КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ: НИГОҲУБИНИ КЎДАКРО АЗ МОДАРАМ ОМЎХТАМ


КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

Ситораи машҳури эстрада, ҳунарпешаи театр ва  синамо Кристина Орбакайте 25-уми майи соли 1971 таваллуд шудааст. Аз овони кўдакӣ ўро шахсони эҷодкор ва боистеъдод иҳота карда буданд. Падари ў Миколас Эдмундас Орбакас ҳунарманди сирк ва  модараш бошад, Алла Пугачёва маликаи мусиқии Cоветӣ ва Русия дониста мешавад. Маҳз  шўҳрату маҳбубияти модараш буд, ки  Кристина ба мусиқӣ ва сурудхонӣ муҳаббати беандоза пайдо кард. Падараш ба ў тамоми нозукии  мусиқиро ёд дод.

Кристинаи хурдакак дар мактаби махсуси англисӣ таҳсил мекард ва баъди дарс чанд соат ба сурудхонӣ машғул мешуд. Илова бар ин, ба ҳамаи намоишҳои театрӣ мерафт ва модарашро розӣ намуд, ки ўро ба имтиҳони мактаби балет барад. Як соли таҳсили Кристина дар мактаби балет бисёр хуб гузашт.  Кристина бори аввал дар синни ҳафтсолагӣ тариқи телевизион бо суруди «Солнышко смеется» дар барномаи «Веселыи нотки» баромад кард. Соли 1982 Кристина дар барномаи «Утренняя почта» бо асари мусиқии «Пусть говорят» ва оҳанги Игор Николаев баромад намуд. Дар баробари суруд хондан, Кристина дар филмҳо ҳам нақш меофарид. Маҳорату муҳаббати беандозаи ў ба синамо буд, ки ногаҳон муҳаббати мухлисонаш ба мусиқии эстрадӣ нею ба синамо зиёд шуд. Коргардон Ролан Быков аз байни ҳазорон мактаббачаҳои шаҳри  Маскав барои нақш офаридан дар филми «Чучело» Кристинаро интихоб намуд. Муддати чор моҳ барои ба навор гирифтани филм Кристина дар Твер бо ҳунармандони машҳур кор мекард.

— Ман аз синни 11-солагӣ маош мегирифтам. Ҳанўз ҳамон вақт чӣ будани мустақилиятро эҳсос кардам, — мегўяд Кристина.

КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

Аз соли 1992 фаъолияти ҳунарии Кристина Орбакайте оғоз мешавад. Дар зодрўзи Алла Пугачева ў суруди «Поговорим»-ро иҷро кард, ки суруд ва оҳанги Игор Николаев буд. Баъд аз ин Кристина ду клипи тозаэҷодашро бо номҳои «Позвони меня» ва «Горкое похмелье» пешкаши ҳаводоронаш намуд ва ҳар ду клипро дар албоми нахустини худ «Верность» ҷой дод. Албомҳои дигари  ў «0 часов 0 минут», «Ты», «Май», «Той женщине, которая…», «The best» пайиҳам рўйи саҳна омаданд.  Ғайр аз он ки Кристина вақти зиёди худро ба эстрада бахшида буд, инчунин ў барои анҷом додани корҳои барояш ҷолибу аҳамиятнок, низ имконият пайдо мекард.

Масалан, дар филм нақш офариданро давом  медод, ки намунаи беҳтарини онҳо «Виват, гардемарины!», «Гардемарины-3», «Благотворительный бал», «Лимита» мебошанд. Аксарияти филмҳое, ки Кристина  нақш офаридааст, пайиҳам ба намоиш гузошта мешуданд. Як қисмати дигари фаъолияти эҷодии  Кристинаро театр ташкил медиҳад.  Ў пас аз нақш офаридан дар песаи «Понеделник после чуда» барои иҷрои беҳтарин нақши занона сазовори ҷоизаи Вазорати фарҳанги Русия гардид. Баъд аз ин дар намоишномаи театрии «Барышня-крестьянка» бозӣ кард. Соли 1995 Кристина гурўҳи «Чучело»- ро ташкил намуд. Дар ин гурўҳ навозандагони беҳтарин ва раққосони касбӣ ҷамъ шуданд. Баъдтар ин гурўҳ бо  номи «Лимита Экстрим» машҳур шуд ва айни замон бошад Кристина бо ҳамин гурўҳ баромад мекунад.

Моҳи майи соли 2000 Кристина дар ҷамъомади Ҷоизаи мусиқии ҷаҳонӣ «The World Musik Awars» дар Монте-Карло ҷоизаи машҳуртарин сарояндаи Русияро гирифт. Дар ин ҷамъомад Алберт Кристинаро маликаи эстрадаи Русия муаррифӣ намуд. Дар ҷамъомадҳои гуногун Кристина қариб ҳар сол ба рўйхати сарояндаҳои беҳтарин ворид мешуд. Кристина ғайр аз бист албом боз чандин барномаҳои консертӣ, инчунин дар филмҳо ва мелодрамаҳо нақш офаридааст. Филмҳои охирине, ки Кристина дар онҳо нақш офаридааст, «Московская сага», «Любовь- морковь» ва асари таърихӣ «Зоговор» мебошанд. 21-уми майи соли 1991 аз Кристинаи бистсола писари аввалаш Никита таваллуд мешавад. Ў баробари нигоҳубини писараш боз фаъолияти эҷодиашро давом медиҳад. Баъди чанд сол боз як воқеаи хуш дар зиндагии Кристина ба вуҷуд меояд, ки ў писари дуюм Дениро таваллуд мекунад.

КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

КРИСТИНА ОРБАКАЙТЕ

Худи Кристина мегўяд, ки модарам барои ман тамоми нозукиҳои тарбияи  кўдакро ёд дод. Соли 2005 Кристина бо тоҷири амрикоӣ Михаил Земцов издивоҷ  мекунад.  Кристинаи боистеъдод ҳамеша аз пайи  анҷом додани  сафарҳои ҳунарӣ, эҷод намудани албомҳои нав ва видеоклипҳои ҷолиб мебошад. Бар замми ин қадар ташвишҳо Кристина метавонад, ки дар хона  барои шавҳараш зани меҳрубон ва барои фарзандонаш модари мушфиқу ғамхор бошад.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s