ДМИТРИЙ НАГИЕВ АЗ ЗАНАШ ҶУДО ШУД


ДМИТРИЙ НАГИЕВ

ДМИТРИЙ НАГИЕВ

Шоумен  Дмитрий Нагиев расман аз занаш Алиса Шер ҷудо шуд. Акнун ӯ бе ягон дудилагӣ худро муҷаррад муаррифӣ мекунад. Мӯҳри бекор кардани ақди никоҳ бо зани ягона ва расмиаш Алиса Шер (Алла Нагиева) дар шиносномаи барандаи телевизион чанд рӯз пеш, аниқтараш 13-уми майи соли 2010 гузошта шуд. Дмитрий Нагиев мегӯяд, — аз ҳама ҷолиб он аст, ки ман ҳеҷ вақт нагуфтаам, аз занам ҷудо шудам ё умуман зан надорам. Ин кори журналистони ноӯҳдабаро буд, ки мо аз ҳам ҷудо шудем.

Онҳо дар бораи ҷудошавии мо ҳанӯз аз соли 2002 навиштанро оғоз карданд. Хатто ҳеҷ кас хабарро таҳлил  накардааст, ки оё мо воқеан ҷудо шудем ё не? Соли 2004 пас аз чоп шудани китоби собиқ наттоқи радио Алиса Шер «Ман зани Дмитрий Нагиев будам» дигар шубҳае намонда буд, ки онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, лекин баъд маълум шуд, ки Алиса журналистонро фиреб додааст. Ҳангоми сӯҳбат Нагиев иқрор шуд, ки ин китоби фармоишӣ буд ва Алиса Шер онро бо пули ночиз анҷом навиштааст.

— Пеш аз ба чоп супоридани китоб ман дастнависашро хонда будам ва медонистам, ки Алиса худро дар китоб «собиқ зани ман» ном мебарад. Ман ҳам зид набаромадам, — ба хотир оварда мегӯяд Нагиев. Алиса ва Нагиев қарори ба таври расмӣ аз якдигар ҷудо шуданро худи ҳамин сол қабул карданд.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s