ПИРӮЗӢ БА ХОТИРИ ОШИ ПАЛАВ


ДИЛШОД НАЗАРОВ_dilshod-nazarov

ДИЛШОД НАЗАРОВ

Ҳафтаи сипаришуда Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, бо медоли тилои навбатии худ аз мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Мадриди Испониё ба ватан баргашт. Ин панҷумин медоли тилои Дилшод дар соли 2010 мебошад. Ҳангоме ки аз Дилшод суол кардам, ки дар тӯли зиндагияш чанд медоли тило ба даст овардааст, бо табассум гуфт, ки шумораи онҳоро ба ёд надорад.  Дилшод мегӯяд то охири имсол боз се мусобиқаи байналмилалии дигар дар назар аст ва ӯ омодагӣ мегирад,

ки дар ин мусобиқот ширкат кунад ва теъдоди медолҳои худро бештар кунад. Вай мегӯяд орзӯ дорад, ки муваффақиятҳои Андрей Абдувалиев, нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гурзандозӣ аз Тоҷикистонро такрор кунад. Дар кӯдакӣ Дилшод мисли дигар бачаҳо ошиқи бозии футбол буд ва то дувоздаҳсолагӣ бо бачаҳои дигар футболбозӣ мекард. Мураббии нахустинаш Тилавбой Ҳоҷимуродов, ки дар ҳамсоягии онҳо буд, Дилшодро бо қадду қомати баланд ва бозувони бақувват дид ва ӯро даъват кард ба варзиши сабук ва ба Дилшод нозукиҳои гурзандозиро омӯзонд

Дар баробари ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ Дилшод варзишгарони ҷавонро машқ медиҳад. Моҳи май дар Сингапур мусобиқотии осиёӣ миёни ҷавонон баргузор шуд ва шогирди Дилшод Абдуқодир Баротов ҷойи дувумро касб кард. Сипас, Абудқодир барои ширкат дар бозиҳои олимпӣ миёни ҷавонон ки қарораст моҳи августи ҳаминсол дар Сингопур баргузор шавад, роҳхат гирифт.

dilshod-nazarov
Дилшод Назаров

Дилшод мегӯяд: «Ҳамеша вақте ба варзишгоҳ меравӣ, бояд машқҳоро комилан иҷро накунӣ. Вақте шитобкорӣ мекунӣ ва мехоҳӣ зуд корро тамом карда, ҷойи дигар равӣ, беҳтар аст, ки аслан машқ накунӣ. Вақте ки бозувонатро фиреб мекунӣ, дар мусобиқот дасту по ва бозувонат низ ба ту мадад намекунанд. Дар ҳар коре, ки набошад, ман шитобкориро дӯст надорам.»

Ягона ҳадафе, ки алъон Дилшод дорад, ин пирӯзӣ дар бозиҳои қаҳрамонии соли 2012 аст. Дилшод соҳиби ду фарзанд, як писар ва як духтар аст. Писараш теквандо машқ мекунад ва духтараш ҳануз хеле хурд аст. Дилшод мегӯяд: “Агар писарам ва ё духтарам дар оянда хоҳанд, ки варзишкор шаванд, дасти онҳоро мегирам.” Чуноне Дилшод гуфт, ҳамеша қабл аз сафар ба мусобиқот ҳамсари Дилшод барояш оши палав таҳия мекунад.

Дилшод афзуд: «Яке аз муваффақиятҳои ман дар мусобиқот шояд ҳамин бошад ва ман ҳамеша ба ҳарифони худ низ мегӯям, ки мо дар Тоҷикистон як навъ ғизое дорем бо номи “Оши палав” ва баъди хӯрдани ош ҳатман ман сангро ба 2-3 метр дуртар аз он, ки маъмулан меандозам, партоб мекунам. Инро ман борҳо озмудаам.»

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s