ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ: «САДОЯМ АНДАКЕ ЗАИФӢ ДОРАД»


КУРБОНАЛИ АБДУЛЛО

КУРБОНАЛИ АБДУЛЛО

Қурбоналӣ Абдуллоев овозхони хушсадои тоҷик беш аз сӣ сол аст, ки барои ҳаводорон заҳмати самимонаву содиқона мекашад ва ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро мекунад. Ӯ бо табассум замони хурдияшро ба ёд оварда мегӯяд, ки барномаҳои мусиқии радиоро бо шавқ гӯш мекард ва тасаввур менамуд, ки чӣ гуна садои ӯ аз ҳамин радио баланд мешаваду ба ҳунараш ҳамагон кафкӯбӣ мекунанд. Бо ҳамин орзуҳо соли 1977 ду таронаашро, ки «Гул мекунад» ва «Қонуни ҳақиқат» ном дошт, дар телевизион сабт намуд.

Албомҳояш танҳо соли 1996 мунташир шуданд. Дар шумурдани оҳангҳояш душворӣ мекашад ва мегӯяд, ки шояд бештар аз дусад тарона иҷро карда бошад. Метавон гуфт, ки ҳар сурудаш дунёи маъниву эҳсоси волост.

— Устод, маъмулаш мардуми оддӣ ҳангоми истироҳат аз заҳмати сарояндагон баҳра мебаранд. Чун Шумо гуфтед, ки дар рухсатӣ қарор доред, мехостем донем, ки овозхонон чӣ гуна истироҳат мекунанд?

— Ман ҳангоми истироҳат ба деҳа рафта, ба волидонам дар ҷамъоварии гандум ёрдам кардам. Вале дос ба дастам нарасид, чунки ҳамаи киштро комбайн ҷамъварӣ намуд, вале ман бо балегӯӣ рӯҳияи одамонро боло бардоштам. Новобаста аз ин ҳоҷибобо як миқдор ҳиссаамро ҷудо карда доданд.

— Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар осмони санъати тоҷик ситораҳо пайдо шуда, бо ҷилои кӯтоҳмуддате хомӯш мегарданд. Вале Шумо ҳамеша дар як сатҳ қарор доштед. Сирри муваффақиятатон дар чист?

— Ман аз зиёд шудани ситораҳо ранҷур нестам, зеро дар вақти бечароѓӣ кишвари моро рӯшан мекунанд. Сабаби зуд нопадид шудани онҳоро дар надоштани поя мебинам. Нафароне, ки саводи мусиқӣ доранду бевосита бо фанҳои бисёри зарури санъат сарукор мегиранд, натиҷаи фаъолияташон нашъаи дигар дорад. Чашмаи эҷодиёти онҳо сероб аст.

— Ҳангоме ки номатонро ба забон меорем, ҳаракатҳои махсуси Шумо пеши назар меояд. Бигӯед, ки ин аз рӯйи одат аст ё эҳсосот?

— Фикр мекунам, ки зиёдтар аз рӯйи эҳсос аст. Чунки ҳангоми хондани тарона ба як ҳолати аҷиб ворид мешавам. Худи мусиқӣ низ як сеҳр аст ва дар доми он инсон аз худ берун мешавад.

— Оё дар ҳунаратон чизе ҳаст, ки ба худатон писанд нест ва онро ислоҳ намудан мехоҳед?


— Дар ҳақиқат аз бисёр ҷиҳатҳои ба худам вобастабуда норозӣ ҳастам. Яке аз камбудиҳои мазкур он аст, ки ба мусиқии асил то ба он дараҷае, ки лозим аст, аҳамият надодам. Баъдан дар масъалаи тарбияи овоз садои ман он қадар ҳам боқувват нест, андаке заифӣ дорад. Шояд ин ба он хотир аст, ки нозукиҳои баровардани садоро аз устодон камтар омӯхтам.

— Матну оҳангро худатон интихоб мекунед ё касе бароятон тавсия медиҳад?

— Дар ин ҷо чанд самт аст. Дар самти аввал худатон шеърро интихоб мекунед ва баъдан оҳанги мувофиқ меёбед ё месозед. Дар самти дуюм устодоне ҳастанд, ки барои овозхон махсус шеъру оҳанг менависанд ё барои оҳанги тайёр матн менависанд. Дар дигар самт як овозхони дигар таронаи тайёрро ба ҳунарманди дигар пешниҳод мекунад.

— Ба рӯйи саҳна бо кадом ҳадаф омадед ва оё имрӯз ба ҳамон мақсадатон расидед?

— Бо роҳи дилхоҳам вориди саҳна шудам ва мехоҳам, ки барои насли ояндаву мухлисонам сандуқи ҷавҳарбори таронаҳоро боқӣ гузорам.

«Озодӣ»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s