АЛЕКСАНДР ДЕМЯНЕНКО (ШУРИК)


АЛЕКСАНДР ДЕМЯНЕНКО

АЛЕКСАНДР ДЕМЯНЕНКО

30 маи соли 1937 дар Свердловск (имрўза Екатеринбург) дар оилаи артисти театри опера Сергей Демьяненко нахустфарзанд ба дунё чашм кушод, ки ба ў Саша ном ниҳоданд. Сергей Петрович, ин марди зебои малеҳандомро, ҳаводорони санъати шаҳр ва махсусан занон хеле дўст медоштанд. Тавлиди писар ҳам хулқу хислати ўро тағйир дода натавонист ва ҳамагӣ якчанд моҳ баъд ў аз гиряи кўдак хаста шуда, барои худ маъшуқаи нав пайдо намуд. Завҷаи дуюмаш ба ў ду фарзанд — писару духтари дўстрў ҳадя кард. Сашаи хурдсол чӣ? Вай таҳти парастории бибӣ, модар ва холааш ба воя мерасид. Лекин занҳо асло зидди вохўриҳои ў бо падараш набуданд. Саша зиёд ба консерватория рафта, ҳунарнамоӣ ва дарсдиҳии падарашро ба донишҷўён назора мекард.

Писари хапу шармгин бисёр мехост, ки лоақал андак ба падари пуршўру чолокаш монанд бошад. Вале ягона умумияти онҳо ин муҳаббати беандоза ба театр буд.

Дар ин байн завҷаи дуюм ҳам Сергей Петровичро аз даст дод. Боре бо модари Саша тасодуфан вохўрда, ҳунарпеша фаҳмид, ки ў ва танҳо ўро дўст медораду ба оилаи якумаш баргашт. Дертар Шурик соҳиби ду хоҳари дигар Наталя ва Татяна шуд. Бояд гуфт, ки панҷ фарзанди Сергей Петрович тамоми умр бо якдигар ниҳоят дўсту тифоқ буданд.

Саша бошад дар маҳфили театрӣ ширкат мекарду дар мактаби мусиқӣ фортепяноро аз худ менамуд. Вай мехост мисли падараш актёр шавад ва ҳатто бори навбатӣ оилаашро партофта рафтани Сергей Петрович ин азми ўро тағйир надод. Соли 1954 ба Свердловск комиссияи қабули Донишкадаи давлатии санъати театрии (ГИТИС) овозадор аз шаҳри Маскав омад. Лекин Шурик чунон аз имконияти дастдода дар ҳаяҷон буд, ки ҳунари худро ба пуррагӣ намоиш дода натавонист. Ўро қабул накарданд.

Вале баъди ин ҳамагӣ ним сол дар Донишкадаи ҳуқуқ таҳсил намуда, ҳунарпешаи оянда аз ин даргоҳ ронда шуд: вай дарк намуд, ки тамоман ҳуқуқшинос будан намехоҳад ва сўи Маскав роҳ пеш гирифт. Соли 1955 Саша пойтахтро бори аввал тасхир кард ва донишҷўи ГИТИС шуд. Падараш ҳам, қайд кардан бамаврид аст, солҳои 1920-ум дар ин донишкада таҳсил карда буд.

Омўзгори курс профессор Иосиф Раевский дар ин ҷавон истеъдоди ҳақиқиро пай бурда, ўро дар давоми таҳсилаш зиёд муҳофизат мекард. Агар сарпарастии ў намебуд, эҳтимол Шурикро барои зиёд ба дарсхо иштирок накарданаш аз ГИТИС меронданд. Вай, масалан, метавонист дар дарс «Мумкин аст, бароям?» гуфта, баромада рост ба вокзали роҳи оҳан раваду як рўз пас дар Свердловск дар назди маъшуқааш шавад. Ин гуна рафтор ба роҳбарияти ГИТИС тамоман маъқул набуд. Ва агар обрўю нуфузи Раевский намебуд, СССР метавонист актёри нотакрореро аз даст диҳад. Омўзгор аз шогирди болаёқаташ хоҳиш мекард: «Саша, ақаллан дар дарси маҳорати актёрӣ иштирок кунед…»

Александр Демяненко аллакай дар соли дуюми таҳсил нақшофариро дар кино сар кард. Коргардонҳо А.Алов ва В.Наумов ба ў нақши Митяро дар кинофилми «Бод» пешниҳод намуданд. Вай симои ҷавони оддиеро офарид, ки андому зиндагии оддӣ ва назарногир ҳам дошта бошад, ба қаҳрамонӣ қодир аст. Филми мазкур соли 1958 рўи навор омад. Сипас филми дигар — «Карйераи Дима Горин» ўро дар байни халқ боз ҳам маҳбубтар кард. Вале маҳбубияти ҳақиқӣ ҳоло дар пеш буд.

Вақте ки коргардон Леонид Гайдай барои иҷрои нақши Владик Арков дар филми мазҳакавиаш актёр мекофт, вай номзадии Виталий Соломин, Андрей Миронов, Олег Кваша, Александр Збруев ва боз бисёр ҳунарпешагони машҳури дигарро қабул накард. Ва он гоҳ касе ба ў гуфт: дар Ленинград Александр Демяненко зиндагӣ мекунад, ки барои офаридани ин нақш хеле мувофиқ аст.

Оре, Саша он вақт аллакай ҳамроҳи завҷааш дар Ленинград рўз ба сар мебурд. (Дар 21-солагиаш вай бо ҳамон духтараки свердловские, ки ба дидораш аз дарсҳо гурехта мерафт, издивоҷ намуд.) Дар Маскав ў манзилу кори доимӣ надошт, аз ин рў, ҳангоме ки ба вай ин шароитҳоро ленинградиҳо пешкаш намуданд, қабул карду зани ҷавонашро гирифта ба он ҷо кўчид.

Он вақт бошад Леонид Гайдай шахсан рафта дар Ленинград Демяненкоро ёфт ва аллакай 30 июли соли 1964 Александр бори нахуст ба майдончаи наворбардорӣ дар нақши донишҷўи андак содда, аммо дилсофу зиндадил қадам ниҳод. Барои ин лозим омад, ки мўйҳои сиёҳи Сашаро зард кунанд. Бо ин мақсад аз рангҳои ниҳоят бадсифати онвақта истифода мебурданд. Ин кор чунон зиёд такрор меёфт, ки наздикони Саша то имрўз ҳайронанд, ки ин қадар мўю пўсти сарашро азоб дода, вай чӣ хел кал нашуд.

Нақши Шурик ўро чунон машҳур намуд, ки актёр дигар дар кўчаҳо оромона гашта наметавонист. Ҳар раҳгузар ўро дида, бо хандаи хушҳолона ба наздаш меомад, то ки ба китфаш тап-тап занад ё ба айнакаш даст расонад. Александри камгапу оромтабиат, ки одобро дар зиндагӣ аз ҳама боло мегузошт, аз ин гуна рафтори мухлисонаш ба хашм меомад.

«Ман ба шумо Шурик нестам!»- ҳазорон бор тўли умраш такрор кардааст ў ба ин навъ ҳаводорони кино. Ва танҳо дар солҳои охири ҳаёташ вай муносибаташро ба ин масъала тағйир дод: «Онҳо маро дида табассум мекунанд, — мегуфт ў, — ва ман шодам, ки онҳоро андаке ҳам бошад, дар зиндагӣ хушбахттар кардан тавонистаам».

Барои Шурик дар ҳама ҷои Шўравӣ зиёфату ҳадяҳо тайёр буданд. Аммо артист Демяненко ба ин то андозае муносибати ҷиддӣ дошт, ки ҳеҷ гоҳ ҳадяҳоро қабул намекард. Боре дар шаҳри Толятти роҳбарони заводи «Жигули» ба ў ҳатто интихоб намудани мошини дилхоҳро аз ҳисоби худашон пешниҳод кардаанд, лекин ҳунарпеша қатъиян ҳадяро рад намуд, ҳарчанд касеро хафа кардан намехост.

Баъди филми «Бандии Қафқоз» дар ҳаёти Александр Демяненко давраи вазнин фаро расид. Ў дар тасаввури бинанда таҷассумгари Шурик буд ва хавфе вуҷуд дошт, ки ҳар нақшеро наофарад, дар симои ў танҳо донишҷўи зиндадилро мебинанд. Аз ин сабаб коргардонҳо ба филмҳои худ ўро хеле кам даъват мекарданд.

Бо вуҷуди ин А. Демяненко ҷамъ дар 73 филм нақш офарида, боз зиёд дар дубляжи филмҳо иштирок намудааст. Бо овози ў ситораҳои синамои ҷаҳонӣ Белмондо, Умар Шариф, Уго Тонятси, Донатас Банионис ва боз бисёр нафарони дигар аз экранҳо сухан мекарданд. А. Демьяненко пириро надид. Дар 62-солагиаш, соли 1999, чанде пас аз ҷарроҳии чашм ногаҳон дилаш аз тапидан монд. Табибон ният доштанд, ки дили ўро ҳам ҷарроҳӣ кунанд, аммо то аз рухсатии тобистона гашта омадани ҷарроҳон ў тоқат накард. Ҳунарпеша 22 август дар як рўзи хеле гарм фавтид.

Ҳазорон мухлисони синамо барои падруд бо артисти дўстдоштаашон ҳозир шуданд. Вале Шурик мухлисонашро тамоман тарк накард — то имрўз вай ба хонаҳои мухлисонаш аз кишварҳои Шўравии собиқ ва хориҷа омада, ҳаводорони нав ба навро аз миёни фарзандони онҳо дилбастаи санъати худ мегардонад.

«Муҳаббат ва оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s