ПЭРИС ҲИЛТУН БАРОИ МӮЙҲОИ МАСНУЪӢ БА ДОДГОҲ МЕРАВАД


ПЭРЕС ХИЛТОН

ПЭРЕС ХИЛТОН

Ширкати Hairtech International, ки ба тавлиди мӯйҳои маснӯъӣ машғул аст, таcмим гирифтааст Пэрис Ҳилтун, ситораи дурахшони муд ва синеморо, ба маҳкама кашад. Ин ширкат муддаъист, ки вориси импротурии меҳмонхонаҳои Hilton қарордоди худро нақз карда ва бо мӯйҳои сохтаи як ширкати рақиб дар малои ом зоҳир шудааст. Ширкати Hairtech арз мекунад, ки аз рӯйи қарордод Ҳилтуни 29-сола мебоист танҳо мӯйҳои сохтаи ин ширкатро бар сар нишонад ва таблиғ кунад.

Бо ин вуҷуд, чунончи мушовирони ҳуқуқии ин ширкат таъйид мекунанд, хонуми Ҳилтун дар соли 2008 аз мӯйҳои тавлиди як ширкати дигар истифода кардааст. Агар қазия ба нафъи ширкати Hairtech анҷом шавад, хонуми Ҳилтун мумкин аст 35 милюн дулор баҳои ин қазияро бипардозад. Тибқи гузоришҳо, ин маблағ даҳ баробар бештар аз пулест, ки ин ситораи пуртарафдори муд ва синемо аз таблиғи мӯйҳои маснӯъӣ ба даст овардааст. Иддаъои дигари ширкати Hairtech алайҳи Пэрис Ҳилтун ҳузур наёфтани вай дар як зиёфат барои муъаррифии маҷмӯъи тозае аз мӯйҳои маснӯъии ин ширкат дар соли 2007 аст.

Аммо хонуми Ҳилтун далели мӯътабаре барои ғайбаташ аз ин маҳфил дар даст дорад: он замон вай ба ҷурми ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ба муддати 24 рӯз дар зиндон буд. Сарфи назар аз ин, масъулони ширкати Hairtech мегӯянд, ки шеваи зиндагии хонуми Ҳилтун бо истротежии бозорёбии ин ширкат чандон созгор нест.

Иддаъоҳои дигар

Додхости феълӣ нахустин мавриде нест, ки дар он хонуми Ҳилтун дар иртибот бо қарордодҳои тиҷорияш барои таблиғи тавлидоти ширкатҳои мухталиф дучори музоҳимат мешавад. Ба ин минвол, дар соли 2008 ширкати National Lampoon ӯро ба додгоҳ кашида ва ба риъоят накардани таъаҳудоташ дар мавриди таблиғи кумедии Pledge this! (тарҷумаи русии он- «Блондинка в шоколаде») муттаҳам карда буд.

Аммо порсол қозии додгоҳе дар Моёмӣ раъй бар ин дод, ки хонуми Ҳилтун набояд 8,3 милюн дулорро, ки барои тавлиди ин филм ҳазина шудааст, бипардозад. Бо ин ҳол, додгоҳ ҳануз дар ин бора тасмим нагирифтааст, ки вориси импротурии меҳмонхонаҳои Hilton бояд як милюн дулор дастмуздеро, ки барои ширкат дар филм ва ризоят барои тавлиди он дарёфт карда буд, комилан ё қисман баргардонад. Бар асоси асноде, ки ба додгоҳ пешниҳод шудааст, филми хонуми Ҳилтун танҳо дар 25 толори синемо ба намоиш даромада ва пахши ҷаҳонии он камтар аз 3 милюн дулор сармоя овардааст.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s