СОГДИАНА ЧИРО АЗ ОДАМОН ПИНҲОН МЕДОРАД?


СОГДИАНА

СОГДИАНА

Согдиана (Оксана Нечитайло) 17-уми феврали соли 1984 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби миёнаи махсуси мусиқӣ дохил мешавад. Дар ҷараёни таҳсил соли 1998 ӯ дар конкурси ҷумҳуриявии  мусиқинавозони ҷавон иштирок мекунад ва барандаи ҷоиза мегардад. Соли 1999 бошад, Согдиана пурра ба сурудхонӣ мегузарад ва ба муваффақиятҳои зиёд ноил мегардад. Соли 1999 барандаи ҷоизаи фестивали телевизонӣ «Садо-99» (шаҳри Тошканд) мегардад.

Албоми нахустинашро соли 2001 бо номи «Моя душа» баровардааст. Инчунин соли 2002  барандаи ҷоизаи «Мелодии моего края» дар соҳаи эстрада гардида, баъд аз ин сазовори ҷоизаи байналмиллалӣ «Пусть к звездам» дар Санкт-Петербурги Русия мешавад. Согдиана иштирокчии чандин консертҳо ва фестивалҳои байналмиллалӣ мебошад. Фаъолияти ҳунарии сароянда рангоранг буда, бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ суруд мехонад. Айни замон Нечитайло Оксана донишҷӯйи курси дуввуми факултаи эстрадасароии Консерваторияи миллии ӯзбекистон аст.

— Ман ба ҳеҷ кас нагуфтам, ки нияти дар кастинги «Фабрика звезд» ширкат кардан дорам ва намедонистам, ки дар ин озмун муваффақ мешавам. Ду сол пеш дар озмуни  «Новую волну» иштирок кардам, вале натиҷае надод. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки аз иштирок дар  кастинги «Фабрика звезд» ба ҳеҷ кас хабар надиҳам – мегӯяд Согдиана. Аз 10-уми март шабакаи якуми Русия кастинги «Фабрика звезд»-ро пахш  кард. Согдиана низ дар байни иштирокчиён ҳузур дошт. Тӯли се моҳи иштирок дар ин барномаи машҳур Согдиана бо Лариса Долина, Владимир Кузмминим, Алсу, Руслан ва дигарон баромад намуд.

Тирамоҳи соли 2006 сароянда қарори иштирок дар филми коргардони ӯзбек Баҳром Яқубовро қабул кард. Коргардони машҳур на танҳо  нақши қаҳрамони асосиро ба Согдиана дод, балки филмро ба хотири сарояндаи муқоисанашаванда номгузорӣ намуд. Соли 2006 Согдиана ҷоизаи машҳури Русияро дар ҷодаи мусиқии машҳур «Золотой граммофон» касб кард. Инчунин  Согдиана сазовори ҷоизаи «Лучшая солистика» гардидааст, ки барои соҳиби ҷоизаи асосӣ шудан Кристина Орбакайте, Жанна Фриске, Виктория Дайнеко, Валерия низ мубориза буданд, аммо солисти беҳтарин Согдиана дониста шуд.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s