ФАХРИДДИНИ МАЛИК: ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИРО ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАМ


ФАХРИДДИНИ МАЛИК

ФАХРИДДИНИ МАЛИК

Фахриддини Малик 2 апрели соли 1971 дар ноҳияи Ҳамадонии Хатлон таваллуд шудааст. Аз синфи 3-и мактаби миёна ба омӯзиши мусиқӣ машғул аст. Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси актёр ва коргардон хатм кардааст. ӯро аз поягузорони «сабки муинӣ», — услуби овозхони маъруфи эронӣ — Муин меҳисобанд. Бо овозхонони эронӣ, африқоӣ, араб, турк ва рус ҳамкорӣ мекунад. Ҳамзамон муаллиф ва барандаи барномаи «Маҳбуби дилҳо» дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон аст. То ба ҳол 7 албомаш нашр шудааст.

Дар Туркия, Эрон, Аморати муттаҳидаи Араб, Русия ва Қазоқистон консерт баргузор кардааст. Консерти ояндааш дар хориҷи кишвар дар Олмон барпо мешавад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

— Фахриддин, бештари ҳунармандон мехоҳанд дар маркази шаҳр ҷой гиранд. Шумо чӣ тавр дар маҳаллаи Ховарон, собиқ Теппаҳои шарқӣ, дур аз маркази шаҳр маскан кардед?

Ошён гар мегузорӣ дар баландиҳо гузор,

Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор…

Шахси эҷодкор ба муҳити орому хос ниёз дорад. Дар шароити имрӯза бо ҳамаи техникаву дастгоҳу василае, ки мо сарукор мегирем, дар як утоқи хурд ба корҳои эҷодӣ машғул шудану зиндагӣ кардан мушкил аст, табъи касро хира мекунад.

— Насибатон кунад. Студияи шумо бо ҳама асбобҳои мусиқӣ ва сабт муҷаҳҳаз аст. Чӣ тавр ва аз кадом ҳисоб ин ҳама муваффақ шудед ҷамъ кунед?

— Ин кори нанг аст. Пеш дар хонаи серошёна як утоқи хурди корӣ доштам. Дӯстони хориҷиам меомаданд. Баъзан дар сӯҳбатҳояшон ишора мекарданд, ки студияҳои мо заифу ибтидоиянд. Акнун ин тавр намегӯянд.

— Гуфтед, ки бо хориҷиён зиёд кор мекунед. Манзури шумо танҳо сарояндагони эронист?

— На фақат эрониҳо, бо африкоиҳо, туркҳо, русҳо ва арабҳо ҳам ҳамкорӣ мекунам. Саъй мекунам, то хориҷиён бо забони тоҷикӣ суруд иҷро кунанд. Дар ҷараёни ҳамкорӣ эҳсос кардам, ки барои онҳо низ воридшавӣ ба санъати тоҷикӣ ва талаффузи ҳар калима ҷолиб буд. Ба ҳар ҳол, иҷрои суруд бо забони тоҷикӣ барои хориҷиён ба сайқал додани ҳунарашон мусоидат кард.

— Пеш аз вохӯрӣ чанд клипатонро, ки дар хориҷа рӯйи сабт омадааст, тамошо кардам. Шумо ба давлатҳои хориҷ танҳо ба нияти сабти сабти клип сафар мекунед ё тиҷорат ҳам мекунед?

— Дар шароити имрӯза тоҷир набошӣ ҳам намешавад.

— Дар хориҷа клип ба навор гирифтан маблағи калон металабад. Агар махфӣ набошад, манбаи даромади шумо аз куҷост?

— Ҳунарманд вазифадор аст, ки клипҳояшро дар сатҳи баланд ба навор кашад. Илму техника ба натиҷаҳои мусбат муваффақ шудааст, мо низ бояд дар бозори имрӯзаи мусиқӣ қарор дошта бошем, талош кунем. Албатта, дар як фазои ноошнову ношинос маблағ пайдо кардан душвор аст, аммо имконпазир аст. Яке аз таронаҳои тоҷикиро шунида, аз ҷаҳонбиниву ҳаёти тоҷикон бохабар шуда, ҳаққи хизматашро арзонтар анҷом медиҳад, дигарӣ дасти мадад дароз мекунад.

— Асбобҳои мусиқӣ дар студияатон зиёданд. Кадоме аз онҳоро навохта метавонед?

— Аз ӯҳдаи навозиши асбоби барқӣ – пианино, ки модари ҳамаи созҳост, мебароям. Дигарҳояшро бачаҳо менавозанд.

— Дар маъракаҳои мардум иштирок мекунед?

— Албатта! Назди мардум баромад кардан нисбат ба наворбардории клип, барномасозӣ дар телевизион душвортар аст. Зеро ин робитаи зинда аст.

— Шуморо асосгузори сабки муинӣ, яъне услуби сарояндаи маъруф Муин дар Тоҷикистон мегӯянд. Ба ин назар мувофиқ ҳастед?


— Ин ба талаботи ҷомеа вобаста аст. Вақте ки ба эҷодиёти ҳунарманд таваҷҷӯҳ зиёд аст, ӯ вазифадор аст, ки талаботи мардумро ба инобат гирад. На танҳо ман, балки дигар ҷавонон низ тақозои ҳаводорони мусиқиро ба назар мегиранд. Ҳангоми истифодаи сабки муинӣ умед надоштам, ки ба як натиҷаи дилхоҳ мерасам. Дар кишварҳои хориҷ тарзи сурудхониамро шунида, садои маро аз садои Муин фарқ намекарданд. Вақте ки мо аудиторияи худро дар дохили кишвар пайдо намудем, мухлисон ба дӯши мо масъулият гузоштанд, ки акнун бояд суруди худро хонем. Аз он мактабе, ки гузаштем, таҷрибаи бузург гирифтем.

— Бо иҷрои силсилатаронаҳои ватандӯстӣ ё патриотӣ гумон намекунед, ки шуморо овозхони ҳукуматӣ ном мебаранд? Умуман сабаби ба ин мавзӯъ рӯй оварданатон чист?

— Имрӯз тамоми савту таронаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ эҳё шуда истодаанд. Тоҷикистон ба сатҳи давлатҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад. Чаро аз ин ҷомеаи ҳунарӣ дар канор бошад?! Ҷомеаи ҳунарӣ низ бояд дар пешрафт саҳмгузор бошад. Имрӯз ҳамаи сарояндагон таронаҳои меҳанпарастӣ замзама мекунанд, маҳсули эҷодашонро дар як шакли мутантан муаррифӣ месозанд ва ин танҳо боиси ифтихор шуда метавонад.

— Фахриддин, шумо барандаи барномаи «Маҳбуби дилҳо» дар шабакаи аввали тоҷик ҳастед. Чӣ гуна барои омодасозиву сабти барнома вақт меёбед?

— Саволи бомаврид додед… Хеле душвор аст. Чунки барнома бояд сари ҷалби таваҷҷӯҳи мухлисон қарор доштани ҳунарманд, ҳозирҷавобӣ, зиндасароӣ, ҳунарҳои изофӣ доштани ӯ, аз ҳамаи паҳлуҳо бохабар будани ҳунармандро бояд инъикос кунад. Вале ман кӯшиш мекунам, ки аз ҳамаи сахтиҳо гузарам ва барои пешрафти ҷомеаву болидагии хотири тамошобинон барномаҳои аз ин ҳам ҷолибро таҳия созам. Ман аз Кумитаи радио ва телевизион изҳори сипос мекунам, ки ба тарзи суханронии ман аҳамият дода роҳнамоӣ карданд, то тавонам дар чунин барномае, ки аз ҳама паҳлуҳои ҳунарӣ ҳунармандро тасвир кунад, баранда бошам.

— Аз ҳунармандони тоҷик киро ҳунарманди асил ном бурд ва аз ӯ пайравӣ кард?

— Аз арбобони тоҷик, аз ҳунармандони тоҷик, аз шоирону рӯзноманигорон метавон фаровон баҳра гирифт. Ҳамаи ин барои паҳлуйи ҳунарӣ сарчашмаи илҳом аст. Ҳунар ҳамеша навовариро тақозо мекунад. Ба андешаи ман, бояд ҳар як ҳунарманд саъй кунад, то нотакрор бошад.

— Оё бо сиёсат сарукор доред? Аъзои ягон ҳизб ҳастед ва дар интихоботҳо ба ҷонибдории кадом ҳизбҳо овоз медиҳед?

— Ҳизби халқии демократиро ҷонибдорӣ мекунам ва аз фазои сиёсии имрӯза розиам. Аз ваҳдату ягонагӣ ва дӯстӣ бо дигар кишварҳо бисёр хушҳолам. Аз мушоҳидаи шахсиам, сиёсати имрӯзаи кишварамон барои як қатор кишварҳои мутамаддин намуна шудааст.

«Озодӣ»

Реклама

One comment on “ФАХРИДДИНИ МАЛИК: ҲИЗБИ ХАЛҚӢ-ДЕМОКРАТИРО ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАМ

  1. Как говорилось на Soki.TV Всем привет)))У меня проблема.С м/ч занимаемся сексом 2 месяца,мне 18 лет,он у меня первый парнёр…и всё у нас в одной позе…( он сверху),мне это нравится,но ему то досаждает(((А суть вопроса в том,что я боюсь быть сверху!!!что делать?!!!Разнообразия то хочется!!Ну помогите пожалуйста!!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s