ДИЕГО РАМОС БАЧАБОЗ АСТ?


ДИЕГО РАМОС

ДИЕГО РАМОС

Диего Рамос 29-уми ноябри соли 1972 дар музофоти Алмаграи давлати Аргентина ба дунё омадааст. Номи аслиаш Диего Сезар Рамос мебошад. Давраи кӯдакии ӯ дар деҳа гузаштааст. Диего дар овони наврасӣ бо аҳли оила тамошо кардани филму саҳнаҳои театрии гуногунро дӯст медошт. Ҳатто худ мустақилона филм интихоб намуда, ҳангоми тамошо ғарқи олами орзуҳои хеш мегардид.  Дар ҳамон давраҳои хурдӣ муҳаббати синамо дар дилаш тавлид ёфта, ӯро ба сӯйи фардо раҳнамун сохт.

Пас аз хатми мактаб ба омӯзиши журналистика машғул шуд, вале чун фаҳмид, ки ҳамаи ин барои ӯ нест, тарки таҳсил кард. Баъди кӯшиши бебарори журналист шудан Диего дар рекламаи TOFL ширкат варзида, ба курси омӯзиши актёрӣ шомил шуд.

Қадамҳои аввалини ӯ дар ҷодаи кино дар нақшҳои кӯдакона арзёбӣ мешуданд. То пайдошавӣ дар экрани телевизион ӯ ҳамчун барандаи чорабиниҳои кӯдакона ва ёрдамчии оддӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолият мекард. Нақшофарии ӯ дар синамо ба таври ногаҳонӣ сурат гирифт. Ҳангоми баромад дар саҳнаи театр бонуе ба ӯ наздик шуда пурсон шуд, ки оё мехоҳад, барои иштирок дар филм аз озмун гузарад.

Баъдтар маълум шуд, ки ин бону Патрисия Вебер, яке аз продюсерони машҳури шабакаҳои телевизон будааст. Диего фикри зиёд накарда, ба кастинг омад. Пас аз чанд муддат масъулин занг зада, хушхабар расониданд, ки номзадии Диего пазируфта шуд ва акнун метавонад дар филми бисёрсериягии «Русская гора» иштирок кунад. Маҳз аз ҳамин филм карераи актёрии Диего оғоз гардид. Шояд қобилияти ҳунармандии ҷавон дар филмҳои бисёрсериягӣ зиёдтар буд, ки ӯро бештар ба чунин филмҳо даъват менамуданд.

Соли 1997 барои Рамос имконияти хуби мустаҳкам намудани мавқеъ дар синамо пайдо шуд, ки ин нақшофарӣ дар силсилафилми машҳури «Богатые и знаменитые» буд. Дар ин филм ӯ образи ҳимоятгари ҷавон Диего Салерноро офаридааст. Комёбии ҷавонро дар нақши ҳимоятгар дида, коргардони филми «Все твое — мое» ӯро барои нақши муҳофизатчӣ интихоб карда, шартнома баст.

Падари Диего Алберт духтури дил ва модараш Силвия соҳибхоназан, хоҳараш Мария тарроҳ, бародаронаш Кристиан мутахассиси муносибатҳои байналхалқӣ ва Эрнан донишҷӯ мебошанд. Шояд шумо Диегои дар филмҳо ошиқро дида гумон баред, ки ӯ дар зиндагӣ низ чунин муҳаббати сӯзонро ба пуррагӣ эҳсос мекунад, вале чунин нест. Ҳаёти шахсии ӯ бо вуҷуди ба даст овардани шӯҳрати ҷаҳонӣ тағйир наёфт, яъне Диего ҳамчун як ҷавони оддӣ боқӣ монд. Дар аввал овозае паҳн шуд, ки гӯё Диего бо ҳунарпеша Нэнси Дупла ва Пабло Эчарри муносибатҳои ошиқонаи бебарор дошт. Вале актёр дар сӯҳбатҳои ошкоро ба журналистон изҳор дошт, ки ӯро бо Нэнси танҳо робитаи дӯстӣ мепайвандаду Дупла дӯсти наздикаш мебошад.

Дар бораи ҳаёти пасипардагии Диего Рамос сару садоҳое буданд, ки гӯё ӯ бо ҳамҷинсони худ хуфтухоб мекунад. Вале то ҳол касе ӯро дар ҳолати муносибатҳои шаҳвонӣ бо мардон ва ҳатто занон дастгир накардааст. Ба ҳамаи саволҳои кунҷкобона Диего бо табассум посух медиҳад, ки ҷуфти муносибашро ҳанӯз пайдо накардааст ва ин ҳам як паҳлӯйи мусбат барои фаъолияти эҷодиаш аст. Сабаби бо касе вонахӯрданашро актёр дар шармгинӣ ва романтик набуданаш мебинад.

Ӯ хоксорона қоил мешавад, ки боре ҳам ҷинси муқобилеро ба мулоқоти ошиқона даъват накардааст ва идеяи истеъмоли якҷояи таоми шоми романтикӣ ҳатто ба сараш наомадааст. Вале агар ӯро касе ба вохӯрӣ ва таоми шом даъват кунад, бо ҷону дил мепазирад. Пас аз чунин вохӯриҳо ӯ барои инкишоф ёфтани ҷараёни муносибатҳо ҳаргиз қарори ҷиддӣ намебарорад. Дар мавриди саволи ишқ Диего ҷавоб медиҳад, ки бе ин ҳиссиёти мӯъҷизаофар зиндагӣ карда наметавонам ва ҳаррӯз се маротиба ошиқ мешавам.

Манбаъ: «Ману Ту»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s