СУРИЯ БО МАҲБУБИЯТИ ХУД САРҲАДҲОРО УБУР КАРД


СУРИЯ ШИВАКУМАР

СУРИЯ ШИВАКУМАР

Ҳунарманди машҳури Ҳиндустони ҷанубӣ Сурия Шивакумар рўзи якшанбе ба Бангалор парвоз кард. Барои ҳунарманд хурсандиовар буд, ки ўро дар фурудгоҳи барояш бегона ҳамчун ҳунарманди ҳиндӣ қабул карданд. Сафари ҳунармандро ба ин кишвар яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ ташкил намуд. «Боиси хушнудӣ аст, ки берун аз кишвари худ низ мухлисон дошта бошед», — иброз дошт зимни сўҳбат Сурия Шивакумар.

Ҳунарманд бо ҳунарпеша Ҷотик хонадор шудааст. Ба наздикӣ соҳиби фарзанди дуюм низ шуд. Сурия вақти зиёди худро бо фарзандон ва оилааш мегузаронад. Айни ҳол ҳунарманд дар филми коргардон Рам Гопал Варма «Rakta Charitra» (RC) нақш меофарад. Филми мазкур бидуни рақсу суруд ба навор гирифта мешавад. Ин пурра «филми мардона» мебошад. «Рам Гопал Варма дар таҷрибаи чандинсолаи филмофарии худ бори аввал чунин таҷрибаро анҷом дода истодааст ва ман дар ин таҷрибааш ҳамчун эксперт ширкат мекунам» — қайд намуд Сурия.

Барои Сурия ба навор гирифтани филм бо забони ҳиндӣ пеш аз ҳама маҳбубият бештар касб кардан миёни мухлисони филмҳои ҳиндӣ мебошад. — Синамои ҳинд барои ман дунёи дигар аст, аммо киностудияи тамилиро низ тарк нахоҳам кард. Агарчӣ ман дар филмҳои ҳиндӣ нақш офарам ҳам, ман ҳамон филмро интихоб мекунам, ки онро мухлисони Ҳиндустони ҷанубӣ низ тамошо карда, хуб қабул кунанд — афзуд Сурия. Ў аксаран дар филмҳое нақш меофарад, ки дар онҳо ҳам ҳунармандони Болливуд ва ҳам ҳунармандони Ҳиндустони ҷанубӣ бошанд.

Манбаъ: «Ману Ту»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s