямон хеле бомазза намуд. Дар ҳини сӯҳбат Аҳмад Зоҳир аз он ибрози ҳайрат мекард, ки  чӣ гуна як шӯравӣ на танҳо бо забони дарӣ хуб ҳарф мезанад, балки суруд низ мехонад, аз таъриху фарҳанги Афғонистон хуб бохабар аст.  Баъд ба ӯ фаҳмондам, ки Тоҷикистони мо бо Афғонистон як таърих дорад, дину фарҳанги мо якест, Мардум таронаҳои афғониро дӯст медоранд.

Аҳмад Зоҳир дар ҷавоб гуфт, ки аз ҳунармандони афғонӣ, ки ба Тоҷикистон сафарӣ ҳунарӣ доштаанд, дар бораи ин кишвар ва мардуми зебои он бисёр шунидааст ва ошиқи он шудааст. ӯ орзу дорад, ки ба Тоҷикистон як сафари ҳунарӣ дошта бошад. Бояд бигӯям, ки Аҳмад Зоҳир он солҳо ҳанӯз ба ин дараҷае, ки ҳоло дорад, дар Тоҷикистон маъруфият надошт. Он солҳо мардум бештар устодони ҳунар оқоён Хаёл, Залонд, Сорбон, хонум Жило, Рухшона ва дигаронро мешинохтанд. Хулоса, он рӯз мо боз хеле сӯҳбат кардем ва суруд хондем.

Дар хонаи  ман як рубоб буд. Ман он рубобро гирифта хеле суруд хондам ва дидам, ки меҳмонони гиромиям аз кори ман хеле шод шуданд. Рӯзи дигар Аҳмад Зоҳир боз ба хонаи мо омад. Бо ҳамроҳии худ як ҳармония овард. Он ҳармонияро ӯ ба ман тӯҳфа дод. То ба имрӯз он ҳармонияро бо худ дорам. Дар бисёр консертҳоям аз он истифода бурдаам. Феълан дар ҳолати харобӣ қарор дорад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон устои таъмиргари онро надорем. Аҳмад Зоҳир аз ман хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯву дӯсташ Довуд ба Пағмон  барои истироҳат биравем.

Ба ӯ гуфтам, ки ман ба хонаи як дӯстам ба меҳмонӣ даъват шудаам. Агар хоҳиш дошта бошад бо ҳамроҳии ман ба хонаи он дӯстам ба меҳмонӣ биравем. Аҳмад Зоҳир розӣ шуд. Якҷо рафтем ба хонаи дӯстони бисёр наздикам Шаҳбоз Кабиров ва хонуми гиромияшон шоира Меҳринисо ба мавзеи Ҷангалак, ки дар наздикии Кобул мавқеъ дорад. Шаҳбозу Меҳринисоро ҳамчун  бародару хоҳари худ медонам. Вақте, ки онҳо бо ҳамроҳии ман Аҳмад Зоҳирро диданд, хеле зиёд хурсанд шуданд. Барои онҳо омадани Аҳмад Зоҳир як тӯҳфаи хеле гаронбаҳо буд.

-Аҳмад Зоҳирро ҳамон вақт дар Афғонистон ҳама мешинохтанд?

— Бале, Аҳмад Зоҳирро тамоми Афғонистон мешинохт. Кассетаҳояш бо аксҳояш дар фурӯш буданд. Маҳбубияти беандоза баландеро соҳиб буд.

— Шумо ҳам дар вақташ дар Тоҷикистон ҳамин гуна маҳбубият доштед. Падидаи наве дар мусиқии  муосири тоҷик ба шумор мерафтед.

— Лутф мекунед, ба ҳар ҳол чунин як чизеро  ба монанди шӯҳрат ман низ дар замонаш  эҳсос карда будам. Хулоса, чун шуниданд, ки Аҳмад Зоҳир меҳмони хонадони Шаҳбоз ва Меҳринисо шудааст,тамоми ҳамсояҳои Шаҳбозхон, ки асосан намояндагони халқиятҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ,  яъне озарбойҷониҳову арманиҳо, қазоқҳову ӯзбекҳо, русҳо буданд, ба хонаи Шаҳбозу Меҳринисо омаданд. то ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик бубинанд.

Дар як дам хонаи Шаҳбоз пури одам шуд. Аҳмад Зоҳир аз ман пурсид, ки оё дӯсти ман ягон маъракаи муҳим дорад, ки хонааш ин қадар  серодам шуд. Гуфтам, ки не, ин одамҳо танҳо ба хотир дидани туву шунидани сурудҳои ту ба ин ҷо омаданд. Баъди ин суханҳо Аҳмад Зоҳир бо ҳамроҳии Шаҳбоз  дар ҷустуҷӯи  асбоби мусиқӣ ба шаҳр рафтанд. Шаҳбоз нақл мекунад, ки онҳо рост хонаи Аҳмад Зоҳир рафтанд. Дар хонаи Аҳмад Зоҳир як гурӯҳи мутрибонаш тамрин мекарданд. Маълум буд, ки барои Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷод мекарданд.

Аҳмад Зоҳир ва Шаҳбоз баъди каме таваққуф ионика ё худ синтезаторро гирифта, ба хона баргаштанд. Бояд гуфт, ки дар репертуари Аҳмад Зоҳир асосан сурудҳои бадахшонӣ  ва  сурудҳои овозхонҳои ҳиндӣ Муҳаммадрафӣ ва Мукеш бисёртар ҷо дода шудаанд. Вале бояд гуфт, ки оҳангҳои ҳиндиро ӯ ошиқонатар ва орифонатар мехонд. Баъди овардани асбоби мусиқӣ базми мо то соати яки шаб давом кард. Дар муҳити мо, яъне дар Тоҷикистони шӯравӣ, овозхон маъмулан сурудро оромона  бо як тамкин мехонд.

Вале Аҳмад Зоҳир вақте ба сурудхонӣ шурӯъ кард, гардан мезад, ҳар гуна ҳаракат мекард, ки ман ҳатто аввали кор хиҷолат кашидам, ки чаро ӯро ба ин маърака овардам. Вале баъди чанд лаҳза дидам, ки ӯ моро ба дунёи афсона ворид кард. Чун садояш баланд шуд, гумон кардам, ки мӯъҷиза кард. Ҳама моту мабҳути садои форами ӯ шудем. Дигар сӯҳбатҳои мо дер давом кард. Ман дар атрофи ҳунар дар Тоҷикистон хеле сӯҳбат кардам. Гуфтам, ки ҳунар дар кадом мақом аст.

Чунон кардам, ки дигар волаву шайдои Тоҷикистон шуд. Дар омади гап мегӯям, ки ман ҳамон вақт дар хона сабтҳои Акашариф Ҷӯраевро доштам. Аҳмад Зоҳир баъди шунидани сурудҳои Акашариф Ҷӯраев ин қадар шефтаи овози ӯ шуд, ки эҳсос мешуд, ки ҳаловат мебарад. Хулоса, он шаб дугонаву сегона сурудҳои хеле зиёде хондем. Ёдам ҳаст як суруди машҳури «Чашми сиёҳ дорӣ қурбонат шавам ман»-ро, ки оҳангаш бадахшонӣ ҳаст ва дар Афғонстон хеле роиҷ ҳаст, якҷо хондем. Сипас гузаштем ба хондани суруди машҳури даврони шӯравӣ «Я встретил девушку» ё худ «Дидам ҷамоле».

-Бо ибтикори кӣ ин суруд дар он маҳфил хонда шуд?

— Бо ибтикори худи Аҳмад Зоҳир. Мубтакири хондани ин суруд худи Аҳмад Зоҳир буд. Аҳмад Зоҳир ин сурудро чанд мисраашро медонистааст. Ба Аҳмад Зоҳир дар хондани ҳамин суруд хоҳари азизам Меҳриниссо кӯмак кард. Аҳмад Зоҳир аз ман хоҳиш кард, ки ҳамовозӣ кунам. Ман низ ҳамроҳи онҳо ин сурудро хондам.

— Мусиқиро кӣ дар кадом соз менавохт?

— Мусиқиро Аҳмад Зоҳир дар ҳамон орган ё худ синтезатор менавохт.

— Дойира ва  ё табларо кӣ мезад? Аз сабти навори тайпии он маҳфил чунин ба назар мерасад, ки ба ҷойи табла ё дойира касе дар курсие зарба мезанад. Оё курсиеро ба ҷойи табла истифода бурдед?

— Не, чунин нест. Худи ҳамон орган, синтезатор садои таблазаниро низ аз худ берун мекард.  Худи асбоб ритм дошт.Чунин соз ҳанӯз дар мо ҷорӣ нашуда буд. Дар Афғонистон ҳам Аҳмад Зоҳир яке аз аввалин ҳо буд, ки чунин асбоби мусиқии ғарбиро ба  ҳайати дастаи мутрибонаш ворид карда буд. Баъдан сурудҳои дигарро хондем. Ман суруди «Менигарему меравем» ( шеъри «Суруди анҷум»)-и Муҳаммад Иқболро хондам. Сӯҳбат чунон гарм шуд, ки соат яки шаб шуда бошад ҳам, вале касе намехост маҳфилро тарк намояд.

-Сурудхониҳои Шумову Аҳмад Зоҳир ва хонум Меҳринисо дар он маҳфил то андозае сабт шудаанд. Аз ҳамин навор эҳсос мешавад, ки ӯ бо шумо як дӯсти самимӣ буд. Масалан ҳангоми иҷрои суруди «Бевафо ёрам» ӯ бо шӯхӣ «Бевафо Ҷӯрабек» мегӯяд. Шумо дар бораи муносибатҳои дӯстонаатон боз чиҳо гуфта метавонед?

— Ӯ маро бо як меҳру муҳаббат «Ҷӯрабеки қанд» низ мегуфт.  Чун ман  дар ин сафари хидматиам завҷаам ва фарзандонамро бо худ набурда будам, Аҳмад Зоҳир  боре ба ман пешниҳод кард, ки бо кӯмаки ӯ ба афғондухтаре хонадор шавам. Албатта ман ин таклифи ӯро рад кардам. Гуфтам, ки ман дар шӯравӣ зану фарзанд дорам ва онҳоро дӯст медорам. Боре ба ӯ ҳатто гуфтам, ки бародар, ба хонаи ман камтар биё. Ту афғониву ман шӯравӣ. Нашавад, ки аз муносибатҳои мо бароят осебе бирасад. Гуфт:

-На, гумуш кун и гапҳора. Ту бародари ман астӣ. Хуни мо як аст.

— Ҳамон солҳо овозаҳое буд, ки мақомоти шӯравӣ шуморо барои муносибати дӯстонаатон бо Аҳмад Зоҳир аз Афғонистон берун карданд. Асли ҳодиса чӣ гуна буд?

— Бале, аслан чунин буд. Маро баъди ба рухсатӣ омаданам дигар нагузоштанд, ки ба Афғонистон баргардам. Ман фикр мекунам ҳамаи инҳо дар заминаи ҳасад буд. Худо шоҳид, ки ман ақлу фаросат доштам. Ман дар Афғонистон вазифаи тарҷумониро иҷро мекардам. Вазифаи тарҷумон дар Афғонистони замони шӯравӣ аз чи иборат буд, ба ҳама маълум аст. Вале маро аксаран «доктар соҳиб» мегуфтанд.

Муқарраротеро, ки барои тарҷумонҳо буд, яъне ҳар куҷо раванд, бо киҳо шисту хез кунанд, бояд маъмуриятро аз он хабардор созанд,  ё қабл аз он ки ба ҷое раванд, иҷозат пурсанд, ман риоя мекардам. Касе  ва ё ниҳоде ҳини дар Афғонистон буданам аз  робитаҳоям бо Аҳмад Зоҳир ибрози норозигӣ намекард. Вале баъдҳо, вақте ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргаштам, овоза шуд, ки гӯё Аҳмад Зоҳир ҷосуси СРУ будаасту маро низ мехостааст, ки ҳамин гуна ҷосус бисозад.

Ба гуфтаи мақомоти шӯравӣ  гӯё онҳо бо аз Афғонистон кашидан маро аз ҷосуси Амрико шудан наҷот дода будаанд. Шумо медонед, ки он замон як сиёсати комилан нодуруст аз суйи мақомоти шӯравӣ пеш бурда мешуд. Масалан, як лейтинанти калони миллаташ рус дар Афғонистон масъули бахше таъйин мешуду як полковники тоҷик, ки аз ҳамон система буд, тарҷумони ӯ таъйин мегардид. Лейтинанти рус урфу одати мардуми афғонро намедонист.

Бо онҳо чӣ гуна муносибат карданро намедонист. Масалан, боре худам шоҳид будам, ки як рус аз афғони тамоман барояш ношинос аз занаш пурсон шуд. Афғон хеле дарғазаб шуд ва гуфт: «Ин бадабахт ба зани ман чӣ кор дорад?” Хулоса, баъди он ки роҳи Афғонистонро ба рӯям бастанд, хеле азоби рӯҳӣ кашидам. Ба Маскав шикоят бурдам. Талаб кардам ки ба ман ҷавоби расмӣ диҳанд.

Дар ҳуҷҷате, ки бо имзои Яровиков ном як корманди баландрутбаи амниятӣ ба дастам доданд, навишта шуда буд, ки «Не владеет языком дари, истречался с людьми сомнительной репутации. Политически не грамотен. Он вақт аз ҳама чизи бад ҳамин буд. Баъдан дар сӯҳбат ба онҳо гуфтам: Забони дарӣ забони модарии ман аст. Чӣ тавр мешудааст, ки ман онро надонам?Аҳмад Зоҳир шахсест, ки дар Афғонистон ҳама ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд. Гуфтанд, ки падараш сарвазир буд. Гуфтам падараш ҳам одами оқилу доно буд. Марди хирадманд буд.

— Шумо бо Аҳмад Зоҳир умуман дар бораи сиёсат ҳарф мезадед?

— На. Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи касоне буд, ки аслан парвои сиёсат надошт. Бале, ахиран аз сиёсати Муҳаммад Довуд норизо буд. Ҳатто боре дар ҳузури ман ба тарафи ӯ «санге партофт». Барояш гуфтам ин корро накун. Гуфт: «На, ман он Довудро намегӯям. Ман бо он Довуд кор надорам. Ман ин Довудро мегӯям» ва ба тарафи дӯсти худ ишора кард. Дар сӯҳбатҳои мо сиёсат набуд. Шеър буду  суруду мусиқӣ буд. Марди расидаву фаҳмида буд. Бохабар буд. Аз Мавлоно, аз Ҳофизу Саъдӣ, аз Ҷомӣ, аз мақому мартабаи Лоҳутӣ дар Тоҷикистон қисса мекардем. Сӯҳбати хуб мекард. Сӯҳбаташ мисли сурудаш гарму шуниданӣ буд.

— Аз овозхонҳои тоҷик киҳоро мешинохт?

— Дар бораи овозхонҳои зиёд барояш қисса карда будам.Дар бораи устодон Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одина Ҳошим. Зафар Нозим барояш қиссаҳо гуфта будам. Ҳатто сабтҳояшонро ба Аҳмад Зоҳир пешниҳод карда будам. Ёдам меояд, ки як субҳ хеле хушҳолона ба ман гуфт, ки «имшаб аз радиои Тоҷикистон дар иҷрои Мағфират Қулқулова сурудеро шунидам, ки бисёр хуб буд».

Гуфтам Мағфират Қулқулова не, балки Ҳамроқулова. Сарояндаи хуб аст. Аҳмад Зоҳир орзу дошт, ки ба Тоҷикистон биёяд. Тоҷикистонро бисёр дӯст медошт. Ба Иттиҳоди Шӯравӣ як навъ ҳусни таваҷҷӯҳ дошт. Ёд мекард, ки чӣ тавр аз Аврупо боре тавассути Маскав ба Афғонистон омадааст. Чанд лаҳза дар фурӯдгоҳи Шереметево буданашро бо хушҳолӣ ёд мекард.

-Аз ғаму андӯҳаш бо шумо чизеро дар миёна мегузошт?

—  Гоҳ-гоҳе қиссаҳои зиндонӣ шуданашро ҳикоят мекард.  Мегуфт, ки вақти дар зиндон буданаш падараш боре ҳам ба аёдаташ нарафта будааст. Вале барояш мактуб менавиштааст ва дар он номаҳояш  мегуфтааст, ки «Писарам, мард бош. Шояд душманонам қасди маро аз ту мегиранд. Сабр кун, ба мақсад хоҳӣ расид».

— Бо падари Аҳмад Зоҳир сӯҳбат доштед?

— Бале, як маротиба дар сӯҳбаташ будам.Дар бораи Аҳмад Зоҳир сухан кард. Гуфт, ки мехоҳад, ки ҳамаи дӯстонаш мисли ман бошанд. Рости гап, хурсанд шудам, ки падари Аҳмад Зоҳир дар симои ман дӯсти хуби Аҳмад Зоҳирро медидааст.  Ҳамин тариқ баъди ин маҳфил рафту омадҳои мо сар шуд. Як чиз ҳеҷ аз хаёлам намеравад. Боре ба Аҳмад Зоҳир ёдовар шудам, ки рӯзгори бофароғат дорад, ҳама чиз барояш муҳаё ҳаст. Бадеҳатан ба ман гуфт:

— Ин чӣ рӯзгор аст? Як нафарро мебинӣ ки сабад болои сар «кела, кела (банан, банан)» гӯён фарёд мекунад. Нафари дигареро мебинӣ, ки бо мутари шашметрӣ аз пешат мегузарад, ки ин қобили қабули ман нест. Яъне Аҳмад Зоҳир дили нозук дошт, марди бараҳм буд. Риояи адлу инсофро шарти асосии зиндагонӣ дар ҷомеъа медонист.

Аҳмад Зоҳир ҳамон шабу рӯз як акси хонумеро дар даст дошт. Мегуфт, ки ӯро хеле зиёд дӯст дорад. Аҳмад Зоҳир дар маҷмӯъ марди раҳмдил буд, шафиқ буд, меҳрабон буд. Азбаски ҳунарманди асил буд, дар дилаш ҷуз покиву озодагӣ чизе набуд. Як чизи дигар ба ёдам омад, ки бародарам Шаҳбоз ва хоҳари азизам Меҳринисо дар як сӯҳбатамон ба Аҳмад Зоҳир китоби «Мушоира»-ро ки  солҳои шастум дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба нашр расида буду дар он намунаи осори шоирони форсзабони Эрону Афғонистон, Покистону Тоҷикистон  чоп шуда буданд, ба ӯ тӯҳфа доданд. Аз ӯ хоҳиш карда шуд, ки чӣ тавре, ки фолномаро мекушоянд, китобро кушояд ва ҳар шеъре, ки баромад, онро Аҳмад Зоҳир ба оҳанг дароварда мехонад.

Аҳмад Зоҳир вақте китобро кушод, шеъри устод Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман ҳамин кофист» баромад. Мо ҳама хурсанд гардидем, ки билохира Аҳмад Зоҳир як шеъри шоири мумтози мо устод Мирзо Турсунзодаро низ бо оҳанг мехонад. Дар ҳақиқат, даъфаи дигар  дар хонаи Шаҳбоз ҳамин шеъри устод Мирзо Турсунзодаро Аҳмад Зоҳир бо як оҳанги хеле ҷолиб суруд. Баъдан қиссаҳои зиёде мекард. Мегуфт, ки ҳасби ҳоли маро Мавлонои Балхӣ ва Лоҳутӣ кардааст. Бо эҷодиёти Лоҳутӣ бисёр амиқ ошноӣ дошт.

Албатта аз Ҳофизу Саъдӣ ва дигар шуарои классику муосир низ бисёр мехонд. Дар интихоби шеър бисёр нозукона ва боҳавсала муосибат мекард. Як гурӯҳи эҷодкорное буданд, ки барояш меофариданд. Таронаҳои ҳиндӣ дар репертуари ӯ мавқеи хос доштанд. Таронаҳои ҳиндиро ӯ маъмулан бо забони дарӣ мехонд. Масалан Муҳаммад Рафӣ оҳангеро бо забони ҳиндӣ хеле хуб мехонд ва мардум онро бисёр дӯст медоштанд.

Аҳмад Зоҳир ба ҳамон оҳанг як ғазали машҳури Ҳофизи Шерозӣ «Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ» ҳамчун матн пайдо карда, бо забони форсӣ онро хеле зебову гуворо хондааст. Ин ғазал ҳама дард аст. Ба қавле «ҷони одамро мегирад». Аз рӯйи шунидам имрӯз баъзе аз  овозхонҳои  шинохтаи ҳиндӣ ҳамин суруди Аҳмад Зоҳирро бо забони дарӣ мехонанд.  Аҳмад Зоҳир мусиқии ҳиндиро, ҳам муосир ва ҳам қлассикиашро зиёд дӯст медошт.

Боре шоҳиди ҳодисаи аҷибе шудам.  Баробари вориди хонаи Аҳмад Зоҳир шудан Аҳмад Зоҳир дар тайпаш (магнитофонаш) як мусиқии классикии ҳиндиро баланд монд. Дидам, ки ӯ баробари баланд шудани мусиқӣ марову дунёро фаромӯш кард. Яъне зебоиро бисёр хуб дарк мекард.

Садои Аҳмад Зоҳир ба мисли чашмаи оби зулолест, ки дар гармои тобистон ҳар қадр онро менӯшӣ, ҳамон қадр боз ташнатар хоҳӣ шуд.

Аҳмад Зоҳир азҷумлаи овозхонҳое ҳаст, ки ҳарчӣ қадар гӯш кунӣ хаста намешавӣ. Ӯ ҳасби ҳоли ҳар касро гуфтааст. Бо ҳунари волояш таблиғгари забони форсии мо ҳаст. Бешак, дар таблиғи забони тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ таблиғи барҷаста кардааст. Имрӯз дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ, дар Русия миллатҳои ғайрифорсӣ сурудҳои Аҳмад Зоҳирро бо забони модарии мо мехонанд. Дар Тоҷикистони мо  намояндагони чанд насли овозхонҳо аз пушти Аҳмад Зоҳир рафтанд.

Ҳарчанд ба мақоми ӯ касе то ба ҳанӯз нарасидааст. Аҳмад Зоҳи имрӯз ҳамчун ҳунарманди асили тоҷик шинохта шудааст. Муҳим нест, ки ӯ аз куҷо ҳаст. Масалан барои ман Муҳаммад Иқбол барҷастатарин шоири муосири тоҷик аст. Ягон шоирро дар мақоми Муҳаммад Иқбол намедонам ва ҳеҷ касро ба мисли Муҳаммад Иқбол дӯст намедорам. Ё Халилуллоҳи Халилӣ барои ман хеле азиз аст. Ҳарчанд, ки ин ҳарду дар кишварҳои Покистону Афғонистон зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

Мусоҳиб Султони Ҳамад

www.ruzgor.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s