ДИЛАФРӮЗ САТТОРОВА: ОШИҚОНАМ ҲАНӮЗ УМЕДВОРАНД


ДИЛАФРУЗ САТТОРОВА

ДИЛАФРУЗ САТТОРОВА

Дилафрӯз аз наттоқонест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи эҷодианд. Вай шеъру ҳикояву роман наменависад, балки барномаҳои нав ба нав месозад, ки созгори табъи ҷавонон аст. Албатта номи Дилафрӯзро бе Орзу гирифтан душвор аст, чунки дар таъсису пешбарии барномаҳои тоза ба тозаашон қариб ҳамеша онҳо якҷоя амал мекунанд. Аммо чун имрӯз дар доираи Маликаҳои ҳунар сухан меронем, барои Дилафрӯзро ёфтану сӯҳбат кардан ба ТВ «Сафина» рафтам. Милисаҳои дарбон гуфтанд, ки Дилафрӯз дар рухсатии ҳомиладорист. Ба Дилафрӯз занг зада, бо тавлиди тифл табрикаш намудам. У ваъда дод, ки ягон касро ёфта дар пеши тифлаки навзодаш мешинонаду ба вохӯрӣ мешитобад. Дилафрӯз дар гапаш истод ва мо дар бинои «Сафина» сари сӯҳбат нишастем.

-Дилафрӯзбону! Ба фикрам ҳам дар зиндагии шахсиатон ва ҳам дар фаъолиятатон навигариҳо зиёданд?

-Ба наздикӣ Худованд моро боз соҳиби як духтарчаи дигар кард. Номашро гузоштаем Диналӣ. Аз ду реша иборат аст: дин ва Алӣ. Ин номро бобою бибияш пешниҳод намуданд ва ман рад накардам. Ана ҳамин хел ном дорад дӯстрӯяки ман. Тӯли як сол аст, ки дар рухсатӣ ҳастам, вале ба ин нигоҳ накарда, кӯшиш мекунам, ки ягон лаҳза аз «Сафина» дур набошам. Зеро пайванди ману «Сафина» зич аст.

-Агар гӯем, ки Дилафрӯз ин «Сафина» асту «Сафина» ин Дилафрӯз

хато намешавад?

-На! Барои «Сафина» шудан хеле-хеле заҳмат бояд кашид. «Сафина» телевизиони хеле бузург аст. Ман шояд яке аз шохаякони он бошам.

-Шояд дили «Сафина» гуфтан беҳтар бошад?

-Диле, ки «Сафина»-ро афрӯзад ҳама вақт.

-Тифлатон чандвақта шуд?

-10 моҳа аст.

-Дар рухсатӣ зиқ нашудед?

-Одатан, хонае, ки дар он ҷо кӯдак аст, ғайбати бегона нест, барои он ки ба ғайбат кардан вақт намерасад, зеро тамоми вақт ба нигоҳубини тифлак сарф мешавад. Фақат ду-се соате, ки дар эфир баромад мекунам, кӯдакамро ба ихтиёри модар супурда меоям.

-Агар махфӣ набошад, тифлакатон ба шумо монанд аст ё…?

-Куллан ба падараш! Ягон ҷояш, ҳатто ягон тори мӯяш ба ман монанд нест.

-Дар ин гуна ҳолатҳо мегӯянд, ки шавҳар зӯр баромадааст?

-(Механдад) Шояд! Генҳои падарӣ зӯртар баромаданд.

-10 моҳа, ки бошад, якто нимто гапгӯяк шудагист?

-Бале!

-Аввалин калимааш чӣ буд?

-Дада!!!

-Боз ҳам генҳои падарӣ?

-Бале!

-Бо падараш чи гуна шинос шуда будед?

-Кору фаъолияти падараш дар шаҳри Москва аст. Маро тавассути моҳвора аз «Сафина» ёфта, ба гуфти худашон ошиқ шудаанду барои ба даст овардани дили ман ба Душанбе омаданд.

-Дар ин ҷо ҳам буданд ҷавононе, ки мехостанд дили Дилафрӯзро ба даст оранд?

-Хеле зиёд буданд чунинҳо, вале натавонистанд.

-Аз Маскав омада чи хел дилатонро ба даст гирифтанд?

-Намедонам, вақте мепурсам, ҷавоб медиҳанд, ки «Ин сирри ман аст».

-Худатон дар хотир доштагистед, ки чи гуна бори аввал бо ӯ вохӯрдед?

-Қабл аз он ки мо бо ҳам вохӯрдем, тӯли қариб як моҳ вақте аз «Сафина» мебаромадем, дарбонҳо ба ман як дастагӣ гулҳои сурхи садбаргро медоданд. Субҳгоҳон, вақти ба кор омадан низ чунон дастагули калони садбаргҳои сурхро медоданд. Ман аллакай ба чунин гулгирӣ одат карда будам ва агар саҳаре меомадам, ки дастагул нест, ҳатман боварӣ доштам, ки бегоҳӣ онро мегирам.

-Хатчае набуд дар дохилаш?

ДИЛАФРУЗ САТТОРОВА

ДИЛАФРУЗ САТТОРОВА

-На. Дар ҳайрат мешудам, ки ин кори кӣ бошад. Қаблан ҳам буданд касоне, ки ба ман гул ҳадя мекарданд, то диламро ба даст оранд, аммо онҳо як ё ду маротиба гул дода ноумед шуда мерафтанд. Аммо ин кас як моҳ ҳар рӯз дастаи калони гулҳо меоварданду аз худ дарак намедоданд. Баъдан, маро барои барандагӣ ба маҳфиле даъват карданд. Аз кор баромада ба мошине, ки бароям омада буд, нишастаму ба тӯй рафтам. Баъди тӯй он мошин маро ба хона овард. Сипас пурсид, ки «мумкин аст телефони шуморо гирифтан?», «Не, -гуфтам-мумкин нест». Гуфт, ки як тӯй доранду баранда зарур. «Тӯй бошад, майлаш!»-гуфта телефонамро додам. Пас аз як ҳафта боз маъракае буду боз ҳамон одам занг зада, маро ба он ҷо бурд. Баъд гуфтанд, ки агар ягон вақт ба ман мошин даркор шавад, метавонам занг занам.

-Ин ҳамон марди гултӯҳфакунанда будааст?

-Бале, худи худаш. Аммо аз тӯй ба тӯй бурда худро ошкор намекарданд!

-Сенарияи филмҳои ҳиндӣ барин.

-Бале!

-Аввалин изҳори муҳаббаташ?

-Аввалин изҳори муҳаббаташ тариқи SMS буд. Пурсидам, ки чаро тавассути SMS? Гуфт: «Вақто туро мебинам, маро ҳаяҷон пахш мекунаду суханҳоямро фаромӯш мекунам».

-Ифодаи ишқ бо кадом забон буд?

-Бо забони модарӣ. Ҳамсари ман медонад, ки ман ошиқи забони модариам, аз ин рӯ, SMS-ро бо забони модарӣ фиристод.

-Буданд ҷавононе, ки пеш аз SMS-и шавҳаратон изҳори муҳаббат карда бошанд?

-Буданд ва баъди хонадор шуданам ҳам аз ман даст намекашанд. Онҳо ҳанӯз ба умед ҳастанд, ки ягон тақозое мешаваду ман танҳо мемонам. Худо накунад аз он рӯз! Ман аз ҳамсарам хеле ва хеле розӣ ҳастам. Шукронаи Худованд мекунам, ки маро бо чунин мард рӯ ба рӯ кард.

ӣ касбе доранд?

-Тоҷир асту дар Маскав фаъолият дорад.

-Маълум мешавад, ки шумо шавҳаратонро сахт дӯст медоред. Хуб, дар ҷавоби тӯҳфаҳои шавҳар шумо чӣ ҳадя мекунед?

-Тӯҳфа карданро дӯст медорам. На танҳо ба шавҳарам, инчунин ба наздиконам, пайвандонам, ба ҳамкоронам. Тӯҳфа кардан ба ман илҳом мебахшад. Дар оилаи мо мусобиқа аст, ки кӣ бештар тӯҳфа мекунад.

-Ин қадар тӯҳфаро аз куҷо меёбед?

-Оддитарин сухан ҳам тӯҳфа аст. Дар шишаи тиреза навиштаеро бо изҳори муҳаббат часпондан ҳам тӯҳфа аст.

-Аз кадом тӯҳфа ба ваҷд меояд?

-Аз хӯроки бомазза, сухани ширин!

ӯроки бомазза ҳам тӯҳфа?

-Бале!

-Ин тавр бошад, мо ҳар рӯз аз оилаамон тӯҳфа мегирифтаем.

-Ёфтани дили мард тавассути хӯроки бомазза, сирри хушбахтист.

-Шумо бо Орзу ба мухлисон чӣ барномаи наверо тӯҳфа карда истодаед?

-Айни ҳол барномаи ҷадиде тарҳрезӣ шуда истодааст. Насиб бошад, пеш аз соли нави мелодӣ ба мухлисон пешкаш мешавад.

-Аз миёни духтарони санъаткору дигар соҳаи ҳунар киро «Маликаи ҳунар» медонед?

-Ҳар як бонуе, ки рӯи саҳна меояд, аллакай маликаи ҳунар аст.

-Таманноятон ба мухлисон?

-Мухлиси имрӯза закӣ аст ва мехоҳам, ки ҳамин заковатмандиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳад. Ҷонибдори ҳунари волою асил бошанд.

-Муваффақ бошед!

Убайдуллоҳи Ширин, «Оила»

Реклама

4 comments on “ДИЛАФРӮЗ САТТОРОВА: ОШИҚОНАМ ҲАНӮЗ УМЕДВОРАНД

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s