АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ ДАР САМАРҚАНД ТАВАЛЛУД ШУДААСТ?


АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

Алексей Чумаков соли 1981 дар шаҳри Самарқанд, ки яке аз шаҳрҳои қадима ва бостонии Осиёи Миёна ба шумор меравад, ба дунё омадааст. Иқлими ҷануб ба садо, симо ва хислати Алексей таъсири мусбат расонид. Алексейи дусола дар боғча аллакай барномаи «консертӣ» барпо мекард, паси миз нишаста сурудҳои «Старая мельница» ва «С добрым утром тетя Хая, ай-яй-яй…»!-ро бо шавқ месароид. Алексей медонист, ки сарояндагӣ ин меҳнати сахт ва ҳаррӯзаро талаб мекунад. Сароянда дар бораи вақти холӣ метавонад фаромӯш кунад. Алексей ҳатто мустақилона гитор навохтанро аз худ карда буд.

Доим дар консертҳои мактабӣ суруд мехонд. Ба варзиш низ машғул мешуд, аз ҷумла ба баскетбол ва кикбоксинг. Хеле барвақт эҷод кардан, оҳанг бастан ва суруданро оғоз кард. Барои ба буҷаи оила зарар нарасонидан Алексей барои кисааш худ пул кор мекард. ӯ эҷоди сурудро бо савдогарӣ омехта карда буд, яъне дар бозор шишта ба фурӯши мева ва сабзавот машғул мешуд. Баъд оҳиста-оҳиста Алексей дарсҳои мусиқиро бо кор дар сохтмон омехта кард. ӯ ҳам дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекарду ҳам дар сохтмон. Тобистон ба истироҳатгоҳҳо рафта мизу курсӣ ва деворҳоро ранг мекард. Меҳнати зиёди Алексей исбот кард, ки ҳеҷ чиз худ ба худ ба даст намеояд, барои муваффақ шудан бояд софдилона меҳнат кард.

Дар рӯйи саҳна ӯ аз синни 11 солагӣ пайдо шудааст. Дар ҳамин синну сол ӯ суруди аввалинашро дар Самарқанд, дар озмуни «Утренняя звезда» сароид. Дар мактаб Алексей барандагӣ низ мекард. Соли 1995 баъди задухӯрдҳои миллӣ, оилаи Чумаков ба хулосае меоянд, ки ӯзбекистонро тарк карда, ба Тюмен раванд. Дар Тюмен волидони Алексей шиносҳои зиёд доштанд, бинобар ин он ҷоро интихоб намуданд. Дар Тюмен Алексей ба коллеҷи олии санъат, ба шӯъбаи вокал дохил шуд, вале танҳо як сол таҳсил кард. Зеро акнун сафарҳои ҳунарӣ, барномаҳои консертӣ, фестивалҳо ва шабнишиниҳо оғоз шуда буданд. Алексей шӯъбаи ғоибонаи коллеҷи олии санъати шаҳри Тошкентро соли 1998 хатм менамояд. Муваффақият ба Алексей мунтазир шуданро зарур надонист, зеро дар озмуни  «Голоса «Европы плюс» Чумаков се ҷоизаро якбора барои вокалистӣ ва оҳангсозӣ соҳиб мешавад.

АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

Падари Алексей Георгий Георгиевич аз рӯйи ихтисос рассом мебошад. Модараш Лилия Аванесовна духтур шуда кор мекард, ҳоло бошад, нафақахӯр аст. Падараш ҳам нафақахӯр аст, вале то ҳол фаъолияташро давом дода истодааст. Алексей боз бародари аз худ калон дорад, ки Сергей ном дорад. Алексей ҳеҷ гоҳ дар ҷой наменишаст. Ӯ мустақилона сарпараст ёфт, ки ба ӯ на танҳо сурудҳояш, балки ақида ва рафторҳои ҷавон писанд омад. Соҳибкори машҳури тюменӣ Станислав Анатольевич Нагаев аввалин зарбаи сахтро ба карераи Алексей Чумаков зад. Бо маблағи калон албоми нахустини Чумаков сабт шуд, сафари ҳунарӣ ба Екатеренбург баргузор гардид ва ба яке аз сурудҳо клип омода шуд. Алексей аз тақдираш миннатдор аст, ки ӯ бо нафарони хуб шинос шуд, ки бе онҳо барояш ба қуллаи мурод расидан душвор буд.

Ба рӯйхати одамони сахӣ, ки доим ба Чумаков ёрӣ мерасонанд Георгий Кузьмич, Олег Анатольевич Чижов дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки шӯҳрати асосӣ баъди озмуни миллӣ насиби Чумаков гардид. Алексей бо боғоҷи пур аз истеъдод ба озмуни «Народный артист» омад, зеро ӯ аллакай соҳиби таҷрибаи хуби корӣ буд. ӯ эълони озмуни мазкурро дида, бе ягон дудилагӣ чипта харид, то ки ба Перм равад. Падару модар ва наздиконаш, ки доим ситора шудани ӯро мехостанд, аз як гиребон сар бароварда ӯро дастгирӣ карданд. Дар Перм Алексейро ҳам продюсери лоиҳа Евгений Фридлянд ва ҳам Лариса Долина хуб пазируфтанд. ӯ дар озмун ҷойи сеюмро ишғол кард.

АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

АЛЕКСЕЙ ЧУМАКОВ

Акнун боз сафарҳои ҳунарӣ оғоз шуданд. Албоми «Народниый артист. Қисми 1.» ба савдо баромад, ки суруди «Я от тебя схожу с ума» дар он садо медод. Акнун мухлисони зиёд барои Чумаков «аз худ бехуд мешуданд». Чунин бехудшавиҳо ҳатто худи сарояндаро низ ба ҳайрат меовард. Ақли расо, серталабӣ ва ҳазлҷӯйии Алексей дар гирду атрофаш одамони зиёдро ҷамъ мекунад. Дар тамоми конфронсҳо ӯ ба саволҳо ҷавоб дорад. Бинобар сухандониаш дар барномаҳои консертӣ бештари вақт вазифаи барандагиро низ ба дӯш мегирад. Ҳамин минвол Чумаков дар ҷодаи санъат фаъолияташро давом дода истодааст.

Масъул: ГУЛАФШОН

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s