АЛЛА ПУГАЧЕВА: «ДИГАР ШАВҲАР НАМЕКУНАМ»


АЛЛА ПУГАЧЕВА

АЛЛА ПУГАЧЕВА

Дар бораи зиндагии шахсии примадонна- Алла Пугачёва сару садоҳо хеле зиёданд. Аслан, гапу калочаҳо ба мардҳоро чун дастпўшак зуд-зуд иваз кардани ў тааллуқ доранд. Ба он, ки чаро Алла Пугачёва бештар ба мардони аз худаш хурд «чашм ало мекунад», бисёриҳо ҳар хел баҳо медиҳанд. Инак, навбат ба Галкин расид ва баъди чанде талоқи ўро низ хонум Пугачёва медиҳад,- мегўянд онҳо. Шояд ин сўҳбат ба бисёр паҳлўҳои норавшани зиндагии пасипардагии Алла Пугачёва рушанӣ андозад?

-Алла Борисовна, Шумо ҳоло ситораи рақами авали санъати Русия ба шумор меравед. Замони фаъолияти хешро оғоз намудан, дар бораи чунин шўҳратмандӣ орзу намудаед?

-Не, дар ин бора умуман фикр ба сарам наомада буд. Медонед, ҳатто кўшиши рўи саҳна баромадан ҳам надоштам! Лекин имрўз тавре, ки Шумо қайд намудед, ситораи рақами аввалам!

-Машҳур будан хулқу атворро тағийр медиҳад?

-Ин чиз аз худи инсон вобастагӣ дорад. Вақтҳои нав рўи саҳна омаданам хеле шармгин, одамгурез будам ва дар ҳар чиз норасоиро медидам. Имрўз ҳам рўи саҳна бароям, ҳастиямро ларза фаро мегирад. Ҳатто то ҳанўз бо одамон зуд унс гирифта наметавонам.

-Шояд ин аз мураккабии феълу атворатон бошад?

-Шахсоне, ки маро аз наздик медонанд, баръакс фикр менамоянд. Боз намедонам … Ба андешаи ман дар ҳақиқат ҳам хислатиам мураккаб аст.

-Шумо то имрўз дар саҳнаед. Оё ба ин эҳтиёҷ доред?

-Бале, охир зиндагӣ намудан лозим аст-ку! (механдад). Лекин барои ман аз ҳама муҳимаш имкони муошират бо одамон аст. Мулоқоти рў ба рў барои ман бахти бузург ва ногаҳонӣ мебошад.

-Орзуҳои Шумо?

-Ман… намедонам, шояд ба назар ғалатӣ намояд, лекин орзу дорам, ки то давраи дар ҳаёташ кори муҳимеро амалӣ сохтани набераи калониям Никита Пресняков зиндагӣ намоям. Ҳамин фикр аз чӣ сабаб бошад, дар сарам мустаҳкам ҷой гирифтааст.

-Дугонаи наздик доред?

-Ҳаст! Занҳои ҳамаи дўстонам дугонаҳои мананд. Лекин дугонаҳои ниҳоят қадрдонам аллакай тарки ин дунё намудаанд…

-Алла Борисовна, агар дар бораи ҳаёти шахсиятон бисёр менависанд…

-Ин чиз барои ман заррае аҳамият надорад. Аз ҳама муҳимаш, ба одамон таъсири бад нанамояд ҳамин кофист. Рўзе телефонам беист занг зад ва вақте гўшакро бардоштан: «Шумо зиндаед?» гуфта пурсон шуданд. «Ба Шумо ҷавоб гуфта истодаам, пас зиндаам», гуфтам. Маро маротибаҳои зиёд «мурд» гуфта овоза намудаанд… Каме сабр намоянд, дониста мегиранд! Кай фавтиданамро гуфта меравам!

-Чиро бахшида метавонеду чиро не?

-Ба бахшидани қариб ҳама чиз одат намудаам. Хиёнаткориро фаҳмиданам мумкин аст, лекин намебахшам. Дар ҳаёт чӣ рўзҳоеро аз сар нагузаронидам. Аз ҳама муҳимаш, барои шодӣ намуданро фаромўш насохтанам шукр мегўям.

-Чанд то либос доред?

-Он қадар зиёд нест. Танҳо вақти даркорӣ медўзонам.

-Занҳо ба мардҳое моил мешаванд, ки хандонда, яъне болидарўҳ сохта метавонанд… Бо шарофати ҳамин ҷиҳат муносибат миёни Шумо ва Галкин хуб аст?

-Ҳа, оё танҳо мардҳо ба ҳазл ноил мешаванд? Лекин шубҳае надорам, ки ҳар як ширинкор дар давраи хонаводааш ба шахси ниҳоят ҷиддӣ табдил меёбад. Дар ҳаёти ҳар фард муаммое буда метавонад. Галкин ҳам аблаҳ нест, ки имрўз дар он ҷо, фардо дар ҷои дигар хандида, хандонда гардад. Ҷаҳонбинии ману Галкин қариб тавъаманд. Аз ҳамин сабаб вақтамонро бештар дар якҷоягӣ мегузаронем.

-Мегўянд, ки ба наздикӣ тўйи хонадоршавиятон аст?

-Дурўғ. Ман аллакай 4 маротиба шавҳар кардам. Аз рўи қонуни дини насронӣ ба зан дафъаи 5-ум никоҳ кардан иҷозат дода намешавад. Ман, ки қонунҳои ин динро эҳтиром менамоям, нияти бори дигар хонадор шуданро надорам.

-Муҳаббат чист?

-Барои инсони дар қалбат ҷой гирифта ба ҳама чиз қодир будан.

-Бахт чист?

-Саломатӣ.

-Дар ҳаёт аз чӣ завқи ниҳоят зиёд мегиред?

-Аз муҳаббати беҳудуди мухлисонам, ҳавои хуб, муваффақиятҳои духтарам… Боз набераҳоям ҳам ба ман хурсандӣ мебахшанд. Ба ҳамаи одамон бештар насиб намудани чунин шодмониро хоҳонам!

ДАЛЕЛҲО ДАР БОРАИ АЛЛА ПУГАЧЁВА, КИ ҲАНЎЗ НАМЕДОНЕД:

Алла Пугачёва, 15 апрели соли 1949 дар шаҳри Маскав ба дунё омадааст.

Суруди аввалинаш «Робот»ро барои барномаи «С добрым утром!» соли 1965 навиштааст.

Пугачёва чор маротиба издивоҷ намудааст: Миколас Эдмундос Орбакас (соли 1969), Александр Стефанович (соли 1976), Евгений Болдин (соли 1978), Филипп Киркоров (соли 1993).

Соли 1985 унвони «Артисти Халқии РСФСР», соли 1991 унвони «Артисти Халқии СССР»-ро соҳиб гардидааст.

Алла Пугачёва соҳиби ширкати истеҳсоли либосҳо, маҷалла ва шабакаи радиоӣ аст, ки номи «Алла»-ро доранд.

Сароянда аз соли 1997 дар озмуни «Евровидение» иштирок менамояд. Лекин маротибае ғолибиятро ба даст наовардааст.

Муаллифи «Рождественские встречи» («Вохўриҳо дар мавлуди Исо») ҳам Пугачёва аст.

Пугачёва ва Киркоров бо вуҷуди аз ҳамдигар ҷудо шудан дар ҳамсоягӣ зиндагӣ менамоянд.

Дар бораи аз якдигар ҷудо шудани Киркоров ва Пугачёва маротибаи аввал сароянда Лолита тавассути барномаи худ эълон сохтааст.

“Муҳаббат ва оила»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s