ШАБНАМИ СУРАЁ: АЗ ШУНИДАНИ ҒАЙБАТУ ОВОЗАҲО ИФТИХОР МЕКУНАМ…


ШАБНАМИ СУРАЙЁ

ШАБНАМИ СУРАЙЁ

Шабнами Сурайё, овозхони машҳури Тоҷикистон соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Модараш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонони шинохтаи кишвар ба шумор мераванд. Шабнами Сурайёро машҳуртарин овозхони тоҷик унвон мекунанд, ки шӯҳраташ марзҳои Тоҷикистонро убур карда, дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон мухлиси зиёд дорад. Шабнам соли 2004 дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард, аммо шӯҳраташ ба соли 2006 баъд аз нашри суруди «Аз кудумин сафар» рост меояд.

Тайи солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷии фароғатӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан-Франсиско ва ғайраҳо) барпо кардааст. То ба ҳол се албомаш рӯйи нашрро дида, албоми наваш «Бобуна» дар ҳоли такмил аст. Бо овозхонҳои Тоҷикистон — Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Парвина Шукруллоева ва Афғонистон — Наҷим, Алии Эътимодӣ, Холид ва Ҷовид Шариф дуэт хондааст. Соҳиби як духтар ба исми Шарифамоҳ аст.

Ман нони худамро соҳибам…

— Шабнам, хоҳаратон чӣ ҳолу рӯзгор дорад?

— Шукри Худованд сиҳату саломат аст. Баъзан ба дидорбиниаш меравам…

— Як сол муқаддам рӯйи саҳна баромадҳои фаъол доштед. Дар ҳама ҷо номи шумо буд. Чаро ҳоло камнамо ҳастед?

Корҳои эҷодиам боз нав рӯ ба пешравӣ овардаанд. Ҳамеша рӯйи саҳнаам. Ба наздикӣ дар Кӯлоб ва Хуҷанд консерт доштам. Рӯзи 10-уми июн бо сарояндаи дӯстоштаам Тимати консерт барпо кардем. Нақшаҳоям зиёданд, вале амалӣ гардонидани онҳо вақту лаҳзаи мувофиқ металабад. Ман ҳамеша омодаам, ки барои бо таронаҳои нав хуш гардонидани хотири ҳаводоронам шабу рӯз заҳмат кашам.

— Шабнам, аз саҳнаҳои бузурги хориҷа ба саҳнаҳои тоҷик баргаштанатон чӣ маънӣ дорад?

— Ман тайи чанд сол дар Тоҷикистон, бахусус дар гӯшаву канори он барномаи васеъ надоштам. Дар ин байн бисёр мухлисонам изҳор медоштанд, ки пазмонам шуданд ва дар ҳақиқат ҷудоӣ аз онҳо барои ман низ гарон буд. Вале дар кадом давлати хориҷае набошам, ба ёди мухлисони тоҷикам ҳастам ва ҳама он кӯшише, ки дорам, ба хотири баланд бардоштани мусиқии тоҷик байни хориҷиён аст.

—  Аз сафарҳои хориҷа ва кор бо продюсерҳои форсизабон чӣ таҷриба гирифтед? Оё барои як овозхони тоҷик роҳ ёфтан ба бозори ҳунари форсизабонҳо осон аст?

— Ҳамкорӣ бо ҳунармандони хориҷи кишвар ва продюсерон бароям як мактаби омӯзиш буд. Агар ҳамаи он таассуроту таҷрибаи андӯхтаамро, ки як китоб мешавад, нақл кунам, вақтамон кифоят намекунад. Умуман барои ҳунарманди соҳибистеъдод хоҳ дар хориҷа ва хоҳ дар ватан дари тамоми муваффақиятҳо боз аст. Чӣ хеле ки мегӯянд, инсони кордон ҳамеша соҳиби бурдаи нонаш аст.

— Шабнам, Шуморо  шохдухтари ремикс унвон кардаанд ва мегӯянд, ки таронаҳои дигаронро дар коркарди нав беҳтар аз соҳибони онҳо месароед. Оё ба сароидани ремиксхо идома медиҳед ё сабкатонро дигар мекунед?

— Сароянда набояд фақат дар як самт кор кунад. Бояд ӯ дар иҷрои ҳама гуна жанрҳо комёб бошад ва услуби сурудхониашро тағйир дода истад. Чизи якрангу такрор дилбазан аст. Чун ҳар сол дар ҳама соҳаҳо пешравию дигаргуниҳое рух медиҳанд, ки солҳои пеш бароямон дастнорас буд. Санъат низ бо навовариҳои хеш бояд ба ҷомеа такон бахшад. Ба наздикӣ албоми навам ба фурӯш мебарояд, ки дар он ҷо бисёр таронаҳо бо услуби нав сабт шудаанд.

— Маъмулан овозхонон вақте шӯҳрат меёбанд, ҳатман ба корҳои хайрия ё сиёсат даст мезананд, то худро дар ин ҷодаҳо бисанҷанд. Вобаста ба ин падида Шумо чӣ тасмим доред?

— Ба ростӣ, сиёсатро намефаҳмам, барои ҳамин талоше надорам, ки ба сиёсат ворид шавам. Муҳимтар бароям анҷом додани корҳои хайр аст. Ҳар имконияте, ки дорам, сарфи бечорагону нотавонон мекунам ва аз Худованд илтиҷо мекунам, ки ҳамеша баракат диҳад, то ба шахсони камбизоат кӯмакамро расонида тавонам.

Аз шунидани ғайбату овозаҳо ифтихор мекунам…

— Шабнам, медонем, ки зиндагии ноҳамвор доштед, издивоҷи нахустинатон бебарор анҷом ёфт. Баъдан қисмат Шуморо ба кӯйи овозхонӣ оварда шӯҳрату ному нон дод. Оё аз зиндагии имрӯзаи худ розӣ ҳастед?

— Ман новобаста аз шикасти бахти аввал, нобасомониҳои рӯзгор ва дигар камбудиҳо шукронаи зиндагӣ мекунам. Худованд ба ивази он ҳама ранҷу ғаме, ки замоне доштам, имрӯз муҳаббату дастгирӣ ва шӯҳрат ҳадя намуд. Ман ҳамаи дарду шодиамро ба қолаби таронаҳо фурӯ рехта, тавассути онҳо дар ҳар хонадон маҳбубият ба даст овардам. Медонам, ки агар ба пирӣ расам ҳам, насли навраси имрӯза ба воя расида, мегӯянд, ки мо дар даврони кӯдакӣ Шабнами Сурайёро мешунидем. Гумон мекунам, ки имрӯз аз ман дида зани хушбахттаре дар дуне нест.

— Баъзе андешаҳое вуҷуд доранд, ки гӯё шумо зери фишор қарор доред ва дастрасиатон ба саҳна камтар шудааст. Оё ин хабарҳо ҳақиқат доранд?

— Фишор меоранд ё не, аввал инсон худ ягонҷои тоза ёфта нишинад ва ба овозаю фишорҳо аҳамият надиҳад. Дарду ғам ба сари ҳама инсон меояд, Худованд ҳамаи бандагонашро месанҷад ва ба сари ҳамаи фишору зӯровариҳо худ доварӣ мекунад. Овозаи фишороварӣ нисбати ман ҳангомаи беасос асту халос.

— Дар маҷмӯъ Шумо ба овозаҳое, ки атрофи номатон эҷод мешаванд, чӣ гуна бархурд мекунед?

— Медонед, паҳн шудани овозаҳо низ як реклама аст, ки барои афзудани шӯҳрати шахсиятҳои шинохта хизмат мекунанд. Дар давлатҳои хориҷа барои атрофи номи хеш ҷамъ кардани ҳангомаҳо ҳунармандон маблағ сарф мекунанд, дар Тоҷикистон чунин намуди реклама бепул аст. Аз овозаҳои манфию мусбате, ки гирди номам пайдо мешаванд, фахр мекунам, зеро ин далели он аст, ки мардум нисбати фаъолияту зиндагиам бетараф нестанд ва ҳар корам мавриди таваҷҷӯҳи гурӯҳи калони мардум аст. Ман касе ҳастам, ки дар бораам гап мезананд, агар ҳеҷ кас намебудам, маро ёд намекарданд. Одатан одамон дар бораи симои ҷамъиятие гап мезананд, ки барояшон ӯ арзи вуҷуд дорад, ҳамон рӯзе аз пасаш гап заданро бас карданд, ин чунин маъно дорад, ки ҳамон шахсият барояшон мурдааст, дигар вуҷуд надорад.

— Инсонҳо одатан аз гузаштаи худ меомӯзанд ва гоҳҳо бо ҳасрат мегӯянд, ки агар дубора таваллуд мешудам, аз роҳе, ки ҳоло дар он ҳастам, фарсахҳо мегурехтам. Ин гуна андешаҳо меҳмони Шумо мешаванд?

— Фикр мекунам, ки чунин андешаҳо сари ҳар яки моро зиёрат мекунанд. Одамизод бехато намешавад. Бехатову пок Худои яктост. Ҳар кас мехоҳад боз кӯдаки нодон шуда, ҷараёни ҳаёташро тағйир диҳад. Вале умри дубора насиби ҳеҷ кас намегардад. Мо бояд новобаста аз хатоҳои гузашта имрӯз ҳар қадамамонро назорат бурда, ҳар дақиқаамонро босамар истифода барем.

Радиои «ОЗОДӢ»

Реклама

1 комментарий в “ШАБНАМИ СУРАЁ: АЗ ШУНИДАНИ ҒАЙБАТУ ОВОЗАҲО ИФТИХОР МЕКУНАМ…

  1. shabnam bo zabonat gufti (умри дубора насиби ҳеҷ кас намегардад) ana tu fikr kun bo khudovand tu chiguna muloqot mekuni (BA SHUMO NASIHAT AMALHOI KHAIR KUNED VA AVRAHOYATONRO PUSHONED KHUDOVAND AZ IN KORATON ROZI MESHAVAD)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s