ГУЗАШТАГОНИ РОБЕРТ ПАТТИНСОН ВАМПИР БУДАНД?


РОБЕРТ ПАТИНСОН

РОБЕРТ ПАТИНСОН

Пас аз пурсуҷўйҳои зиёд маълум шуд, ки ҳунарманди бритонёӣ Роберт Паттинсон, ки дар ду қисми филми «Сумерки» нақши вампирро иҷро намудааст, бо шоҳи Руминия Влади III риштаи хешу таборӣ дорад. Бояд қайд намуд, ки шоҳ Влади III протипи қаҳрамони образи бадеӣ Дракула мебошад. Ҳангоми гузаронидани тадқиқот муҳаққиқон маълум карданд, ки решаи генетикии Роберт Паттинсон бо хонадони шоҳи Бритониё Дракула алоқамандӣ дорад.

Аз рўйи маълумоти онҳо Паттинсон аз хешовандони дури шоҳигарии бритониёӣ Уилям ва Гарри буда, дар навбати худ яке аз давомдиҳандагони князони руминиягии асри XV мебошад. Мутахассиси илми генетика Анастасия Тайлер ва кормандони ў бе ягон дудилагӣ гуфта метавонанд, ки Паттинсон бо шоҳигарии Бритониё ва вампирон алоқа дошта, гузаштаи ўро ба он чизе, ки дар саҳна иҷро мекунад, монанд медонад.

Тавре ки пештар киностудияи Summit Entertainment иттилоъ дод, барои баромадани қисмҳои охирини филми «Сумерки» иҷозат дода шуд. Филми пештара «Сумерки. Новолуние» сазовори ҷоизаи беҳтарини синамои MTV Movie Awards гардид.

Манбаъ: «Ману Ту»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s