УЗРХОҲӢ БАРОИ ИБТИЛОИ ЯК МАРД БА ВИРУСИ КАМБУДИ МАСУНИЯТ


НАДЯ БЕНИАСА

НАДЯ БЕНИАСА

Надя Бениаса, овозхони олмонӣ аз гурӯҳи мусиқии “Фаришта нестем” иқрор шуд, ки бо чанд мард, бидуни огоҳ кардани онҳо аз ин, ки вай мубталои вируси камбуди масунияти инсонӣ (ВКМИ ё ВИЧ) аст, ҳамхобагӣ кардааст. Надя Бениасаи 28 сола ин ҳарфҳоро дар оғози муҳокимаи додгоҳӣ дар Дармстади Олмон гуфтааст. Ӯ ба додгоҳ гуфтааст: “Ман узр мехоҳам”. Аммо вай инкор кард, ки қасдан касеро мубталои вирус кардааст. Тибқи парванда вай барои “огоҳона мубтало кардани як мард ба ВКМИ дар осебрасонии шадиди ҷисмонӣ” муттаҳам шудааст.

Вай ҳамчунин дар “талош барои осебрасонии шадиди ҷисмонӣ” аз роҳи ҳамхобагӣ бо ду марди дигар, ки мубталои ин вирус нашудаанд, муттаҳам аст. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот, вай метавонад, аз шаш моҳ то даҳ сол равонаи зиндон шавад. Дар номаи хонум Бенаиса, ки вакили мудофеъаш дар додгоҳ хонд, аз ҷумла гуфта мешавад: “Пас аз ин, ки маро боздошт карданд, ман дарк кардам, ки наҳваи бархурди ман бо бемориам нодуруст будааст… Ман иштибоҳи бузурге кардам.”

“Ман ба ҳеҷ ваҷҳ намехостам, шарики ҷинсиам мубталои вирус шавад.” Вай иддаъо кард, ки пизишкон ба ӯ гуфтаанд, ки хатари сирояти вирус “тақрибан сифр” будааст. Оливер Уолош, вакили мудофеъи ӯ дар додгоҳ гуфт, ки муваккилаш тарси онро дошт, ки иқрори дар бораи вирус “ба маънии пош хӯрдани гурӯҳи “Фаришта нестем” хоҳад буд.”

Марди мубталошуда ба вируси ВКМИ гуфт, ки дар бораи вирус доштани хонум Бенаиса аз холаи ӯ огоҳ шуд ва ҳамон лаҳза ба назди пизишк барои санҷиши хун рафт. Марде, ки исмаш ифшо намешавад, дар додгоҳ ба овозхон гуфт: “Ту ба ҷаҳон мусибати зиёд овардаӣ.”

Хонум Бенаиса соли гузашта дар Франкфурт, дар остонаи баргузории консерташ боздошт шуд ва даҳ рӯз дар боздоштгоҳ ба сар бурд. Интизор меравад, муҳокимаи додгоҳии хонум Бенаиса то охири моҳи ҷорӣ идома ёбад.

Тристана Мур, хабарнигори Би-би-сӣ дар Берлин хабар дод, ки фаъолони мубориза бо бемории Эйдз ё СПИД аз раванди муҳокимаи парвандаи хонум Бенаиса интиқод карда ва аз онҳо тақозо мекунанд, ки даст аз ҷиноикунонии сирояти вирус бардоранд. Ба бовари Эдвин Бернард, нависанда ва вакили мудофеъ дар умури парвандаҳои ВКМИ парвандаҳо ва қонунҳо дар бораи сирояти ин вирус метавонанд, ба ҷойи пешрафт дар заминаи коҳиши сирояти ВКМИ, баръакс таъсири манфӣ дар пай дошта бошанд.

Вай ба Би-би-сӣ гуфт, пажуҳише дар Амрико ошкор кардааст, ки ин парвандаву қонунҳо ба мизони мавориди ҷадиди сирояти вирус ва мизони равобити ҷинсии ноамн таъсире нагузоштаанд. Оқои Бернард гуфт: “Ангуштмонӣ ба ВКМИ бим ва доғи нангро густариш медиҳад.”

Вай афзуд: “Бештаре аз ин парвандаҳо, бавижа бозтоби онҳо дар расонаҳо ривоёт дар бораи ВКМИ, аз ҷумла дар бораи тӯли зиндагонии мубталоёни онро, ки дар кишварҳои пешрафта, на камтар аз умри маъмулӣ аст, паҳн мекунанд.”

Оқои Бернард таъкид кард, парвандаҳои марбут ба сирояти вирус дар сол, дар муқоиса бо мавориди сирояти вирус камтаранд. Вай гуфт, то ҳоло дар додгоҳҳои беш аз чиҳил кишвари ҷаҳон дасти кам 400 парвандаи марбут ба сирояти ВКМИ муҳокима шудаанд, ки аксаран бо ҳукми зиндон — аз чанд моҳ то ҳукми абад анҷом ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, афроди камтар барои сироят додани огоҳонаи вирус аз роҳи иртиботи ҷинсӣ таъқиб шудаанд.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s