ЭШТОН КАТЧЕР: ДЕМИ МУР МЕТАРСИД БОЗИЧАИ ДАСТИ МАН ГАРДАД


ЭШТОН КАТЧЕР

ЭШТОН КАТЧЕР

Ман ба муваффақият умед надоштам, вале ғайриинтизор дар озмун мукофоти асосиеро, ки сафар ба Нью-Йорк буд, буридам. Дар Нью-Йорк бо «Next Agency» шартнома бастам ва ҳамин тавр дари комёбӣ ба рўям боз шуд. Таклифи суратгирӣ ва наворбардорӣ дар масаллаву роликҳои рекломавӣ пайиҳам меомаданд. Ба ин қаноат накарда, ба Лос-Анҷелос сафар кардам.

Эштон, муҳаббати зани аз худ калонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

— Ҳангоме ки мо вохўрдем, Деми 40 сола ва ман ҳанўз сисола набудам. Ў ду маротиба ба шавҳар баромада, номуваффақ гашта буд. Дастнигари шавҳар нашуда, се фарзандашро ба воя расонид. Се сол мешавад, ки мо якҷоем ва боре ҳам аз дўстдориву навозиш ва изҳори муҳаббат ба ин бонуи дилхоҳам хаста нашудаам. Синну соли мо аз ҳамдигар 15 сол фарқ мекунад, лекин ин бароямон муҳим нест.

Мо аз нигоҳи аввал ошиқи якдигар гаштем. Дар никоҳ шитоб накардем, чунки Деми Мур метарсид, ки пас аз ду издивоҷи бебарор бозичаи дасти ҷавоне мегардад. Гузаштаи ў ба муҳаббати ман ҳаёти таъсир нарасонд. Соли 2005 дар Лас-Вегас тўй барпо кардем, ки ин боиси пайдо шудани баҳсу ғайбат дар ВАО ва миёни мардум гардид.

— Фарзандони Деми Мур ҳамроҳатон зиндагӣ мекунанд?

— Бале, баъзан танҳо бо онҳо дар хона мемонам, зеро ҳамсарам барои наворбардорӣ ба сафар меравад. То бозгашти ў корҳои хона ва нигоҳубини се кўдакро ба зимма мегирам: аз мактаб ба хона меорам, хўроки нисфирўзӣ тайёр мекунам, назорат мебарам, то дарсашонро тайёр кунанд, баъдан ба бистари хоб гусел мекунам.

— Каме дар бораи ҳаёти худ маълумот медодед…

— Ман 7-уми феврали соли 1978 дар шаҳри Сидар-Рапидси иёлоти Айова, дар оилаи коргар ба дунё омадаам. Ҳангоме ки 13 сол доштам, волидонам ба таври қонунӣ ҷудо шуданд ва ҳамон замон маълум гардид, ки бародарам Майкл бемории дил дорад. Беморӣ ўро рўҳафтода кард ва ҳатто боре хост худкушӣ кунад. Пас аз ҷарроҳӣ сиҳат ёфт. Дар синни 15 солагӣ оилаи мо ба Хомстэд кўчид. Дар ҳамин ҷо мактабро ба итмом расонидам.

Ягона чизе ки маро ба ҳунар ҷалб мекард, ин иштирок дар дастаҳои мусиқии мактабӣ буд. Соли 1996 ба факултаи биохимияи Донишгоҳи Айова дохил шудам. Танҳо ба он хотир муҳассили факултаи мазкур шудам, ки пас аз гирифтани диплом маблағи калон ба даст оварда, бародарамро сари чанд вақт табобат кунам. Барои пардохт кардани маблағи таҳсил дар фабрикаи ордбарории падарандарам кор мекардам.

— Мегўянд, ки шуморо аз донишгоҳ хориҷ кардаанд…

— Ҳаёти донишҷўиям пурҷўшу хурўш буд. Дар чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ зиёд ғолиб мешудам. Дар тақдирам гирифтани маълумоти олӣ набудаст, ки маро барои бетартибиам аз донишгоҳ пеш карданд. Шояд таваҷҷўҳи зиёди агентии моделиро нисбати худ дида, барои хатм накардани донишгоҳ он қадар ғам нахўрдам. Агентии моделӣ пешниҳод намуд, ки дар чорабинии «Чесраи нави Айова» ширкат варзам.

Ман ба муваффақият умед надоштам, вале ғайриинтизор дар озмун мукофоти асосиеро, ки сафар ба Нью-Йорк буд, буридам. Дар Нью-Йорк бо «Next Agency» шартнома бастам ва ҳамин тавр дари комёбӣ ба рўям боз шуд. Таклифи суратгирӣ ва наворбардорӣ дар масаллаву роликҳои рекломавӣ пайиҳам меомаданд. Ба ин қаноат накарда, ба Лос-Анҷелос сафар кардам.

— Оё боре дар нақшофарӣ номуваффақ шудаед?

— Карераи актёриамро филми «Эффект бабочки» (2004) каме халалдор кард. Сужаи филм ба мунаққидон писанд омад, вале нақши ман мавриди танқид қарор гирифта буд.

Манбаъ: «Ману Ту»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s