ГОША КУЦЕНКО ҲАРФИ «Р»-РО ТАЛАФФУЗ КАРДА НАМЕТАВОНАД


ГОША КУЦЕНКО

ГОША КУЦЕНКО

Юрий Георгиевич Куценко — Гоша Куценко ҳунарманди шинохтаи Русия 20-уми майи соли 1967 дар шаҳри Запорожи Украина таваллуд шудааст. Волидони ў коргари оддӣ буданд ва ба санъат муносибате надоштанд. Падари Гоша, Георгий Павлович корманди як вазорат ва модараш бошад ба ҳайси духтур дар беморхонаи шаҳрӣ кор мекард. Гошаро дар хурдӣ ба хотири кайҳонаварди аввалин Юрий Гагарин волидонаш  Юрий мегуфтанд. Кўдак дер боз ҳарфи «р»-ро талаффуз карда наметавонист ва барои ҳамин ўро модараш Гоша ном мебурд.

Гоша ба ин ном одат кард  ва бо ин ном тамоми умр монду маҳбубияти зиёд касб кард. Кўдакӣ ва ҷавонии Гоша ба монанди дигар бачаҳои муқаррарии давраи СССР гузаштааст. Ў аввал ба  боғча меравад, сипас ба мактаб ва ҳамин тавр мактабро  бо баҳои аъло хатм мекунад. Баъди ин  хонаводаи онҳо ба Львов мекўчанд ва дар ин ҷо падари Гоша соҳиби ҷойи кори нав мешавад. Дар Львов баъди хатми мактаби миёна Гоша Куценко донишҷўйи донишгоҳи техникии шаҳри Львов мешавад. Ў наметавонад донишгоҳро хатм кунад, чунки барои адои қарзи фарзандӣ дар давоми ду сол дар армияи Советӣ хизмат менамояд. Баъди бозгашт аз хизмати Модар – Ватан Гоша бо хонаводааш ба Маскав бармегарданд, чунки падарашро муовини вазири саноати радиои Русия таъин мекунанд. Гоша дигар дар бораи донишгоҳи техники шаҳри Львов фикр намекунад ва донишҷўйи донишгоҳи техникии шаҳри Маскав мешавад.

ГОША КУЦЕНКО И БРУС ВИЛИС

ГОША КУЦЕНКО И БРУС ВИЛИС

Вақте ки Куценко курси дуюмро ба итмом мерасонад, дарк мекунад, ки ихтисоси падараш барои ў чандон шавқовар нест. Гошаро театр ба худ мекашид ва ў маҷбур шуд, ки донишгоҳи техникиро партофта, ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби студияи МХАТ супорад. Аммо падараш тариқи телефон ба декани мактаб занг зада талаб мекунад, ки ҳуҷҷатҳои писарашро қабул накунанд. Дар имтиҳони дохилшавӣ Куценко дар назди раиси ҳайати ҳакамон ва аъзоён шеъри «Исповедь хулигана»- Сергей Есенинро мехонад. Ў ин шеърро бисёр самимӣ ва бо маҳорати баланд қироат менамояд. Баромади Куценко раиси комисия Олег Табаковро ба ваҷд меорад, ҳатто чанд маротиба ному насаби довталабро мепурсад. Чанд маротиба Куценко номашро Юрий гуфта такрор мекунаду дасташро афшонда мегўяд: — Маро модарам аз айёми  кўдакӣ Гоша ном мебарад.

ГОША КУЦЕНКО

ГОША КУЦЕНКО

Аз чунин ҷавоби Гоша комисияи қабул қаҳ-қаҳзанон механданд ва ҳамин сабаби асосӣ мешавад, ки ўро ба мактаби- студияи ҳаҷв  қабул мекунанд. Гоша дар курси 3-юм таҳсил мекард, ки бо Мария Порошина шинос мешавад. Мария ҳам дар МХАТ таҳсил мекард, вале аз Гоша шаш сол хурд буд. Онҳо бо ҳам издивоҷ карда, соҳиби як духтарча бо номи Палина мегарданд. Баъди панҷ сол онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд ва Мария фаъолияти ҳунариашро оғоз  мекунад. Акнун ў ҳамроҳи дўстонаш дар филмҳо нақш меофарад. Соли 1992 Гоша Куценко МХАТ-ро хатм мекунад ва бо проблемаҳои ҷиддӣ рў ба рў мешавад. Чунки хеҷ кас намехост, ки хатмкунандагони мактаби театриро ба кор қабул кунад. Гоша солҳои 90-ум дар бисёр филмҳо нақш офаридааст. Соли 1995 Гоша ба телевизион ворид мешавад. Аввал ў барномаи «Партийная зона»-и шабакаи ТВ-6 мебарад ва баъд фаъолияташро ба ҳайси баранда дар МУЗ-ТВ идома медиҳад. Гоша аз кори телевизион зуд монда мешавад, вале дар театр ҳам барои ў кор набуд ва маҷбур мешавад як муддати муайян ба касби муаллимӣ машғул гардад.  Соли 2001 Гоша Куценко дар филми боевик «Апрел» нақши асосиро бозӣ мекунад.

Байни чандин нафар ҳунармандони машҳур ба монанди Михаил Ульянов, Сергей Шакуров, Иван Бортник, Александр Белявский муваффақ шудан барои  Евгения Сидихина, Михаила Ефремова ва Виктор Сухорукова, Гоша Куценко осон набуд. Аз байни ин қадар ҳунармандон танҳо барои ў  нақши асосӣ муяссар мешавад, ки ў  дар филм  нақши собиқ корманди мақомоти ҷустуҷўйиро бозӣ мекунад ва аз иҷрои ин нақш ба хубӣ мебарояд. Баъди ба намоиш гузоштани филми мазкур Гоша Куценко маҳбубияти зиёдро касб кард ва ўро якбора чандин ташкилотҳо барои иштирок дар барномаҳои гуногун даъват намуданд. Худи ҳамон сол Гоша боз дар ду филми дигар «Одиночество крови» ва «Дорога» нақши асосиро иҷро мекунад. Пас аз анҷоми ин филм ҳунарманд боз давоми филми «Антикиллера»- «Антикиллер-2» ба навор мегирад.

Соли 2002 бошад филми «Антитеррор» ва пас аз як сол нақши таърихӣ «Золотой век»-ро анҷом медиҳад. Маҳбубияти бештарро дар филми «Ночной дозор», ки ҳамроҳи собиқ занаш ба навор гирифта буд, касб мекунад. Гоша Куценкоро бисёриҳо ҳамчун қаҳрамони филми боевикӣ қабул мекунанд, гарчанде ў дар мазҳакаҳои ҳаҷвӣ ва филмҳои таърихӣ низ нақш офарида бошад. Гоша Куценко баъди филми «Мама не горюй» ва «Антикиллер» шўҳрати зиёд пайдо кардааст. Ҳатто баъд аз он ки дар  филмҳои зиёд нақш офарида буд,  мухлисонаш шўхӣ карда мегуфтанд, ки филмҳои русиро минбаъд бе Гоша Куценко ва Сергей Безруков ба навор намегиранд.

Manu-tu.tj

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s