НАҚШИ ГИТЛЕРРО КАСЕ БА ЎҲДА НАМЕГИРАД


АДОЛФ ГИТЛЕР

АДОЛФ ГИТЛЕР

Шахсияти Гитлер ҳамеша мавриди таваҷҷўҳи киноматографони хориҷӣ қарор мегирад. Вале бори нахуст чунин кори вазнинро коргардони ҳинд Ракеш Рандҷан Кумар ба зима гирифт. Филме, ки дар доири ҳаёти Гитлер таълиф мешавад, «Дўсти азиз, Гитлер» ном дорад. Наворбардорӣ моҳи оянда шурўъ мешавад. Образи Гитлерро бояд Анупам Кхер меофарид ва нақши дўстдоштаи Гитлер Ева Браунро Неха Дхупия иҷро менамуд.

Собиқ модел Ева Браун аз Гитлер 23 сол ҷавонтар буд, вале ҳангоме ки ў ба синни 17 қадам гузошт, дўстдоштаи Гитлер муаррифӣ гардид. 42 соат муқаддам аз худкушии Гитлер онҳо расман ақди никоҳ баста буданд.

— Дар филм муносибати ошиқии Гитлер дар марказ қарор намегиранд. Танҳо мехоҳам, даҳ рўзи охири умри ин мард ва муомилаи ўро бо коргаронаш нишон диҳам. Инчунин хизмати Гитлерро дар соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон баррасӣ мекунам. Чунки маҳз яке аз пешвоёни ҳаракати озодихоњ Субхаш Чандра Бос дар Олмон дастаи муборизхоҳ ташкил намуда, бар зидди англисҳо баромадааст.

Вале яҳудиёне, ки дар Ҳиндустон таваллуд шудаанд, аз шурўъ ёфтани навори филм норозианд. Президенти «Созмони марказии яҳудиёни ҳиндустонӣ дар Исроил» ният дорад, ба роҳбари давлат нома навишта, наворбардории филмро манъ кунад. Анупам Кхер – иҷрокунандаи нақши Гитлер андешаи ҷамъияти яҳудиёнро ба инобат гирифта, аз офаридани образи Гитлер даст кашид.

Манбаъ: «Ману Ту»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s