ДЕННИС ХОППЕР АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ


ДЕННИС ХОППЕР

ДЕННИС ХОППЕР

Рӯзи 29-уми май ҳунарманд ва коргардони машҳур Деннис Хоппер дар хонаи худ, воқеъ дар наздикии шаҳри Венис, штати Калифорния аз олам даргузашт. Аз рӯйи гуфтаҳои дӯсти Хоппер, Алекса Хитза, вақтҳои охир ҳунарманд бештари вақти худро дар ҳалқаи дӯстон ва хешовандон мегузаронд. Сабаби марги ӯро дар хурӯҷ кардани бемории саратон, ки Хоппер ду соли охир аз ин касалӣ азоб мекашид, медонанд. Ҳунарманд соли 1936 дар штати Канзаси Амрико таваллуд шуда, фаъолияти ҳунармандиашро дар синни 18-солагӣ дар Голливуд оғоз намудааст.

Машҳуртарин филмҳое, ки Деннис дар онҳо нақш офаридааст, ин «Апокалипсис сегодня» (1979), «Бойцовая рыбка» (1983), «Синий бархат» (1986), «Скорость» (1994) ва «Водный мир» (1995) мебошанд. Хоппер дорандаи ҷоизаи киноакадемияи амрикоӣ «Золотой глобус» ва «Оскар» мебошад. Вақтҳои охир Хоппер аз бемории саратон ниҳоят заиф шуда буд. Ҷараёни дурударози ҷудошавӣ бо ҳамсараш Виктория, ки моҳи январи соли равон анҷом ёфт, азоби Хопперро дучанд кард. То ин вақт онҳо қариб 14-сол якҷоя зиндагӣ карда буданд.

Дар аризаи даъвогии худ ҳунарманди 74-сола қайд кардааст, ки Викторияи 42-сола ҳамеша ӯро дар баҳсҳои оилавӣ, ки тӯли зиндагии якҷоя ба миён меомаданд, гунаҳкор мекардааст. Ба гуфти Хоппер сабаби баҳсҳои зиёде, ки вақтҳои охир байни ӯву ҳамсараш сар мезаданд, ин ичозат надодан ба аёдати духтарчаи 6-солаи онҳо Гален буд.

Моҳи январи соли равон Виктория ба суд шикоят намуд, ки Хоппер дар ҳузури кӯдак марихуана мекашад, бар замми ин, қобилияти қабули қарори дурустро надорад. Баъди ин Деннис ба суд ҳуҷҷатҳои ду сардухтурро пешниҳод кард, ки ин ҳуҷҷатҳо қобилияти ҳамаҷонибаи ӯро тасдиқ мекарданд. Моҳи феврал адвокат дар асоси он ки Хоппер шахсияти шинохта аст ва саломатиаш чандон хуб нест, қарори судро дар бораи он ки ҳамсараш Виктория ба ӯ ба масофаи 3метр зиёд наздик шуданро надорад, дастрас намуд.

Моҳи марти соли 2010 дар яке аз ҷамъомадҳои Голливуд, ки дар Лос-Анҷелес баргузор гардид, Хоппер иштирок кард. Ҳунарманд ба беқувватию бемории вазнин нигоҳ накарда, дар ин ҷамъомад иштирок намуд. Вазни  ҳунарманд вақтҳои охир  ба 45кг расида буд ва бо як душворӣ гап мезад. Бо кӯмаки дӯстон ба саҳна баромада, ба ташкилкунандагон ва Голливуд, ки барои ӯ мактабу хонааш маҳсуб меёфт, миннатдории худро изҳор намуд.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s