«ӮЗБЕКНАВО» ҶАВОЗИ ОВОЗХОНИИ ФИРӮЗАРО ГИРИФТ


ФИРУЗА

ФИРУЗА

Ширкати давлатии “Ӯзбекнаво” муҷаввизи фаъолияти Фирӯза Ҷуманиёзова, овозхони саршинос дар он кишварро барои муддате номаълум бозхондааст. Бар асоси иттилоъи сойти интернетии ин ширкат, ин тасмим ба дунболи иҷрои се кунсерти хонуми Ҷуманиёзова дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Дар ин сойт омадааст: «Гурӯҳи эҷодии эстродии миллии Ӯзбакистон дар ҷаласаи худ дар 20-уми июли соли равон тасмим гирифт, ки барои нақзи ҷиддии қарордоди ширкати «Ӯзбекнаво» барои иҷрои кунсертҳо дар хориҷ аз кишвар муҷаввизи Фирӯза Ҷуманиёзоваро боздорад.»

Ҳамакнун тибқи қонуни Ӯзбакистон, Фирӯза Ҷуманиёзова то замони дарёфти муҷаввизи ҷадид аз иҷрои кунсертҳо, таҳияи барномаҳои ҳунарӣ ва сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои хориҷӣ маҳрум хоҳад шуд. Талошҳои мо барои тамос бо масъулони ширкати давлатии «Ӯзбекнаво» барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин қазия ва тасмими ниҳоии ин ширкат бенатиҷа монд.

Вале Зӯҳро Ҷуманиёзова, модари Фирӯза ва ҳамзамон мудири барномаҳои ҳунарии вай, иддаъои мабнӣ ба иҷрои кунсерти духтараш дар Тоҷикистон бидуни иҷозаи ширкатро такзиб кард. Хонуми Ҷуманиёзова афзуд: «Ширкати «Ӯзбекнаво» муҷаввизро аз Фирӯза нагирифтааст. Муҷаввизи ин ширкат барои як сол буд, ки дар моҳи июл ба поён расид. Ман ҳоло каме беморам, вазъиятам, ки хуб шуд, ман барои гирифтани муҷаввиз дубора ба масъулони ширкат муроҷеъа хоҳам кард.»

Дар Ӯзбакистон ин нахустин маврид нест, ки ҳунармандон бо мушкилоте назири аз даст додани муҷаввизи фаъолият рӯбарӯ мешаванд. Чанде қабл Юлдуз Усмонова, овозхони маъруфи дигар дар Ӯзбакистон, аз фаъолияти эҷодии озод дар кишвараш маҳрум шуда ва гуфта мешавад ҳоло Туркияро макони зисти худ ихтиёр кардааст.

Бархе аз соҳибназарон бо ишора ба муносиботи начандон хуби байни кишварҳои минтақа, бахусус Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, мегӯянд, ки мушкили муҷаввизи Фирӯза Ҷуманиёзова эҳтимолан ба сиёсатҳои носозгори ин ду кишвар рабт дорад. Онҳо ҳадс мезананд, ки хонуми Ҷуманиёзова фақат ба хотири иҷрои барномаҳои кунсертӣ дар Тоҷикистон ва иҷрои таронаҳое ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз иҷозаи ширкати давлатии «Ӯзбекнаво» маҳрум шудааст.

Мухтор Хоҷаев, яке аз созмондиҳандагони барномаҳои ҳунарии овозхонони хориҷӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки бозхонди муҷаввизи Фирӯза Ҷуманиёзова аз иҷрои барномаҳои ӯ дар оянда монеъ хоҳад шуд. Вай афзуд, ки қонунро нақз кардан нашояд ва агар хонуми Ҷуманиёзова ба нақзи қонун даст зада бошад, пас дар тӯли як сол вай ҳаққи ширкат дар барномаҳои ҳунарӣ дар кишвараш ва берун аз онро аз даст додааст.

Вале ба гуфтаи оқои Хоҷаев, «ба ҳар ҳол, Фирӯзабону метавонад дар ин муддат дар маросими арӯсӣ овозхонӣ кунад ва бо ин роҳ даромади рӯзгорашро таъмин кунад.» Зарина Болтуева, раиси ширкати «Интер-Таронамедиа» дар устони Суғди Тоҷикистон, ки қаблан дар шаҳри Хуҷанд кунсертҳои Фирӯза Ҷуманиёзоваро баргузор карда буд, мегӯяд, ки вай овозхони хубест ва дар Тоҷикистон дар миёни ҷавонон дӯстдорони зиёде дорад.

Се барномаи кунсертии Фирӯза Ҷуманиёзова, ки мӯҷиби бурузи мушкилот байни вай ва ширкати давлатии “Ӯзбекнаво” гашт, аз 13 то 16 июл дар шаҳрҳои Турсунзода, Душанбе ва Хуҷанд ба ибтикори ширкати «Базм» баргузор шудаанд. Масъулони ширкатҳои доиркунандаи кунсертҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳалли масоили қонунӣ дар кишварҳои хориҷие, ки ҳунармандонашон барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ба Тоҷикистон даъват мешаванд, ба дӯши худи ҳунармандони даъватӣ аст.

Аммо Марҳабо Азизова, яке дигар аз таҳиякунандагони барномаҳои кунсертии мустақил дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки муҷаввиз яке аз мушкилоти аслии эҷодкорон дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Миёна аст. Вай гуфт: «Муҷаввиз барои иҷозаи фаъолиятҳои ҳунарӣ бастани роҳи эҷодиёти ҳунармандон аст.»

Иқбол Завқибеков, навозандаи гурӯҳи ҳунарии «Шамс» дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи аслии давлат аз додани муҷаввиз ба ҳунармандон гирифтани молиёти ҳармоҳа аз даромади овозхонон ва ҳунармандони арсаҳои дигар аст, ки онҳо дар маросими ғайридавлатӣ ба даст меоранд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи иддае аз соҳибназарон, системи судури муҷаввиз аз сӯйи ширкатҳои вижаи давлатӣ барои иҷрои барномаҳои ҳунарӣ ба ҳунармандон ва овозхонон дар кишварҳои Осиёи Миёна навъе талоши зимомдорон барои кунтрули ҳунармандон аст.

Би-Би-Си

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s