БОБОИ АБХИШЕК ШОИРИ МАШҲУР АСТ?


АБХИШЕК БАЧЧАН

АБХИШЕК БАЧЧАН

Абхишек Баччан- писари ҳунарманди машҳури ҳинд Амитабх Баччан ва Ҷая Баччан мебошад. Баъди шӯҳрати зиёд пайдо кардани падараш ӯ низ хост, ки номашро ба қатори ҳунармандони Болливуд дохил кунад. Филмсозони машҳур нисбати ӯ эҳтироми зиёд доранд ва истеъдодашро  қадр мекунанд. Абхишек 5-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Мумбай таваллуд шудааст. Бобои ӯ Хариваш Рай Баччан шоири машҳури ҳинд будааст. Насаби асосии оилаи онҳо Шривастав мебошад.

Бобояш дар адабиёт бо тахаллуси адабии Баччан машҳур шудааст, аммо фаъолияти филмсозиро бо тахаллуси Амитабх оғоз намудааст. Абхишек баъди хатми мактаби миёна, таҳсилашро дар коллеҷи Алгиони Шветсария давом медиҳад. Пас аз ин барои такмил додани маҳорати худ донишҷӯйи донишгоҳи  Бостон мешавад. Ҳанӯз донишгоҳро хатм накарда тасмим гирифт, фаъолияти ҳунармандиашро пеш барад. Қадами нахустини ӯ дар Болливуд ин соли 2000-ум дар филми «Refugee» мебошад.

Баъд аз ин дар дигар филмҳо низ нақш офарида буд, аммо чандон маҳбубият пайдо накард. Танҳо соли 2004 пас аз нақш офаридан дар филмҳои «Dhoom» ва «Yuva» машҳур шуда сазовори ҷоиза гардид. Ҳамин тавр, чор филми дигар низ пай дар пай рӯйи навор омада шӯҳрату маҳбубияти ӯро боз ҳам зиёдтар намуданд. Имрӯз Абхишек Баччан ба қатори лигаи олии ҳунармандони Болливуд дохил мешавад.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s